Дар шароити муосир давлатҳои миллӣ барои устувор намудани пояҳои давлатдориву рушди минбаъда, инчунин ҳифзи истиқлоли сиёсиву таъмини низоми амниятӣ миллӣ ба нерую тавоноии мушаххасе ниёз доранд. Дар шароити ҳассос, ки ҷаҳонро ҳама рӯза бозиҳои геосиёсиву геостратегӣ фаро гирифтааст таҳдидҳои навине дар самти таъмини амнияти миллӣ ба назар мерасад. Аз ин лиҳоз, дар ҳама давру замон давлатҳо ба қишри ҷавони хеш диққати махсус равона месозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ аз замони расидан ба истиқлоли сиёсӣ ба табақаи мазкур диққати махсус зоҳир намуда, қишри мазкур дар меҳвари сиёсати имрӯзаи ҳукумат қарор дорад. Имрӯз такя намудан ба нерую тавоноӣ ва сармояи ақлонии ҷавонон тақозои замон гардидааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷавонони имрӯза меросбар ва насли  давомдиҳандаи имрӯзу фардои ҳар давлату миллат ба ҳисоб мераванд.

Омори расмӣ нишон медиҳад, ки 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то синну соли си сола ташкил менамоянд. Аз ин рӯ, гуфтан зарур аст, ки қишри мазкур қувваи асосии гардонандаи чархи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи махсус равона сохтан ба табақаи мазкур решаҳои таърихӣ дошта, ҳанӯз аз замонҳои дунёи қадим ба ҷавонони аз лиҳози ҷисмонӣ неруманд аҳаммияти хосса зоҳир мегардид. Аммо, инқилобҳои олами технология ва бо суръати беандоза рушд кардани истеҳсоли силоҳҳои муосири кимиёӣ ба ин самт дигаргуниҳоеро ворид намуд. Дар шароити муосир, ки асри техникаву технологияи муосир ном дорад, асосан ба неруи ақлонӣ ва зеҳнии ҷавонон мароқ зоҳир мегардад. Имрӯз ҷавонони аз лиҳози зеҳнӣ тавоно ба қувваи шикастнопазир табдил ёфта, нишондиҳандаи асосии имиҷи сиёсии давлатҳои муқтадир дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Маҳз ҷавонони тавлидкунандаи ғояву назарияҳои нави илмӣ ва неруи созандаву бунёдкоронаи онҳо метавонад омили асосии пешрафти соҳаҳои ҷомеа гардад.

Воқеан қишри ҷавон дар қатори қувваи тавонои ҷомеа будани хеш, инчунин, қишри осебпазири ҷомеа низ ба ҳисоб меравад, зеро таҳлилҳои чанд соли охир нишон медиҳанд, ки дар ҳама кишварҳои гирифтори даргириву нооромиҳо, махсусан ҷавонони онҳо, ҳадафи асосии гурӯҳу кишварҳои манфиатхоҳ қарор гирифтаанд. Даргириҳои охири баъзе кишварҳо исботкунандаи гуфтаҳои боло аст. Чунин воқеаҳои номатлуб давлатҳои миллиро ҳушдор медиҳад, ки дар самти таъмини амният ва нақши ҷавонон дар ин самт аҳамияти хоса зоҳир намоянд.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои радикаливу террористӣ бо истифода аз интернету фазои маҷозӣ, ки сарҳади муайян надорад, ба як неруи таъсиргузори манфӣ табдил ёфта, бо истифода аз камбудиҳои ақливу зеҳнӣ, нозукиҳои динӣ ва мушкилоти иқтисодӣ ба идеологияи ҷавонон таъсир расонида, онҳоро дар амалҳои ғайриинсонӣ истифода менамоянд. Рушди технологияи муосири иттилоотӣ ба онҳо имкон додааст, тавассути мағзшӯйӣ ҷавонони содалавҳро ҷалб намуда ба ҳадафҳои нопоки хеш даст ёбанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, авҷгирии бозиҳои геосиёӣ инчунин, тарҳрезии сенарияҳои ҷадиди абарқудратон вазъи амниятии сайёра ба мушкилиҳои нав ба нав мувоҷеҳ гардида истодааст. Ҳатто кишварҳои аз лиҳози технологияи муосири сиёсиву иттилоотии пешрафта наметавонанд амниятии иттилоотии хешро ба пуррагӣ таъмин ва ҳифз намоянд. Имрӯз бахши итттилоот ва манбаъҳои иттилоърасон бениҳоят муассир ба назар мерасанд. Он метавонад дар ду самт хизмат намояд, яке боиси пешрафти ҷомеа гардад ва аз ҷониби дигар, метавонад ҷомеаи осоиштаро ба гирдоби даргириҳо кашад. Аз ин рӯ, таҳти назорат гирифтани фаъолияти сомонаҳои иҷтимоии Facebook, Тwitter, Тelegram махсусан Instagram, ки шумораи зиёди истифодабаранда доранд, метавонад дар ин самт таъсири ҷиддӣ расонад. Инқилоби соҳаи технология ба инсоният имкон дод, ки то андозае ба зиндагии хуб даст ёбад, аммо ин дастёбӣ дар пай мушкилиҳои ҷадидеро ба бор овард. Дастрасии умумӣ ба таҷҳизоти муосир, аз қабили телефонҳои мобилӣ планшету компютерҳои замонавӣ ва истифодаи бесамаронаии он метавонад ҷомеаро ба мушкилот мувоҷеҳ созад. Имрӯз дилхоҳ ҷавон бо истифода аз телефони мобилии хеш метавонад ба сомонаву шабакаҳои иҷтимоии ифротиву террористӣ, воқеиву фейкӣ, инчунин, порнографиву ғайриахлоқӣ ворид гардад, ки он бевосита ба идеологияву ахлоқи ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Пас дар ин ҳолат чӣ бояд кард?

Ҳолати мазкур тақозо менамояд, ки табақаи масъулиятноки ҷомеа, яъне волидайн дар самти таълиму тарбия ва таҳти назорат қарор додани ҳар амалу рафтори фарзандони хеш аз ҳарвақта дида бештар фаъол бошанд. Албатта, дар ин самт мо технологияи муосирро айбдор карда наметавонем, зеро он танҳо истифодашаванда аст, дар кадом роҳ истифода бурдани он аз истифодабанранда вобаста аст. Аз ҷониби дигар он иҷроиши кор ва фаъолияти инсонро тезонида, осон намудааст. Боиси таассуф аст, ки баъзан падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандони хеш дар ин шароити ҳассоси низоъҳои фарҳангиву идеологӣ бемасъулиятиро ихтиёр кардаанд.  Имрӯзҳо дилхоҳ ҷавон ба телефонҳои мобилии муосири гаронарзиш дастрасӣ доранд, аммо рӯй овардан ба китобхонаву китобхонӣ дар қисме кам ба назар мерасад. Мушкилоти дигар ин тарзи ба бар намудани сару либос аст, ки яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз ба ҳисоб рафта  ба ҳолати буҳронӣ мувоҷеҳ гардидааст. Аксар ҷавонписарон ва ҷавондухтарони мо бо тақлид аз фарҳанги бегона ба пӯшидани сарулибосҳое пардохтаанд, ки тамоман хилофи фарҳанги либоспушии миллати мост. Бархурди фарҳангӣ имрӯзҳо ба яке аз масъалаҳои печидаи рӯз табдил ёфтааст, зеро аксар кишварҳо тавассути он ҷомеаҳои дигарро ба худ мутеъ месозанд. Дар ин замина хуб мешуд, ки садди роҳи ин ҳама тақлидкориву пайравӣ гирифта шавад, зеро он метавонад дар оянда ба яке аз неруҳои тавонои таҳдидкунанда ба фарҳанги миллӣ гардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди мушкилоти замони муосир нисбат ба қишри ҷавони кишвар ҳама чораҳои зарурии мавҷударо барои боз ҳам боло бурдани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа истифода бурда истодааст. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид. Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон доир ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.

Ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷавонони болаёқату бомалака барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои дохиливу хориҷӣ ба таҳсили илм фаро гирифта мешванд. Бояд зикр намуд, ки имрӯз бо сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишвар дар ҳама зинаҳои давлатдорӣ фаъолияти назаррас ва густардае анҷом медиҳанд. Давоми се сол аст, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар дар саросари ҷумҳурӣ озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардида истодааст, ки аз ҳавасмандкунии ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба қишри ҷавони он гувоҳӣ медиҳад. Бо гузаштан ба низоми саноативу хуб ба роҳ мондани раванди истеҳсолот дар кишвар, Ҳукумати Тоҷикистон  баҳри боло бурдани низоми иқтисодиву беҳтар сохтани вазъи иҷтимоии аҳолӣ стратегияи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар”-ро қабул намуд, ки он бо як суръути баланд амалӣ гардида истодааст. Бо мақсади амалисозии ҳадафи стретегии чоруми кишвар «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад. Бовар дорем, ки ҷавонони риштаҳои иқтисод, саноат, физика ва  химия, бо дарки баланд аз ғамхории давлату ҳукумат дар амалишавии стратегияи мазкур саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Хулоса, ҷавонони даврони Истиқлол аз ҷавонони солҳои пештара бо дарку масъулияти баланди худшиносӣ, савияи илму дониш, маърифати ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва неруи ҷисмониву ақлонӣ ба таври куллӣ фарқ мекунанд. Сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ва роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати некбинона ва ҷавонпарваронае мебошад, ки омили асосии муттаҳидшавии ҷавонон ва ба қувваи шикастнопазир табдил ёфтани онҳо гардидааст. Бояд қайд намуд, ки ба ғайр аз худи мо ҳеҷ миллате дар фикри беҳтаршавии давлати нест, танҳо мо метавонем омолу ормонҳои сокинони хешро амалӣ созем. Фазои сулҳу субот ва осоиштагии имрӯза ташаббус ва роҳбарии Пешвои миллату заҳмати шабонарӯзии якчанд фарзандони фарзонаи миллат аст.

Ин аст қаҳрамонӣ, ин аст дастоварди шикастнопазир, ки таърих фаромуш нахоҳад кард. Мо ҷавонон бояд ҳамеша ҳамфикру пайрави пешвои хеш бошем зеро ҳамфикрӣ, пайравиву иттиҳодии мо иқтидори шикастнопазир аст.

Шодбахт Сабуров,

корманди Маркази тадқиқоти стратегии анзди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед