ДУШАНБЕ, 01.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеояд, ки аҳли башар бояд сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо танҳо як замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем. Бо назардошти ин гуфтаҳо Тоҷикистон бояд дар низоми нави ташаккулёбандаи муносибатҳо мавқеи ба худ муносибро ишғол намояд. Зеро Тоҷикистон ҳам аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ ва ҳам аз лиҳози геополитикӣ дар чорсӯи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва низоми мухталифи сиёсию идеологӣ қарор дорад. Чунин иброз намудааст коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мақолааш дар робита ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ.

— Гуфтани ҳарфи аввал дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳунари ҳар кас нест. Парчамафрозию сулҳу ваҳдату суботу амнияти як давлатро таъмин намудан низ кори басе сангин аст. Дар бунёди давлатҳо ва ба ваҳдат овардани миллат давлатмардон ва ҷавонмардони бофутувват заруранд. Чунинҳо давоми таърихи башар камшуморанд. Хушбахт аст халқе ва устувор аст давлате, ки чунин давлатмардону ҷавонмардони бофутувват дорад. Пас, мо, тоҷикон миллати хушбахт будаем, ки чун Эмомалӣ Раҳмон Президент, давлатмард ва ҷавонмарди бофутувват дорем.

Бо эътимод гуфта метавонем, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» афзори муҳими давлатдорӣ аст. Шояд на ҳама шаҳрвандон донанд, ки вазифа ва нишондодҳои Паём барои ҳокимияти иҷроия ҳатмӣ буда, барои ҳокимияти қонунгузор эътибори тавсиявӣ доранд.

Дар арафаи соли нав ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи мамлакат Паём пешниҳод намудан яке аз рукнҳои давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Мустақилона муайян гаштани манфиатҳои миллии мамлакат ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ҳақиқатан тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои деринаи мардуми тоҷик аст.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо навиди нек ва боварибахш дар бораи идомаи қадамҳои пойдор ва рушди устувори мамлакат дар шароити нави ҷаҳонӣ оғоз меёбад. Пешвои миллат дар нахустҷумлаи худ мефармоянд, ки «…нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем». Чунин руҳияи боварию эътимод саросари Паёмро фаро гирифта, гувоҳи дурустии роҳи пешгирифтаи Роҳбарияти олии мамлакат дар мазмуни таҳлилию дурбинонаи Паём ба таври боэътимод ва равшан ифода ёфтааст.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, дар низоми сиёсии давлатдорӣ анъанаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва самтнамои ҳаракати устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи рушду амну осоиш мебошад.

Ҷаҳони муосир пур аз таззодҳо аст ва муборизаҳо барои дарёфти манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ шадидтар мегарданд. Дар ин вазъият зарур аст, ки масъалаи баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ, ватандӯстию садоқат ба давлату миллат дар меҳвари диққати ҳама ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошта бошад.

Имрӯзҳо вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳон ба таври бесобиқа мураккаб боқӣ мемонад. Дар ин вазъи тезутанд бархӯрди тамаддуну фарҳангҳо, тарғиби арзишҳои бегона, талабот ба тарбияи ватандӯстӣ дучанду сечанд меафзояд. Бо фаҳми бисёр жарфи вазъият ва дарки масъулият дар оғози Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин иброз гардид: «… моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».

Ватандӯстӣ падидаи сиёсию иҷтимоӣ аст, вобаста ба моҳияти равандҳои муҳими ҷаҳонӣ онро бояд бо мазмунҳои нав ғанӣ гардонида, ба шароити имрӯза мутобиқ намуд. Дар ин раванд фарҳанги сиёсии шаҳрвандон низ бояд мутобиқ бо мазмуну муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ куллан тағйир дода шавад. Муҳим аст, ки урфу одат, расму оин ва тафаккури замони гузаштаро, ки монеи рушду такомули шахс ва ҷомеа мегарданд, бо тафаккури ҷавобгӯ ба талаботи рӯз иваз намоем.

Арзиши мафҳуми ватандӯстӣ барои тоҷикон эҳсоси ирсӣ, меросӣ, таҷрибавӣ ва ҳам таърихӣ аст. Ватани дониш китоб аст, бахусус ватани арзишҳои ватандӯстию инсонпарварӣ. Ватандӯстӣ таҷрибаи зиндагии наслҳову миллатҳо аст, ки дар ёди таърихӣ, китобнавиштаҳо ва дар эҷодиёти шифоҳии халқ барои ояндагон ба мерос мегузарад. Ин мерос гаронбаҳо аст, зеро воситаи ҳифзи ватану истиқлолияти он аст. Ин таҷрибаи зиндагӣ аз фард ба фарзандон аз фарзандон ба авлод, аз авлод ба наслҳо ва аз наслҳо ба миллат ба мерос мегузарад ва он яке аз арзишҳои миллӣ аст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакат дар шароити нави байналмилалӣ таҳлили амиқи илмӣ ёфтаанд. Чунин масъалагузорӣ нишони он аст, ки роҳбарияти олии Тоҷикистон нисбат ба моҳияти равандҳои байналмилалӣ шинохти дақиқ дошта, нисбат ба онҳо бетафовут нест. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа хатарзо буда, муносибати масъулиятшиносона тақозо менамояд. Ҳоло дар ҷаҳон раванди бартариҷӯйӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани марҳилаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст. Дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромию низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиду хатарҳои нав эҷод мекунанд. Торафт доман паҳн намудани ҷуғрофияи нооромиҳо, таҳдиду хатарҳои глобалӣ ба асосҳои бунёдии низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибати байналмилалӣ таъсир мегузорад. Давом ёфтани чунин раванд метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар олам гардад. Дар бораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 сухан ронда, баъди таҳлили амиқи равандҳои ҷаҳони имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла чунин мегӯянд: « … моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем. Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд». Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хориҷии «дарҳои боз» бо ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа талош меварзад.

Маъмулан паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳлили ҳаматарафаи сиёсати хориҷии мамлакат, тавозуни геополитикии ҷаҳон, низоми арзишҳою ормонҳоро фарогир мебошанд. Зимни он нигоҳи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба рӯйдодҳои байналмилалӣ, мавқеи ҷумҳурӣ нисбат ба онҳо, муносибат ба созмонҳою кишварҳо муайян мегардад ва ин нишони санади дорои аҳамияти дипломатӣ будани Паём мебошад.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд. Чӣ дар назарияи сиёсатшиносӣ ва чӣ дар амалияи давлатдорӣ Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлат саҳм гузорад. Беҳуда нест, ки аз байни суханрониҳои гуногуни Роҳбари давлат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми муҳим дошта, ба рушди ҳамасамтаи давлат таъсири бевоситаи мусбат мерасонад.

Анъанаи паёмгузорӣ мақоми ҳуқуқиро соҳиб буда, дар моддаи 70 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Президент «… дар бораи вазъи мамлакат ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад…». Бо эътимод гуфта метавонем, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ абзори муҳими давлатдорӣ аст. Шояд на ҳама шаҳрвандон донанд, ки вазифагузорӣ ва нишондиҳандаҳои Паём барои ҳокимияти иҷроия ҳатмӣ буда, барои ҳокимияти қонунгузор эътибори тавсиявӣ доранд.

Таҷрибаи давлатдорӣ собит намудааст, ки барои ташаккули давлат ва самаранок давлатдорӣ намудан паёмҳои роҳбарон дорои аҳамияти муҳим мебошанд. Имрӯз дар ҷаҳон роҳбарони давлатҳо ҳамасола паём пешниҳод менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳуҷҷати муҳими дорои аҳамияти стратегӣ ба таъмини рушди устувори мамлакат мусоидат менамояд. Вақте ки паёмҳои Президенти мамлакатро бо назари таҳқиқ мехонед, таваҷҷуҳ ва самимияти хосса ба рушду бақои давлату миллатро эҳсос менамоед.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили печидаи ҷаҳони муосир нақши созанда ва саҳми шоиста гузошта, ба афзудани обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамоянд. Паёмҳо далели онанд, ки дастуру супоришҳо ва талошҳои Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои ҷумҳурӣ равона гардида, чун таҳкимбахши иқтидори сиёсӣ – иқтисодии мамлакат, барои таъмини шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон нақши басе муҳим мебозанд. Бешубҳа, ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки тамоми қувваю ғайрати хешро ба амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳое, ки аз паёмҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, равона намуда, барои ободию шукуфоии Тоҷикистон, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва таҳкими давлатдории миллӣ саъй намуда, сулҳу амнияти Ватанамонро таҳким бахшад.

Тавре ки аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун мебошад.

Имрӯзҳо андозаву миқёси хатарҳои бузурги умумибашарӣ ба ҷойи кам шудан бештар меафзояд. Ин хатарҳо ба афзоиш ёфтани истеҳсол ва ихтирои яроқи ядроӣ ва дигар воситаҳои қатли ом – таҷҳизоти радиоактивӣ, биологӣ, химиявӣ, хатари афзудани муноқишаҳои минтақавӣ дар заминаи ихтилофоти динию мазҳабӣ, зиддияти қавмию нажодӣ, тамоюлҳои идеологӣ, талошҳои ошкору ниҳон барои ба даст овардани захираҳои сӯзишворию ашёи хом ва тақсимоти нави бозори ҷаҳонӣ, мавқеи устувори минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ пайдо кардани терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи яроқ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, унсурҳои нави хатари умумибашарӣ дар заминаи дастовардҳои навтарини соҳаи компютерӣ ва технологияи алоқаву коммуникатсия рабт доранд.

Ҳадафҳои ҷаҳонгирӣ ва кишваркушоиҳои абарқудратҳои имрӯза бештар зери ниқоби кумакҳои молиявӣ, ёриҳои башардӯстона, маблағгузорӣ барои сохтмони инфрасохторҳои иқтисодӣ амалӣ мешаванд. Абарқудратҳо хеле устокорона дар қитъаҳои Осиё, Африқо ва Аврупо давлатҳоро ба доираи бозиҳои ғаразнок кашида, раванди муътадили ҳаётро барҳам мезананд.

Вазъи печидаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба вазъи давлатҳои алоҳида бетаъсир нест. Ин вазъияти печида тавъам ба хатарҳо аст. Хатар ба давлату миллат- хатар ба ҳар шаҳрванд ва ба ҳар яки мо аст. Аз ин рӯ, замоне фаро расидааст, ки таҳдидҳои сиёсию геополитикӣ, идеологию амниятӣ, арзишию тамаддунӣ дарк ва омӯхта шаванд, тасвиру тафсир гарданд ва дар ин замина тадбирҳои фавриро бояд амалӣ намуд. Фаромӯш набояд кард, ки масъулияти пойдории давлати миллӣ, истиқлолу суботу оромии он вазифаи ҷониву имонии ҳар фарди солимфикри Тоҷикистони азизамон аст.

Фардҳои миллати соҳибхирад ва дорои руҳи истиқлолиятхоҳӣ барои пасояндагон роҳҳои ҳифз, рушд ва таъмини дастовардҳоро барои онҳо таъмин менамоянд.

Ҳоло ки мо сию се сол боз аз файзи соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ баҳра мебарем, ҳанӯз ҳам ашхосе ҳастанд, ки ба фарҳанги бегона пайравӣ намуда, бегонапарастӣ мекунанд, либосҳои хоси миллати тоҷик набударо мепӯшанд, таассубгарою динзада мешаванд ва ба ин тариқ рахна ба истиқлолияти давлат мезананд. Мутаассифона, имрӯзҳо тавассути интернет ба сӯи давлати соҳибистиқлоли миллии мо санги буҳтону хусумат меандозанд. Агар ба харитаи сиёсии ҷаҳон назар андозем, мебинем, кишварҳои зиёде бо сабаби дахолати берунӣ ваҳдати давлатро аз даст доданд ва пешрафти таърихии ватанашонро ба даҳсолаҳою садсолаҳо қафо партофтанд. Гузаштаи таърихӣ мактабе аст, ки бояд аз он сабақи дуруст бардошта, барои эъмори минбаъдаи давлатамон хиштҳои асос гузорем.

Донистани қадри неъматҳои давлатдорӣ ҳамеша новобаста аз замон сабаби бардавомии ҳастии халқияту миллатҳо аст.

khovar.tj

Чоп кунед