Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбад.

Мувофиқи моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Инчунин, тибқи моддаи 39 ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.

Ҳамин тариқ, ҳамаи кафолатҳои зикршуда тавассути системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ карда мешаванд. Заминаи кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ стандартҳои ҳадди ақали иҷтимоӣ мебошанд, яъне сатҳи ҳадди аққали кафолатҳои иҷтимоӣ, ки тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо қарори мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ барои муддати муайян муқаррар шудаанд, тавассути меъёрҳо ва стандартҳои иҷтимоӣ, ки эҳтиёҷоти муҳимми инсонро ба молҳои моддӣ, хидматҳои ҷамъиятӣ ва ройгон таъмин мекунанд, муайян карда мешаванд.

Ҳифзи иҷтимоӣ системаи муносибатҳои тақсимотӣ мебошад, ки дар ҷараёни он аз ҳисоби қисми даромади миллии маблағҳои давлатӣ маблағ барои дастгирии моддӣ ва хидматрасонии шаҳрвандон ташаккул ва истифода мешаванд; ин ғамхории давлат барои шахсе мебошад, ки қобилияти кории худро пурра ё қисман аз даст додааст; фаъолияти давлат дар самти татбиқи ҳадафҳо ва афзалиятҳои сиёсати иҷтимоӣ, татбиқи маҷмӯи кафолатҳои иқтисодии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ки кафолат медиҳанд, ки ҳар як узви ҷомеа ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сатҳи муносиби ҳаётро дарк кунад.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ фаъолияти амалиявӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ масъалаи афзалиятҳои иҷтимоӣ, яъне вазифаҳои иҷтимоие, ки ҷомеа дар ин марҳалаи рушди онро эътироф мекунад, муҳимтарин ва таъхирнопазир мебошанд ва зарурат ба миён меояд, ки ҳалли афзалиятнокро тақозо кунанд. Ҳамзамон, бояд на танҳо нигоҳдорӣ, балки инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣ, моҳирона манфиатҳои табақаҳои мухталифи аҳолӣ, инчунин, иттиҳодияҳо ва гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ҳамоҳанг карда шаванд.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби қонунҳои иҷтимоии Тоҷикистон ҳамчун системаи кафолатҳои ҳуқуқӣ ва чораҳои муҳофизатӣ, ки аъзои ҷомеаро аз таназзули иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҷисмонӣ муҳофизат мекунанд, баррасӣ карда мешавад. Он ҳамчун раванди таъмини мақомоти давлатӣ бо кафолатҳо ва ҳуқуқҳои мавҷудаи шахс, эҳтиёҷот ва манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ–сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар амал, ҳифзи иҷтимоӣ ин маҷмӯи кафолатҳои ҳуқуқии иқтисодӣ ва иҷтимоие мебошад, ки дар қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи давлатӣ ва амалӣ тасдиқ шудаанд.

Ҳамзамон, ҳифзи иҷтимоӣ инчунин, раванди таъмини давлат ё дигар мақомоти давлатӣ бо кафолат ва ҳуқуқҳои дар ҷомеа мавҷудбуда, ки инсон, эҳтиёҷот ва манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, иҷтимоӣ дар тамоми соҳаҳои ҷомеаро ҳимоя мекунанд, амал мекунад. Дар амали худ он ба ҳама узви ҷомеа дахл дорад, аммо зуҳуроти функсионалӣ нисбат ба гурӯҳҳои гуногун яксон нест.

Воситаҳои ҳифзи иҷтимоӣ инҳоянд:

– маҳдудиятҳои танзимкунанда, ки ба оқибатҳои механизмҳои бозор ба сатҳи иҷтимоӣ хавфнок роҳ намедиҳанд. Барои ин, давлат сатҳи ҳадди ақали музди меҳнатро ба танзим дароварда, меъёри ҳадди ақали имконпазири андозро кафолат медиҳад, ҳадди ақали таҳсилоти ройгон ва хизматрасонии тиббиро кафолат медиҳад;

– системаи ҳавасмандгардонии иҷтимоӣ дар шакли имтиёзҳо, кӯмаки молиявӣ, пардохтҳо, хизматрасониҳои ройгони ё қисман пардохтшаванда ва ҳавасмандгардонии хайрхоҳон.

– бо дар назардошти натиҷаҳои таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иҷтимоию иқтисодии гуруҳҳои аҳолии ниёзманд;

– ташкили таъминоти нафақаи шаҳрвандон, аз ҷумла ташкили системаи ғайридавлатии нафақа;

– таҳия намудани тадбирҳо доир ба пешниҳоди хизматрасонии моддӣ ва маишӣ ба маъюбон ва дигар шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд;

– ташкили системаи суроғавӣ (кумакхои унвонии иҷтимоӣ), системаи дифференсиалии дастгирӣ дар асоси давлатӣ ва хайрия;

– ташкил ва татбиқи шаклҳо ва намудҳои нави кумаки моддӣ, кумаки башардӯстона, техникӣ, таъҷилӣ.

Сохтори мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз унсурҳои зерин иборат аст:

– давлат дар шахсияти намояндагиҳояш дар маҳал (мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ) амал мекунанд. Онҳо мафҳуми умумиро ташаккул медиҳанд, самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ, стратегия, тактикаи онро муайян мекунанд, заминаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқиро таъмин мекунанд ва дар маҳалҳо муқаррароти мушаххасро татбиқ мекунанд.

– Сохтори рушдёфтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ (иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, корхонаҳо, ширкатҳо).

– Дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, фаъолиятҳои иҷтимоии дар доираи корхонаҳо ва ширкатҳо ҷойдошта аҳамияти калон доранд; фаъолияти иттиҳодияҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои хайрия ва ихтиёрӣ. Онҳо сиёсати иҷтимоиро дар доираи нисбатан маҳдуди салоҳияташон иҷро мекунанд. Идоракунии системаи давлатии ҳифзи иҷтимоӣ аз сатҳи иҷрои он вобаста аст.

Барои идоракунии назорат ва системаи ягонаи мақомоти иҷроия дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ таъсис дода шудааст, ки онро мақомоти идоракунии ҳифзи иҷтимоӣ ва корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, мақомоти ҳудудии онҳо ташкил медиҳанд.

Ҳадафи муҳим дар соҳаи такмили ин система ба роҳ мондани ҳамкории мӯътадил ва муназзам байни тамоми сатҳҳо ва муассисаҳои инфрасохтори иҷтимоӣ мебошад, ки фаъолияти онро таъмин мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии ситемаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тааллуқ дорад, вале таъмини баъзе аз имтиёзҳо аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва сиёсати нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дар бисёри ҳолат дар байни ин сохторҳои кори муташакилона ва ҳамкорӣ дида намешавад.

Идораи низоми суғуртаи иҷтимоӣ бо воситаи фондҳо (нафақа, фонди суғуртаи иҷтимоӣ ва Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ) амалӣ карда мешавад, вале Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил карда шудааст. Яъне дар ҳамин ҷо низ якдигарфаҳмии байни сохторҳои ҳукумат вуҷуд надорад. Фондҳо мутамамрказ нестанд. Аз ин рӯ, бисёр камбудиҳо ба вуҷуд меоянд.

Чӣ хеле, ки дар боло қайд карда гузаштем, ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.

Акнун якчанд сухан дар бораи амалия:

Дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.01.2020 шумораи нафақагирон – 711222 нафарро ташкил дода, андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ – 303,00 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ –363,17 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи суғуртавӣ –271,71 сомонӣ ва андозаи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ –169,70 сомонӣ мебошад.

Дар ин муддат ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 687,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 37,1 млн.сомонӣ ё 5,7 дарсад зиёд мебошад. Қисми хароҷотии буҷет бошад, 672,6 млн.сомониро ташкил намуд. Барои пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷот дар корхонаву ташкилотҳо аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ 661,6 млн.сомонӣ равона гардидааст.

Теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2020 ба 715429 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22918 нафар ё 3,3 фоиз ва нисбат ба 1 январи соли 2020 бошад, 4207 нафар ё 0,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Барои хизматрасонӣ ба нафақагирон, ба Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» 5,2 млн. сомонӣ пардохт карда шудааст.

Аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем».

Айни замон дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1189 нафар бошандагон (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 нафар зиёд) аз ҷумла 669 нафар мард, 520 нафар зан ва аз инҳо 106 нафараш кӯдакони маъюб мебошанд. Аз ин шумора маъюбони гурӯҳи якум – 264 нафар, маъюбони гурӯҳи дуюм – 553 нафар, маъюбони гурӯҳи сеюм – 8 нафар мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ 73 нафар ба муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қабул гардида, 35 нафар вафот кардааст. Бояд қайд намуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои будубоши доимии соҳа 18 нафар ятими кул, 40 нафар нимятим ва аз оилаҳои камбизоат 70 нафар дар таъминоти давлатӣ қарор доранд.

Дар ҳамин давраи соли 2019 дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1172 нафар бошандагон, аз ҷумла 589 нафар мард, 468 нафар зан ва аз инҳо 115 нафараш кӯдакони маъюб будубоши доимӣ доштанд. Аз ин шумора маъюбони гурӯҳи якум – 263 нафар, маъюбони гурӯҳи дуюм – 544 нафар, маъюбони гурӯҳи сеюм – 11 нафарро ташкил медод. Дар ин давра 144 нафар қабул шуда, 30 нафар аз муассиаҳои будубоши доимӣ вафот карда буд.

Ҳамзамон, дар доираи муқаррароти моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои якум ва дуюми моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар давраи ҳисоботӣ 83 нафар бошандаи муассисаҳои будубоши доимӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон ба муҳити оилавӣ баргардонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 нафар зиёд мебошад. Ба бошандагони ин муассисаҳо 727 нафар кормандон хизмат мерасонанд.

Мавриди қайд аст, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-983 бо мақсади ба низом даровардани раванди кумакрасонии хайрия вазорату идораҳо ба муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста карда шудаанд. Дар натиҷа, дар давраи ҳисоботӣ ба муассисаҳои давлатии хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон ва беморони руҳӣ аз ҷониби сарпарастон ба маблағи 367649 сомонӣ, аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони саховатпеша, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба маблағи 1219494 сомонӣ ва дар маҷмӯъ, 1587143 сомонӣ кумакҳои хайриявӣ ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 296 877,1 сомонӣ зиёд мебошад.

Таззакур бояд дод, ки фаъолияти муассисаҳои давлатии хона – интернатҳо бобати дар сатҳи зарурӣ расонидани хизматҳои иҷтимоию тиббӣ ба бошандагон таҳти назорати давлат ва Сарвари он қарор доранд.

Бо ҳамин тариқ, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти иҷтимоии кишвар мебошад, ки дар ин самт сохтори дахлдори давлатӣ тадбирҳои заруриро мунтазам амалӣ менамояд.

 

Ҷаҳонгир Муродов, мутахасси пешбари

Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти ҶТ

Чоп кунед