Ҷанги Бузурги Ватанӣ—яке аз фоҷиабортарин муҳорибаҳои хунин дар таърихи инсоният дар қарни гузашта ба ҳисоб меравад, вале дар айни замон яке аз саҳифаҳои пурифтихори тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, шуморида шуда, ҳамасола барои поси хотир ҷашн гирифта мешавад. Дар ин муҳориба баҳри наҷоти ҷомеаи башарӣ ва наҷоти Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар ҷумҳурии иттифоқӣ, ҳар вилояту шаҳр дар ба даст овардани Ғалабаи бузург саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Имрӯз нигоҳ доштани хотираи таърихӣ, ҳақиқати таърихӣ дар бораи ҷанг ва сабақҳои гирифтаамон барои тарбияи насли наврас хеле муҳим мебошад. Наслҳои ҷавон вазифадоранд, ки собиқаи ин хотираҳоро ҳифз ва корнамоию ҷонфидоиҳои наслҳои гузаштаро пос доранд. Танҳо бо ҳамин роҳ онҳо дар вуҷуди худ ҳисси масъулиятшиносиро барои ҳифзи сулҳ ва амният дар кишвари худ ва суботи сайёра ташаккул дода метавонанд.
Мо дар арафаи 76-умин солгарди Ғалабаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бар Германияи фашистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватани қарор дорем. Ин ҷашни умумимиллиро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва тамоми мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон ҳамчун рамзи дӯстии халқҳо, ки ҳар яки онҳо саҳми босазои худро дар таъмини Ғалаба аз болои вабои асри 20 – бар фашизм гузоштаанд, ҳамасола сипосгузорона қадр менамоянд. Имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳаммияти махсуси худро дорад, ки намояндагони зиёда аз 100 миллату халқияти собиқ Шӯравӣ , ҳамчун узви як оила мутаҳид гардида, барои тақдири сохтору рушди ояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷоннисориҳо кардаанд.
Дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуда, амалиётҳои ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шаддиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар сарбозону афсарон сафарбар карда шуда буданд. Ин ҷанги фоҷиабор кишварҳои зиёдеро харобу тороҷ гардонида, тараққиёти онҳоро даҳсолаҳо ба қафо партофт, ки беш аз 60 миллион нафар одамон қурбон шуда, миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузаронидаанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз 1700 шаҳр ва ҳазорҳо деҳаҳо хароб гардид, миллионҳо нафар бехонаву дар мондаанд.
Манбаъҳои таърихӣ тасдиқ менамоянд, ки нерӯҳои низомии Олмонӣ ва иттифоқчиёнашон қисми зиёди кишварҳои Аврупоро таҳти тасарруфи худ дароварда буданд. Мақсади ниҳоии фашистон ба даст овардани ҳукмронии комили ҷаҳон буд. Ба сари мардуми ҷаҳон ба амал омадани чунин мусибати фалокатбор аз даст додани Истиқлолияти давлатӣ ва зиндагии осоиштаи кишварҳо ва эҳтимолияти пурраи аз байн рафтани онҳо ба назар мерасид.
Дар маводҳои бойгонӣ хулосаи таърихшиносон ва корноманависон чунин баҳогузорӣ гардидааст. Ташкилу ангезаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, як шакли муборизаи яроқноке таҳрезӣ гардида буд, ки бо ҷалби кишварҳои иттифоқчӣ ва истифодаи шаклҳои гуногуни зӯроварию таҳдид бо силоҳ давом додани сиёсати худкомаро дошт, мазмуни пурраи онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона зери тасаруфи худ қарор додани кишварҳои ҷаҳонро ташкил медод.
Таҳлили маводҳои бойгонӣ аз натиҷаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945), тасдиқ менамоянд, ки мубориза аз ҷониби халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанги одилонаю озодихоҳона, баҳри озодӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан бар фашизм равона гардида буд. Ҳайати роҳбарони сиёсии онвақтаи Олмони фашистӣ бо давлатҳои иттифоқбастаашон, ба монанди Италия, Ҷопон, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания аз рӯзҳои авали оғоз намудани ҷанг бештар аз 110 дивизияи ҳарбии ҳаматарафа таҷҳизонидаро зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ба муҳориба сафарбар намуданд. Мақсади ягонаи ин иттифоқчиёни истилогарон дар муддати кутоҳ тороҷ кардани Армияи Сурх ва шикаст додани Иттиҳоди Шӯравӣ ва бемамониат ба худ тобеъ намудани дигар давлатҳои ҷаҳон буд. Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаю лавозимоти ҷангиашон ба мардуми ҷонфидою шарафманд ва бо ору номуси Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар гардид, ки зафар ёбанд.
Ҳамлаи ноогоҳонаю аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ вазъи сиёсиро печида гардонид. Ба чунин ҳолат гирифтор шудани кишвар заруратеро ба амал овард, ки дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ҳолати омодабошии ҷангии сартосари эълон карда шавад. Дар назди Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Комиссариатҳои ҳарбии шаҳрӣ, вилоятию, ноҳиявӣ, ва ҷумҳуриявӣ шумораи зиёди ихтиёриёни ҷонфидо барои рафтан ба ҳимояи Ватан шабонарӯзӣ ба навбат меистоданд. Мақсаду мароми ин фидоиёни Ватан аз таҳти дил содиқона хоҳиши рафтан ба ҷабҳа ва ҳимояи марзубуми ватанро доштанд. Дар сафи ихтиёриён шаҳрвандони касбу кори гуногун ва синну соли мухталиф низ хеле зиёд буданд: аз ҷумла ҷавонони навхати синфҳои болоии мактабӣ, коргарони солхӯрда, деҳқонон ва зиёиён. Рӯҳияи мардумро ҳиссиёти ҳарчӣ зудтар ба фронт рафтану ба ҳимояи Модар-Ватан саҳм гузоштан, фаро гирифта буд.
Сафарбарии неруи тавоно, иродаи қавӣ муттаҳидии собиқ Халқи Шӯравӣ рӯҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. Дар таърихи 8–уми майи соли 1945 Олмони фашистӣ ба акти таслимшавӣ имзо гузошт. Санаи 9–уми май Рӯзи иди фархундаи Ғалаба бар фашизм эълон гардида, барои насли оянда анъанаи таърихӣ гардид.
Кишвари Федератсияи Русия, ки меросбари Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб меравад, то имрӯз нақши гузоштаи ҳазорон нафар диловарон, фарзандони тоҷикистониро дар таъмини ғалабаи умумиозодихоҳӣ пос медорад ва дар сатҳи баланд арҷгузорӣ менамояд. Тавре корномаҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд, фиристодагони кишварамон дар ин ҷанги хонумонсӯз баҳри озодии насли башар ва аз зери асорати фашизм озод намудани халқҳои Аврупо ва таъмини ғалабаи халқҳои иттифоқчӣ саҳми бузург гузоштаанд.
Ёде аз масири таърих. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он солҳо беш аз як миллион нафар аҳолӣ дошт, дар ин набардҳои сангину хунин беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандон сафарбар карда шуда, онҳо бо ҷасорату мардонагӣ ҷони худро баҳри ҳимояи Ватани бузургамон нисор намуданд. Родмардоне, ки дар муҳорибаҳои хунин иштирок намуданд, баҳри ҳифзи Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш корнамоиҳо бемисл нишон додаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мардумамон мебошанд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ баҳри ҳифзи ҳимояи Ватан ба ҳалокат расидаанд. Барои мардонагӣ ва нишон додани далерию шуҷоат 68 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гашта, 21 нафар дорандаи се дараҷаи ордени «Шараф», ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардиданд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталёнҳои коргарии сохтмонӣ мустаҳкам намудани ақибгоҳ сафарбар карда шудаанд, ки заҳмати софдилонаи онҳо то имрӯз аз ёдҳо нарафтааст. Бояд қайд намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон се дивизияи хушкигарди Артиши Сурх таъсис дода шуда, аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон пурра ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд, ки дар муҳорибаҳои муҳимтариниҶанги Бузурги ватанӣ ширкату қаҳрамониҳои ҷолиби таҳсин нишон дода, саҳми худро дар таърих гузоштаанд.
Моҳи октябри соли 1941 аз Тоҷикистон барои муҳофизати Масква дивизияи 20-уми савораи кӯҳии дорандаи орденҳои Байрақи Сурхи Ҷангӣ ва Ленин сафарбар карда шуда буд, ки он аз рӯзҳои аввал дар муҳорибаҳои шадиди ҷангӣ иштирок намуда сазовори қадрдониҳо гардидааст. Инчунин, ҳазорон фиристодагони Тоҷикистон дар ин ҷо аввалин таҷрибаи ҷангиро омӯхтанд, беш аз 150 нафар сарбозу афсари ин дивизия, ки дар муҳорибаи назди Масква қаҳрамониҳо нишон дода, бо мукофотҳои баланди ҳукуматӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар муҳорибаҳои Сталинград низ фиристодагони Тоҷикистон мардонагии бемисл нишон доданд.
Роҳи тайкардаи Дивизияи 61-уми савораи дар Тоҷикистон таъсисёфта, иштироки он аз муҳорибаҳои озод кардани Сталинград барои нишон додани қаҳрамонию мардонагии ҷанговаронаш ба дивизияи савораи гвардиягии 16-ум табдил дода шуда, корномаҳои ҷангии худро идома медиҳад. Дар санаи 19 ноябри соли 1942 Артиши Сурх пурра ба ҳуҷуми ҷавобӣ мегузарад. Муҳорибаи назди дарёи бузурги рус–Волга яке аз ҳуҷумҳои аввалини Лашкари Сурх буд, ки бо ғалабаи муҳим анҷом ёфт. Натиҷаи ин муҳориба дар рӯҳияи ҷанговарон гардиши куллиро ба вуҷуд оварда, ба ғалабаҳои минбаъдаи рафти Ҷанги Бузурги ватанӣ асос гузошт. Армияи Сурх аз Сталинград то Владикавказ якбора ба ҳуҷуми бузурги ҷавобӣ гузашт. Дар ҳайати фронтҳои мухталиф фарзандони Тоҷикистон низ ҷасурона меҷангиданд. Ҷанговарони тоҷик дар мудофиаи қаҳрамононаи Ленинград, кӯҳҳои Кавказ ва муҳорибаҳои Курск, Орёл ва назди дарёи Днепр ширкат варзида, қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд.
Ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар корномаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати бемисли Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ: Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Ҳайдар Қосимов, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Раҳимбой Раҳматов, Ӯрунбек Ёқубов, Боқир Давлатов, Саидқул Турдиев, Қудрат Қаюмов ва чандин ҷанговарони далери тоҷик лавҳаи таърихро ҷило медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” вирди забонҳо гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз такягоҳҳои муҳимтарини ақибгоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, ба ин ҷо дар солҳои ҷанг аз минтақаҳои ҷангзадаи ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ 20 муассисаи калони саноатии гуногун кӯчонида шудаанд, 29 госпитал интиқол ёфт, ки 19-тои онҳо дар шаҳри Душанбе ҷойгир карда шуда буданд. Инчунин, якчанд хонаҳои кӯдакони бепарастору маъюбон ва бемористонҳо низ оварда шуданд. Аз шаҳрвандони Ленинград чандин ҳазор дар муҳосирамондагон ҷойи ояндаи зисту истиқомати худро дар Тоҷикистон пайдо намуданд.
Дар қатори қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ занҳои тоҷик мақоми хосса доштанд. Бо фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши занон вазифаи пурмасъули сангин, ташкили ақибгоҳи боэътимод ва таъмини қӯшунҳои шӯравӣ бо маводи хӯрокаю пӯшокворӣ вогузор карда шуда буд. Дар ҳолатҳои тезутунд гардидани вазъият дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ супориш дода шуда буд, ки аз ҳисоби бонувони тоҷикистонӣ дружинаҳои санитарӣ ташкил карда шавад. Тибқи ин супориш ба фронт теъдоди зиёди ҳамшираҳои шафқат сафарбар карда шуданд.
Тибқи фармоиши Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва қарори Ҳукумати РСС Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар омӯзиши умумии омодагии ҳатмии ҳарбиро эълон ва ҷорӣ намуданд. Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 14765 нафар ҷавонону духтарон курсҳои тайёрии умумии ҳарбиро гузаштанд, ки аз он теъдод 10320 нафарашонро занону духтарон ташкил медод. Дар солномаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ номҳои занони тоҷик, ки баҳри ҳифзи Ватан қаҳрамонии бемисл нишон додаанд, ба монанди Ойгул Муҳаммадҷонова, Инъом Қурбонова, Саодат Алибоева, Ҷаннат Раҳимова ва дигарон ҷовидон сабт гардидаанд.
Мардуми тоҷик дар роҳи тайкарда ва озмоишҳои фоҷиабори мубориза бар зидди фашизм аз ҳаёти душвори басарбурда рӯҳафтода нагардида, баҳри мустаҳкамии иқтидори ақибгоҳ, таъминоти сарбозону афсарони дар муҳорибаҳо фаъолиятдошта, корҳои истеҳсолии тамоми самтҳои саноату хоҷагии халқ содиқона ёрии худро дареғ намедоштанд.
Дар давраи вазнини ҷанг мардуми тоҷик новобаста аз вазъи иқтисодӣ, бо нигоҳ доштани ору номуси аҷдодии худ, садоқати ба халқу миллат дошта, барои ҳимояи Ватан охирин сарвату дороии худро ҷамъ намуда, мефиристоданд, то ки кумаке дар роҳи ғалаба бар фашизм гардад. Агар саҳми мардуми Тоҷикистонро дар ин давра барои таъмини ғалаба шуморем, барои фронт 151 вагони пурбор, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, зиёда аз 25000 метр газворҳои гуногун ва дигар лавозимоти заруриро аз аҳолӣ ҷамъ намуда, фиристода буданд. Ба фонди захиравии мудофиавии Ватан зиёда аз 30 миллиону 500 ҳазор сӯм маблағи нақд ва 40750 пуд ғалладона супорида шуда буд.
ЗаҳматкашониТоҷикистон ба фонди сохтмони колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» 84 млн. сӯм ва ба сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35 млн. сӯм гузарониданд. Танҳо бо ташаббуси комсомолону ҷавонони Тоҷикистон барои харидани аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангӣ барои фронт ихтиёран 6 млн. сӯм ҷамъоварӣ намуда супорида буданд.
Маълуми ҳамагон аст, ки имрӯз ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон хеле кам мондаанд. Қисми боқимондаи онҳо синнашон аз навад боло гузаштааст. Бинобар ин, нигоҳдошти поси хотири гузаштагон, эҳтиром ва қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳое, ки дар қайди ҳаётанд, вазифаи муқаддаси фарзандии мост. Таҷрибаи роҳи тайкардаи зиндагӣ огаҳ месозад, ки эҳтиром доштани калонсолон ва кумак ба ветеранҳои ҷангу меҳнат, шахсони барҷомонда ва муҳтоҷ тибқи анъанаҳои қадимии халқи тоҷикро пайваста идома диҳем.
Яке аз иқдомҳои инсондӯстона ва ҳайрхоҳонаи ҳар як фарди тоҷик расонидани кумаку ғамхорӣ ба шахсони мазкур аз ҷониби ҳар як роҳбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаву ташкилот, соҳибкорону сарватмандон мебошад. Тавре медонем ветеранҳои ҷангу меҳнат пайваста ба кумаку дастгирии ҷомеа ниёз доранд. Чунин иқдоми хайрхоҳонаро бояд насли имрӯза ва оянда бояд давом диҳад. Заҳматҳои кашидаи падару бобоёни худро доимо пос доранд.
Ёдоварӣ аз ин сабақи таърихӣ мардуми кишвар, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор месозад, ки рӯй додани ҷангҳои таҳмилии ҷаҳони муосир эҳтимолияти ба ҳар як кишвар таҳдиду зарар оварданаш аз мадди назар дур нест. Бо дарназардошти фарогирии таҳдиду хабарҳои фитнаангез тариқи сомонаҳои интернитӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, хатарҳои эҳтимолӣ аз кишвари ҳамсояи Афғонистон, дар ҳама ҳолат нигоҳ доштани масъулияти баланди ватанпарастӣ, ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, омодобоши ҷузъу томҳои низомӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Артиши миллии Тоҷикистон, ки сипари боэътимоди Ватан аст, ба ҳисоб меравад. Онҳо қарзи фарзандии худро бо сари баланд дар назди халқу Ватан дар ҳама гуна шароити вазнин бояд ба анҷом расонанд.
Ҳар фарди имрӯзаи ҷомеаи кишварамон дар назди таърих ва тақдири миллати худ бояд қарзи муқаддаси шаҳрвандии худро адо намояд. Новобаста аз раванди зиндагӣ, тамоми кӯшишу тавонои худро баҳри ҳифзу ҳимояи марзубуми Ватани азизамон корҳои бунёдкорию созандагӣ сафарбар намояд.
Инак, дар ин рӯзҳои арафаи Ҷашни бузург мебинем, ки мардуми Тоҷикистон ҳиссаи арзандаи худро дар таъмини Ғалабаи оламшумули халқҳои советӣ аз болои Германияи фашистӣ гузоштаанд ва месазад, ки бо онҳо ифтихор намуда, дар ҳақашон дуои хайр кунем.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати иди 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, осмони софу беғубор, сулҳу сафо орзумандем.
Саидхоҷа Акбаров,
корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон