Ба ҳама маълум аст, ки баъд аз ошкор гардидани фаъолияти экстремистӣ ва террористии собиқ ҲНИ саркардагони он пайи тағйири шакли фаъолияти худ гардиданд. Бо ин мақсад саркардагони ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо иттиҳодии террористии Паёмони миллии Тоҷикистонро ташкил намуданд. Таъкид намудан зарур аст, ки мақсади асосии саркардагони ТТЭ ҲНИ бо таъсиси чунин иттиҳоди экстремистиву террористӣ он буд, ки фаъолияти тахрибкорона, ҷиноятҳои гузашта ва хиёнатҳои кардаашонро зери ниқоби иттиҳоди нав пинҳон намоянд. Вале ҳамон тавре мегуянд, ҳақиқат ҳамеша ғолиб аст. Дар  як муддати кӯтоҳ мақсади асосӣ ва ҳадафҳои ғаразноки Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) барои мардуми Тоҷикистон муайян гардид. Ҳама шаҳрвандони кишвар дарк намуданд, ки ташкилоти террористӣ мақсади барҳам задани сулҳу субот, оромӣ ва ваҳдати миллиро дошта, ғарази ниҳоии он нобуд сохтани давлату миллати тоҷик аст. Ин иттиҳоди террористӣ дар муддати фаъолияти худ борҳо кӯшиш намудааст, ки ба давлату миллат таъсири манфӣ гузорад ва бо роҳи фиреб мақсадҳои нопоки худро амалӣ созад.

Чанд рӯз қабл иттҳоди террористии мазкур барномаеро дар сомонаи худ нашр намудааст, ки гуё он барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда бошад. Бояд қайд намуд, ки барномаи пешниҳод намудаи ПМТ фиреб ва ё дуруғи навбатии саркардагони ТТЭ ҲНИ аст, ки ноором сохтан ва ба буҳрон кашидани ҷомеаи Тоҷикистонро ҳадаф қарор додаанд. Барои исботи пур аз дурӯғ ва ғаразнок будани барномаи мазкур чанд далели раднопазирро пешниҳод менамоем, то хонанда аз ғаразҳои нопоки иттиҳоди террористии ПМТ огоҳ гардад.

Пеш аз ҳама таъкид намудан муҳим аст, ки дурӯғпароканӣ ва истифодаи фиреб яке аз василаҳои муҳимми ташкилотҳои ифротиву террористиро ташкил медиҳад. ПМТ низ аз ин усул ба таври васеъ истифода менамояд. Масалан, муаллифони барнома иддао намудаанд, ки “Ин ки кишвари мо дар як бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва сохторӣ гирифтор аст, ба касе пӯшида нест”.  Таҳлили ҳамин навишта худ гувоҳи он аст, ки барномаи ПМТ бо ғараз ва мақсадҳои нопок тарҳрезӣ гардидааст. Барои исботи дуруғ будани иддаои онҳо чанд далел меорем:

  1. Тоҷикистонро ҳеҷ буҳрони сиёсие фарогир нест ва таҳлилҳои ҳам коршиносони дохилӣ ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар муҳимтарин василаи рушди ҷомеа аст. Зеро дар Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ таҳким ёфта, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурди корҳои ҷамъиятӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ҳамкории қавӣ доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ дар парлумон курсиро соҳибанд ва дар ҷомеа рақобати солими онҳо ҳангоми интихобот мушоҳида карда мешавад. Самараи сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии давлат аст, ки соли 2020 ду интихобти дар кишвар баргузоргардидаро созмонҳои байналмилалие чун САҲА, СММ ва ғайра шаффофтарин интихобот ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ эътироф намуданд. Яъне аз лиҳози сиёсӣ дар ҷомеа суботи сиёсӣ устувор аст ва сохтори давлатӣ низ дар асоси принсипи демократӣ рушд карда истодааст.
  2. Дар масъалаи суботи сиёсӣ ва таъмини амнияту оромии шаҳрвандон фақат як нуктаро дарҷ намудан кофӣ аст, ки тибқи тадқиқот ва хулосаҳои созмонҳои байналхалқӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад, ки суботи ҷомеа ва амнияти шаҳрвандон кафолат дода шудааст.
  3. Ин ки, Тоҷикистон дар муддати 30 сол ба рушди устувори иқтисодӣ ворид гардидааст ҳақиқати бебаҳс аст. Муаллифони барнома, ки вазъи иқтисоди қишварро буҳронӣ нишон додаанд, ягон ҳақиқат надошта аз воқеият дур аст. Зеро Ҳукумати Тоҷикистон дар муддати сӣ сол бо роҳандозии барнома ва стратегияҳои муҳимми давлатӣ тавонист заминаҳои бунёдии иқтисодӣ миллиро гузорад. Махсусан, дар ин самт роҳандозӣ гардидани се ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва  раҳоӣ аз бунбастии коммуникатсионӣ мусоидат намуда, рушди иқтисоди кишварро таъмин намуд. Тавре маълум аст, то имрӯз ҳадафҳои стратегии гузошташуда, марҳила ба марҳила татбиқ гардида истодаанд. Аз ҷумла ҳадафи стратегии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра амалӣ шуда, имрӯз Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил ёфтааст. Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд. Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем.

Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид.

Умуман, дар бист соли охир рушди миёнаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт, ки аз рушди устувори иқтисодии кишвар шаҳодат медиҳад.

Дар маҷмӯъ, метавон садҳо далели дигарро овард, ки рушди устувор ва мавҷудияти суботи сиёсиро бозгӯӣ кард. Садҳо далели дигарро зикр намудан мумкин аст, ки дурӯғ ва ғаразнок будани барномаи иттиҳоди тероррористии ПМТ-ро тасдиқ менамояд. Вале ба назари мо далелҳои дар боло зикргардида, кифоя аст, ки ҳар як фард аз мақсадҳои нопоки саркардагони наҳзатӣ огоҳ гардад ва фирефтаи ҳадафҳои нопоки онҳо нашавад. Зеро, доираҳои наҳзатӣ ба ҷуз хиёнат ва зулм овардан ба давлату миллати тоҷик дигар мақсаде надоранд.

Меҳрдил Ҳошимӣ,
коршиноси масъалаҳои сиёсӣ

 

Чоп кунед