Тавре мушоҳида мегардад, буҳрони сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти ғизоӣ ва кам гардидани истеҳсоли онҳо дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷомеаи башариро ба таври ҷиддӣ нигарон кардаанд, қайд гардид дар суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 18.06.2022, дар ноҳияи Данғара.

Инсоният имрӯз ба марҳалаи пуршиддат ва тезутундшавии масоили озуқаворӣ ворид гардид. Аҳолии давлатҳои ҷаҳон рӯз то рӯз меафзояд, ки қонеъ гардонидани талаботи онҳо бо маводи ғизои ташвишовар мегардад. Зеро талаботи аввалиндараҷаи инсон ин истеъмол кардан аст. Дар ҳоле, ки аҳолии ҷаҳон зиёда аз 9 млрд асту 17 дарсади он дар ҳолати камбизоатӣ ва камчинии маҳсулотҳои озуқаворӣ танқисии мекашанд, дар ҳолати зиёд шудани он мушкилот бозҳам афзунтар мегарданд. Аз ин ҷост, ки ҳар як давлати ҷаҳон кушиш менамояд, ки бо роҳҳои гуногун ҳалли ин мушкилиҳоро ҷустуҷӯ намоянд. Ҳоло он, ки мувофиқи таҳлилҳои олимон ва коршиносон, кураи Замин иқтидори 50 млрд аҳолиро хӯронида ва пӯшонида метавонад, агар мо ҳаммаи воситаҳоро самаранок истифода бурда тавонем.

Вобаста ба ин, мушкилоти ҷаҳони мамлакати моро низ водор месозад, то чораҳои зарурӣ андешанд, чунки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз узвҳои ҷудонашавандаи ҷаҳони имрӯза буда, вобастагии калон аз дигар давлатҳо дорад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ баландгардии нархҳои молу маҳсулот (навобаста аз воридотӣ ё молҳои ватанӣ будан) ба чашм мерасад, ки боиси ташвишҳои маъданӣ шаҳрвандони кишвар гардидааст. Таъсири болоравии нархи молу маҳсулоти воридотӣ ба самтҳои гуногун соҳаҳои ҷумҳуриямон таъсиррасон мебошад. Аз ҷумла, ба соҳаи кишоварзӣ ва махсусан чорводорӣ. Дар мамлакат нархи гӯшт, шир, равған, шакар, орд, сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ аз меъёри талаботи аҳолӣ зиёд гардида истодааст.

Ин мушкилот аз як мамлакат вобаста набуда, тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ки дар суханронии Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 18.06.2022, дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, чунин инъикос ёфтааст: “Дар асоси маълумотҳои Созмони Милали Мутаҳид дар соли 2018 – 2021 бо сабаби вазъи мураккаби бавуҷудомада шумораи сокинони сайёра, ки ба норасоии маҳсулоти озуқа дучор шудаанд, 88 фоиз зиёд гардида, 193 миллион нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, мувофиқи арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ кишоварзии ин созмон, вазъи ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам вазнинитар шуда, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар баробар мегардад. Дар ин давра истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба соли гузашта 16 миллион тонна, аз ҷумла гандум 6 миллион тонна ва биринҷ 1,3 миллион тонна коҳиш меёбад”.

Албатта, аз ин суханрониҳо бар меояд, ки дар дунё истеҳсоли ғалладонагиҳо то соли 2023, кам мегардад. Ин раванд ташвиши таъмини маҳсулоти озуқавориро боз ҳам зиёдтар менамояд, ки имконияти боз ҳам баланд гардидани нархи ғалладонагӣ (эҳтимолияти то солҳои 2023 нархи як кг гандум ба 7,5-8 сомонӣ) мегардонанд. Ин пешгӯёҳо танҳо аз ҳисоби кам гаштани истеҳсоли гандум дар ҷаҳон мебошад ва таъсири омилҳои дигар низ метавонад ба нархи маҳсулоти ғалладонагӣ бевосита расонанд.

Мушкилоти дигаре низ мавҷуд мебошад, ки боиси баландгардии нархи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла шир, ва маҳсулотҳои ширӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ мебошад. Албатта дар ҷумҳурӣ шумораи лозимаи чорвои калони шохдор ва чорвои майда мавҷуд аст. Вале афзун намудани шумораи чорво боиси паст кардани нарх намегардад, чунки арзиши аслии он баланд мебошад. Сабаби асосии он таъмини хӯроки чорво мебошад, чунки барои дар муддати муайян гирифтани 1 кг гӯшт бояд 7 воҳиди хӯрокворӣ ғизо хӯрад. Як воҳиди хӯроквории чорво аз кунҷора, хӯроквории дурушт ё коҳ иборат аст. Ба ҳисоби миёна 1 кг кунҷора дар бозор 4-5 сомониро ташкил мекунад, яъне 7 воҳиди хӯрок ба 28 сомонӣ баробар мешавад. як кило коҳ бошад ба 0,4 воҳиди хӯрок баробар аст, яъне 3 кг коҳ ба як воҳиди хӯрок баробар аст, 7 воҳиди хӯрок ба 21 кг баробар мешавад, ки 2 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки на танҳо маҳсулоти озуқаворӣ балки дастрасӣ ба хӯроки чорво низ камчин гашта истодааст. Яъне нархи хӯрокаи чорво баланд гардидаст, ки боиси пайдошавии мушкилот дар соҳаи чорводорӣ шудааст.

Ба ғайр аз ин, чорво барои он ки вазни худро нигоҳ дораду гӯсоларо сер гардонад ва аз ӯ на камтар аз 10 литр шир гиранд, то 12 воҳиди хӯрок ва беш аз он хӯрокҳои дурушту ширадор хӯрад, яъне чӣ тавре дар боло зикр гардид, 1 воҳиди хӯрок ба 4 сомонӣ баробар аст, 12 воҳиди он 48 сомониро ташкил медиҳад, ки бе ягон хараҷоти иловагӣ нархи он ба 3,6 сомонӣ мерасад. Ҳамин тариқ, барои дуруст ба роҳ мондани таъмини озуқавории мамлакат ба маҳсулоти дохили кишоварзӣ чунин чораҳоро ба анҷом расонидан лозим аст:

  1. Дуруст дарк кардан ва мавриди амал қарор гирифтани тамоми таклифу пешниҳод ва суханҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тамоми шаҳрвандони кишвар, навобаста аз равияю фаъолияти корияшон;
  2. Дуруст ба роҳ мондани заминҳои категорияҳои кишоварзӣ дошта (танҳо дар вилояти Хатлон 2000 га заминҳои обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуд аст), ки на танҳо заминҳои обӣ, балки заминҳои лалмӣ низ дуруст самаранок истифода гарданд, масалан:

– ба роҳ мондани киштукор дар заминҳои токзори вилояти Хатлон, ки имконияти кишти зироатҳои равғандеҳ, ба монанди зағир, кунҷид, маҳзар (сой) ва ғайра мебошад. Ин зироатҳо имкон медиҳад, ки нуриҳои нитрогенӣ дар замин ҷабида шуда, хараҷоти токпарварон камтар гарданд. Инчунин, боиси ба ҷо овардани таъкидҳои Пешвои миллат, махсусан дар суханронии худ дар санаи 18.06.2022 гарданд. Танҳо дар вилояти Хатлон 12 ҳазор га заминҳои токзори лалмӣ мебошад, ки аз ҳисоби дар 50 дарсади он кишт кардани зироатҳои равғандеҳ боиси истеҳсол гардидани 7,8 ҳазор тонна чунин зироат, ё ин ки 2,34 ҳазор тонна равғани биологии тозаи истеъмолӣ ва 5,07 ҳазор тонна кунҷора ё ин ки хӯроки серғизо барои чорво истеҳсол намоем.

Натиҷаи ба даст омадаи ҷадвали 1 нишон медиҳад, ки 15 650 сомонӣ аз ин зироат даромад меорад. Чунин даромад ба ғайр аз ҳосили асосие, ки аз токзор гирифтан имкон дорад ва дар майдони 6 000 га имконияти гирифтани 93,9 милионн сомонӣ даромадро имкон дорем.

  1. Ташкил ва ба роҳ мондани хӯроки ширадори чорво дар ҳосили дуюм, ки боиси афзун гардидани ширдиҳӣ ва маҳсулнокии чорво мегарданд. Инчунин дар ин маврид метавон бо ворид намудани технологияҳои нави саноатӣ имконияти гирифтани маҳсулоти асосӣ аз он (масалан гирифтани қанд аз лаблабу, гирифтани инсулин аз топинамбур, гирифтани шарбатҳои гуногун аз дигар маҳсулот) имконпазир мебошанд.
  2. Самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, чунки беш аз 73 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва дар ҳолати дуруст истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ имконияти то 30 дарсад кам кардани хараҷоти оилавиро пайдо мекунанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки масъулияти баланди кориро тамоми шаҳрвандони кишвар ҳис карда, кӯшиш менамоянд, ки маҳсулотҳое, ки имконияти зиёд истоданро доранд то якчанд сол захира намоянд.

Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода,
муовини сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои соҳавӣ Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед