Рӯзи 18 ноябри соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон ифтитоҳ намуда, нақши идеологияи миллиро дар шароити рушди давлатдории миллӣ махсусан муҳим арзёбӣ намуд.
Муовини директори Марказ Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон зимни суханронии худ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масири рушди бомароми мамлакат махсусан муҳим қайд намуда, идеологияи миллиро ҳамчун технологияи таъмини Ваҳдати миллӣ ва суботу амнияти миллӣ дар шароити пуртазоди минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуд.
Дар хониши сиёсӣ мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ дар мавзӯи “Дурнамои ташаккули идеологияи миллӣ дар шароити муосир” дар назди хозирин суханронӣ намуда, аҳаммияти идеологияи миллиро дар шароити рушди бемайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд. Ӯ дар суханронии худ идеологияро ҳамчуни низоми арзишҳои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, маҳсули тафаккур, пажуҳишҳои гуногунсамтаи олимон ва дастоварди беназири инсоният шарҳ дода, идеологияи миллиро стратегияи рушди давлатдории миллӣ арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар шароити ҷангҳо ва муборизаҳои идеологӣ таъмини рушду инкишофи устувор аз сатҳу сифати таъмини амнияти идеологӣ вобастагии амиқ пайдо менамояд. Сафарализода Х.Қ. унсурҳои таркибии идеологияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба марҳилаҳои муайяни рушду инкишофи кишвар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дод.
Дар бахши музокирот сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Сайҳомид Шарипов ва муовини сардори Раёсати мазкур Исроил Баротов суханронӣ намуда, ҷанбаҳои арзишии идеологияи миллиро дар марҳилаи сифатан нави рушди давлатдории миллии тоҷикон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафарализода Х.К. дар охир ба саволҳои кормандони Марказ ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда дод.
Хониши сиёсиро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуда, аз номи роҳбарият ва ҳайати кормандони Марказ ба Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳамоиш дар вазъи самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон