Тамошои навори “Нерӯи қонун” шахсро ба андеша водор мекунад. Кас ҳайрон мешавад, ки якчанд нафар шахсони ҷиноятпеша кушиш менамоянд, то аз афкори умум ба манфиятҳои худ истифода намоянд. Ба ростӣ воқеаҳои санаи 25-28 ноябри соли ҷорӣ дар маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ боиси нигаронии аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ гардид. Як шахсияте, ки барои содир кардани ҷандин ҷиноят дар кофтуков қарор дорад, худсарона амалкардҳоеро анҷом медиҳад, ки боиси ноором гаштани вазъият мегардад. Бояд, ки нерӯи қонун ҳамеша дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд эҳтиром карда шавад.

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон қисми ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда фарзандони фарзонаи он барои барпо кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони шуравӣ хизматҳои шоёнеро анҷом додаанд ва дар даврони Истиқлолияти давлатӣ низ пиру барнои Бадахшон фаъолона мисли дигар шаҳрвандони мамлакат дар таҳкими Истиқлолият саҳми босазои худро гузоштаанд.

Ман бар он эътимод ҳастам, ки волоияти қонун, иҷрои талаботҳои он барои ҳар як шаҳрванд бояд далели ватандӯст будан ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ доштан бошад. Чи тавре, ки аз навори “Нерӯи қонун” маълум мегардад, ба ҷиноятпешагӣ ва дар мухолифат бо қонун қарор доштан нигоҳ накарда Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа муддати зиёд дар марзи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон озодона амал кардааст.

Бояд ҳар як фарди ҷиноятпеша донад, ки оқибат назди қонун ҷавоб мегӯяд ва подоши рафтори нопоки худро мебинад. Яъне ҳар як ҷиноятеро ҷазо дар пеш аст ва ҳеҷ кас гумон накунад, ки аз чанги қонун раҳо меёбад. Ҳукмфармоии қонун дар ҷомеа боиси оромию субот мегардад.

Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки ин оримию сулҳу суботи Ватани азизамон бо ивази ҷони 150 ҳазор нафар ба даст омадааст. Аз ин рӯ, тамоми ҷомеа ва ҳар як фарди Тоҷикистон бояд ҳокимияти қонунро этироф кунад ва шууру маданияти ҳуқуқии воло дошта бошад.

Ман ба хиради волои сокинони Бадахшони Тоҷикистон боварӣ дорам ва ба сулҳу салоҳ анҷомидани воқеаҳои 25-28 ноябри соли 2021 гувоҳи ин боварӣ аст. Боло гирифтани хиради солим нишонаи ҷомеаи солим аст. Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сулҳу салоҳ, амнияту суботи ҷомеаро ҳамчун арзиш ва гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, таҳким бахшем. Воқеаҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нишон доданд, ки новобоста аз кушиши баъзе шахсони ҷоноятпеша ҳамеша ақлу заковати волои фарзондони вафодори Ватан боло мегирад ва шахсоне, ки бо истифода аз вазъияти бавуҷудомада барои худ манфит меҷӯянд ва ҷиноят содир менамоянд, оқибат ба чанги қонун меафтанд ва ҷазои худро мебинанд.

Навори “Нерӯи қонун” чашми ҳар як бинандаро нисбати воқеаҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  мекушояд ва имкон медиҳад, ки мардум ба асли воқеа сарфаҳм равад. Навори мазкур дар асоси далелу мадракҳои воқеӣ рӯи кор омадааст ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати қонуншиканӣ ва рафтори ноҷавонмардона бетараф гузошта наметавонад.

Имрӯзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки вазъият ба зудӣ таъғир меёбад, масъалаи амнияту суботи ҳар як давлат ба масъалаи рақами як табдил ёфтааст. Имрӯз акнун мардум дарк намудааст, ки агар амнияту субот побарҷо бошад, барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ шароити мусоид фароҳам меояд.

Ман ба бародарони азизи Бадахшониам муроҷиат карда мегӯям, ки минбаъд ба чунин фактҳои қонуншиканӣ танҳо аз мавқеи ватандӯстона ва қонун муносибат намоянд.

Боварӣ дорам, ки кулли сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мисли ҳамешагӣ барои барқарор будани суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми худро мегузоранд ва ба дурӯғ, тӯҳмату иғвогариҳои хоинони миллат, ки дар хориҷи кишвар бо истифода аз маблағҳои хоҷагонашон вазъиятро мехоҳанд муташанниҷ созанд, таваҷҷӯҳ наменамоянд.

Носир Нишонзода,
корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед