Санаи мубораки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо гардид. Ин санади сарнавиштсоз ҷумҳуриамонро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дода, ба миллати тоҷик руҳу илҳоми нав бахшида, дар ваҳдату сарҷамъ кардани миллат, иттиҳоду ягонагии мардуми кишварамон нақши босазо гузошт. Бо имзо шудани ин санади таърихӣ давлати соҳибистиқлоли мо ҳувият ва ҳастии хешро дубора ҳифз кард ва ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати тоҷик дорои тамаддун ва фарҳанги бостонӣ буда, Ватан ва Ваҳдати миллӣ сулҳу суботро муҳимтарин муқаддасоти хеш медонад.
Дар робита ба ин мавзуъ бояд тазаккур дод, ки моҳияти фалсафаи мафҳуми “ваҳдат” ба маънои пойдорӣ, устуворӣ ва таҳкими ҷомеа далолат мекунад. Аз лиҳози фарҳангшиносӣ “ваҳдат” ягонагии тамоюлҳои арзишӣ ва ҷаҳонбиниҳо мебошад. Агар мо ба ин истилоҳи “ваҳдат” ба таври васеъ назар афканем, пас Ваҳдати миллиро метавон раванде ҳисоб намуд, ки дар он муайян намудан ва рушди ҳамбастагиҳо, стратегияҳо, мафиату арзишҳо, ки дар асоси танзими нишондодҳое (менталитет, арзишҳои ахлоқӣ, таърихию фарҳангӣ), ки аз ҷониби ҷомеа ва давлат қабул шудааст, роҳандозӣ мегардад.
Мафҳуми “ваҳдати миллӣ” имрӯз дар илмҳои сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ ва ғайра истифода мешавад. Моҳияти ин мафҳум аз он иборат аст, ки вақте дар бораи Ваҳдати миллӣ дар ҷомеа сухан меронем, ин танҳо ба намояндагони як миллат ё тоҷиконе, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, мансуб надошта, балки ваҳдат ва ҳамгироии тамоми мардуми кишвар дар назар аст. Яъне он ба ҳамаи тоҷикистониён тааллуқ дорад. Пас Ваҳдати миллӣ ягонагӣ ва ҳамбастагии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар таркиби ибораи “ваҳдати миллӣ”, калимаи “миллӣ” аз нигоҳи сиёсӣ “шаҳрванд”-ро мефаҳмонад, тааллуқ доштан ба кишвари хос аст. Ҳамчунин, мо дар илми ҷомеашиносӣ ва ҳам дар таҷрибаи давлатдорӣ мафҳумҳои “манфиати миллӣ”, “истиқлоли миллӣ”, “амнияти миллӣ”, “сарвати миллӣ” барин монанд ибораҳоро истифода мебарем, Ҳамаи ин истилоҳот умумияти хос дошта, ба кишвар ва сарзамини муайян тааллуқ доштани онҳоро мефаҳмонад, ки дар ин маврид истилоҳи “ваҳдати миллӣ” айни ҳамин маъноро ифода мекунад. Аз ин нуқтаи назар, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ бузургтарин ва арзишмандтарин падидаи иҷтимоӣ ба шумор меравад. Рушди ҷомеа ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволиии мардум аз таҳкими Ваҳдати миллӣ вобаста аст (ниг. Н.Зокирзода. Истиқлоли сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ. –Душанбе: “Орбита”, 2023, саҳ. 52).
Бояд қайд кард, ки сулҳи тоҷикон натанҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. Баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси нави Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми неру ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва оғози музокирот бо собиқ мухолифин равона намуд. Дар натиҷаи музокироти тулонӣ, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон: Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон идома ёфтанд, муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳ 9 даври музокирот, 6 вохӯрии сарон ва 21 маротиба музокирот анҷом дода шавад, ки дар натиҷаи онҳо 40 санади тақдирсози миллат ба имзо расонида шуд.
Яке аз солҳои бениҳоят душвор ва сарнавиштсози гуфтушунидҳо соли 1995 буд, ки дар ин сол аввалин маротиба музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Кобул баргузор гардид. Дар вазъи мураккаб ва ноамнии комил дар шаҳри Кобул, ки дар бист километр берун аз он ҷанги шадиди байни неруҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мухолиф идома дошт ва мушакҳо ба тарафи шаҳр парронда мешуданд, музокирот байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини тоҷик шуруъ гардид. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароити сахт ва хатарнок барои таъмин ва истиқрори ҳар чӣ зудтари сулҳу салоҳ дар Ватан ва оромии миллат ҷони хешро ба гарав монда, ду рӯз музокироти хеле муҳим ва сарнавиштсозро муваффақона анҷом дод. Дар худи Тоҷикистон низ ҳамон сол дар минтақаҳои зери нуфузи мухолифини собиқи мусаллаҳ мулоқоту гуфтушунидҳо сурат гирифт, ки баъдан натиҷаи хуб доданд.
Музокироти сулҳ дар сатҳи олӣ дар Хустдеҳи Афғонистон дар зимистони соли 1996 ва ба имзо расидани Протоколи муҳим сулҳи тоҷиконро боз ҳам наздиктар сохт. Протоколи мазкур дар бораи танзими авзои ҳарбию сиёсии минтақаҳои доғ дар 8 банд таҳия ва ба имзо расид, ки дар натиҷаи он оташбас эълон гардид ва неруҳои низомии мухолифони собиқ ба мавзеъҳои пештараашон баргаштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин музокирот пешниҳод намуд, ки дар натиҷаи таъмини сулҳ дар Тоҷикистон бояд Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) таъсис дода шавад, ки роҳбари он намояндаи мухолифин бошад. Чунин пешниҳоди ҷасурона дар он давра кори осон набуд. Сад шукр, ки он рӯзҳои мудҳиш сипарӣ шуданд ва ватану миллати азизамон ба сулҳу салоҳ расиданд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон, ки 3 солу 3 моҳ давом кард, тоҷикон ба хубӣ фаҳмиданд, ки ҷанги таҳмилӣ бояд фавран қатъ гардад, чунки ин даргирии бародаркуш миллати тоҷикро метавонист аз байн барад ва ба давлатдории тоҷикон хотима бахшад. Бегонагоне, ки ин ҷангро ба сари миллат таҳмил карданд, маҳз таназзулу нобудии давлатдории тоҷиконро мехостанд. Аммо, сад шукр, ки тирашон хок хӯрд.
Бояд таъкид намоем, ки баъзе аз кишварҳои дуру наздик намехостанд дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ бошад ва бо ҳар роҳ ба раванди сулҳ халал мерасонданд. Тавре маълум аст, аз нахустин қадамҳои истиқлоли давлатӣ доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонданд. Дар натиҷа, беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо кушта шуданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Мувофиқи омори нав ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дар маҷмуъ, беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид, ки он 105 маротиба аз буҷаи соли 1995 бештар буд. Зиёда аз 30 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда, садҳо биноҳою иншоот, заводу фабрика, муассисаҳои тиб, маориф ва идораҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои зиёде харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 55 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Доираҳои сиёсии хориҷӣ ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуда, бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлати тоҷиконро ба нақша гирифта буданд. Онҳо дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон низ фаъолиятҳои душманона ва муғризонаашонро идома медоданд. Созишномаи мазкур нишон дод, ки миллати бофарҳанг, ватандӯст, сулҳхоҳ ва сулҳпарвари тоҷик дар он давраи хеле сахт ва мудҳиш якпорча шуд, роҳи музокироти сулҳро пеш гирифт, аз ақлу фарҳанги азалии хеш истифода намуд, аз роҳи ба тариқи зӯрӣ ҳал кардани мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ даст кашида, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хотири таъмини сулҳу оштии миллӣ самимона дастгирӣ намуд. Дар роҳи таъмини сулҳу салоҳ дар кишварамон нақши зиёиёни тоҷик, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сарсупурдагони миллат, рӯзноманигорон ва бахусус, модарону хоҳаронамон бениҳоят калон аст.
Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гаштааст, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худодод истифода намуда, худро наҷот медиҳад. Ба қавли собиқ Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Кофи Аннан, “тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд”. Хуб мешуд, ки бо кумаку мусоидати Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пажуҳишгоҳи низоъшиносӣ ва фарҳанги сулҳ барои амалӣ намудани манфиатҳои миллии мо зарур мебошад, таъсис дода шавад.
Барои татбиқи давра ба давраи сулҳи сартосарӣ, таъмини фазои боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои бадбинӣ ва даргириҳои мусаллаҳ, фаҳмондани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ намудани баъзе қумондонони саркаш ва дар амал татбиқ намудани созишномаҳои имзошуда, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бо тасмими тарафҳои музокироти сулҳи тоҷикон Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) таъсис гардид. Қобили зикр аст, ки ниҳоди номбурда дар раванди таъмини сулҳ ва иҷрои вазифаҳои хеш фаъолияти хеле хуб нишон дод ва ба Ватан содиқона хизмат кард.
Имзо ва татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дар ҷомеаи мо раванди ваҳдати миллӣ, худогоҳӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ба мисли парчам ва нишонҳои миллӣ, демократикунонӣ, таҳаммулпазирӣ ва гуногунандеширо тақвият бахшид ва сулҳи тоҷиконро пойдор сохт. Дар натиҷа, аз баракати сулҳу салоҳ ва ваҳдату ҳамбастагӣ дар кишварамон ҳизбу созмонҳои гуногун арзи вуҷуд намуд.
Баъд аз барқарории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишварамон, раванди рушди демократия, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, озодии сухан ва матбуот, ташаккули тафаккури миллӣ равнақу ривоҷи бештар пайдо намуда, ваҳдати миллиро мустаҳкам намуд.
Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ волоияти иҷрои қонунҳои ҷумҳурӣ, амру дастурҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳуриро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон таъмин намуд ва ба қумондонсолорӣ хотима бахшид. Мардуми тоҷик, ки аз қумондонсолорӣ хаста ва безор шуда буд, нафаси озод кашид. Ҳамагон фаҳмиданд ва дарк намуданд, ки танҳо бо роҳи сулҳу салоҳ метавонанд Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд, миллатро зинда кунанд, эҳтирому обрӯйи ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд ва насли наврасро дар руҳияи соҳибистиқлолӣ, муҳаббат ба ватани аҷдодӣ, ба таъриху адабиёту фарҳангу забони модарӣ, пешрафти ҷомеаи демократӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои суннатӣ тарбия кунанд.
Яке аз вазифаҳои асосии давлат, ки ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ аз тарафи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд, ин ба ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар буд. Бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ва махсусан, Протокол дар бораи баргашти муҳоҷирон, ки дар чаҳорчӯбаи музокироти сулҳи тоҷикон ба имзо расида буд, вазифаи мазкур пурра ҳаллу фасл гардид. Бо вуҷуди ҳама монеаву мушкилот, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарони мухолифини собиқ тамоми имконоти худро барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо сафарбар намуданд. Таҳияи барномаи махсуси «Хоки Ватан» дар иҷрои ин ҳадаф, яъне баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан хеле нақши муассир дошт. Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки зиёиёни кишвар, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистон дар ин кори хайр нақши босазое доштанд. Дар натиҷа, дар давраи солҳои 1993–2000 дар сартосари мамлакат 950 599 нафар ба ҷойҳои доимии зисти худ бозгардонида шуданд, ки аз ҷумлаи онҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 201601 нафар, Афғонистон 51345 нафар, аз ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 697653 нафар буданд.
Бояд тазаккур дод, ки аксари муҳоҷирони ба ватан баргашта гуруснагӣ ва нимгуруснагиро аз сар мегузарониданд. Кумаку дастгириҳои аввалини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ аз таъмин намудани бозгаштагон бо молҳои истеъмолии аввалиндараҷа, маводи ғизоӣ, баргардондани хонаву манзилҳои онҳо ва махсусан, ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон, аҳолии бесарпаноҳ ва оилаҳои серфарзанд буд, ҳамаи онҳо дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ҷомаи амал пӯшиданд.
Бояд таъкид кард, ки ваҳдат ва сулҳи тоҷикон падидаи нодиртарин ва дастоварди бузург дар араси ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: “Баъд аз муқовимати шадид ба даст овардани боварию эътимоди тарафайн ва ҳосил шудани созишу якдигарфаҳмӣ ба хотири ояндаи давлату миллат, далели қобилияти суннатии тоҷикон дар роҳи миллатсозию ватандорӣ мебошад. Чунин таҷрибаи дар як фосилаи кӯтоҳ бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар ягон кишвари дунё то ба ҳол ба назар нарасида буд. Мо аз ин беандоза фахр мекунем, ба халқи хеш таҳният мегӯем, вале дар айни замон бояд як чизро ҳаргиз фаромӯш накунем: сулҳ неъмати бебаҳотарин аст ва ҳифзу пойдории он вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи муҷаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Барқарор шудани сулҳу субот ва ризояти миллӣ дар сарзамини мо истиқлоли Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонд, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт. Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон пайдо кард, ки татбиқи барномаи иқтисодиро густариш диҳад”.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба роҳбарияти ҷумҳурӣ ва махсусан, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки роҳи бозсозӣ ва ободонии Ватанро дилпурона пеш баранд. Дар ин самт дар ҷумҳурӣ як силсила қарору қонунҳои зарурӣ, ки ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамуданд, қабул ва ба тасвиб расонида шуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ барои бозсозии баъдинизоъӣ ба кишварамон кумаку мусоидаташро дареғ надошт ва мо тавонистем дар муддати кӯтоҳ як зумра иншооти муҳим ва заруриро бозсозӣ кунем.
Баъд аз истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи таъйин ва таъмини ҳадафҳои стратегияи миллӣ доир ба ҳарчи зудтар ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ, коммуникасионӣ ва озуқаворӣ қадамҳои хеле қавӣ гузошта, миллатро дар иҷрои ин ғояҳои асили миллӣ муттаҳид намуд. Ин ғояҳо ҳамчунин, дар раванди ташаккули тафаккури миллӣ ва ба ҳам наздикшавии бештари вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақши боризро иҷро менамоянд. Инак, ба ин се ҳадафи стратегӣ ҳадафи чаҳорум – саноатикунони босуръати мамлакат илова гардид, ки он бо муваффақият идома дорад.
Истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати «дарҳои боз»-ро эълон ва пайгирӣ намуда, барои ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ муносибатҳои баробар ва мутақобилан судмандро ба роҳ монда, онҳоро барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон даъват ва ташвиқ намоем. Сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ афзалияти худашро нишон дод, ки дар натиҷа сармоягузорони зиёде ба Тоҷикистон рӯ оварданд.
Аз баракат ва шарофати Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳалаи нави бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бо шӯру шавқу рағбати бесобиқа оғоз гардид. Дар натиҷа, дар кишварамон рушди бемайлони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин гардид.
Тавре дар боло зикр гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз буҳрони шадиди иқтисодии ҷаҳонӣ, мунтазам барои афзоиш додани ҳаҷми маблағгузорӣ ба тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дода, таваҷҷуҳи хоссаро барои рушду нумӯи ин самти муҳимми ҷомеаи мо зоҳир менамояд.
Бояд таъкид намоем, ки дар таъмини ваҳдат, сулҳу суботи кишварамон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз бо кӯшишу талоши ин абармарди сиёсат ва хиради волои мардуми тамаддунофари тоҷик дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу ваҳдат истиқрор ва устувор гардид ва сол то сол таҳким меёбад.
Инчунин, ба назари мо чанд омили дигаре низ ҳастанд, ки ба таҳкими Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеаи кишварамон тақвият бахшиданд, аз ҷумла:
Аввалан, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ дар ҷомеа сиёсати давлатӣ нақши муҳим мебозад, ки дар он рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, ҳамкориҳои зичу самарабахши ниҳодҳои давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст. Моро зарур аст, ки муносибати зич ва созандаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро рушду густариш диҳем, ки ин метавонад барои амалишавии ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат намояд.
Дуюм, назари амиқ ба омӯзиши таърихи миллат. Огоҳ шудан аз таърихи миллати тоҷик, бурду бохтҳое, ки дар тули таърих ниёгони мо кардаанд ва аз корномаҳои фарзандони барӯманди тоҷик ибрат гирифтан, барои насли имрӯз ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Аз ин ҷост, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар таърихи 26.12. 2019 омадааст: “Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурфитихори халқи тоҷик шоҳасари академик, Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди захираии Президенти ҶТ чоп карда, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд”. Хушбахтона, ин иқдоми наҷиб амалӣ гардид ва шоҳасари “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров дастраси кулли мардуми Тоҷикистон гардонида шуд. Инак, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид, ки барои боло бурдани афкори ватандӯстӣ ва меҳанпарастии мардуми Тоҷикистон китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсиро чоп карда, ба таври ройгон ба ҳар як хонаводи сокини кишвар тақдим карда шавад.
Сеюм, баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, бояд неруи фарҳангӣ, арзишҳои фарҳангию миллӣ ва маънавии миллат тақвият дода шавад, то ки Ваҳдати миллӣ устувортар гардад.
Чаҳорум, бунёди роҳҳо заминаи воқеии таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошанд. Ин омилест, ки шаҳрвандони минтақаҳои гуногуни кишварамонро боз ба ҳам наздик карда, фазои солими муносибатҳои гуногун ва ҳамдигарфаҳмиро ба вуҷуд меоварад.
Панҷум, шаҳри Душанбе–шаҳри сулҳ ва маркази муҳимми ваҳдатофарин. Имрӯз шаҳри Душанбе, пойтахти азизи кишвари мо тайи солҳои охир рушду обод ва хурраму сарсабз шуда, ба як шаҳри зебои замонавӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар, Душанбе ба маркази муҳимми ҳамгироии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мубадал гардидааст, ки ин омили муҳим дар такмили минбаъдаи ваҳдату суботи кишварамон ба шумор меравад.
Шашум, омили муҳимми дигаре, ки барои тақвияти Ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд, бунёди корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди муҳоҷирати дохилӣ мебошад ва ғайра (ниг. Н.Зокирзода. Истиқлоли сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ. –Душанбе: “Орбита”, 2023, саҳ. 57–61).
Чунончи зикр гардид, миллати сулҳдӯст ва сулҳпарвари тоҷик қадру қимати ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро хуб дарк намуда, барои ҳифзу нигаҳдории ин неъмати бебаҳо кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳанӯз баъзе унсурҳои манфӣ вуҷуд доранд, ки Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва устуворию суботи кишварамонро метавонанд халалдор кунанд. Ин унсурҳо ба монанди микробҳои заҳролуд аз дохил бадани кишварро мехӯранд ва миллатро ранҷуру ноумед месозанд. Ришвахорӣ ё худ фасоди молӣ (коррупсия) бадтарин микроб дар бадани кишварамон аст, ки дар сурати аз байн набурдани он, метавонад хатари азимеро барои амнияти Тоҷикистон ба вуҷуд биёрад. Дар самти мубориза бо коррупсия Ҳукумати кишварамон «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро сармашқи фаъолият худ қарор додаанд. Аммо бояд мунсифона эътироф кард, ки ин Стратегияи миллӣ ҳанӯз ба таври дуруст ва зарурӣ иҷро нагардида истодааст. Ҳар як фарди тоҷик, ҳар як ватандӯст ва миллатдӯст бояд дарк кунад, ки коррупсия кишварамонро ба табоҳӣ меоварад, истиқлоли моро халалдору хароб намуда, миллатро дубора зери фармони бегонагон мегузорад. Нафси бади муште аз нохалафон набояд ҳастӣ ва идомаи истиқлоли миллати тоҷикро халалдор кунад. Мардуми кишварамон бояд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар решакан ва маҳви фасоду ришвахорӣ (коррупсия) ҳамаҷониба кумак ва мусоидат намоянд.
Унсурҳои дигаре ба мисли маҳалгароӣ, рушди номутаносиби минтақаҳои ҷумҳурӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва камбизоатӣ низ имрӯз мушкилоти ҷомеаи мо мебошанд. Олимон ва донишмандони илми ҷомеашиносии ҷаҳонӣ мегӯянд, ки замоне маҳалгароӣ хоси ҳамаи миллатҳои ҷаҳон буд, вале дар ҷараёни рушди ҳарчи бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешрафти демократия дар чунин ҷомеа тадриҷан аз байн рафтааст. Аммо бояд зикр кард, ки дар шароити кунунӣ миллати тоҷик вақти зиёд ва ё фурсати таърихӣ надорад ва наметавонад солҳои дароз ин зуҳуроти номатлубро таҳаммул намояд. Ҳама бояд дарк кунанд, ки бегонагон метавонанд дубора аз маҳалгароии мо суиистифода намуда, миллатро ба муқобили ҳам бархезонанд. Хушбахтона, имрӯз миллати тоҷик ботаҷриба шудааст ва дигар фиреби бегонагонро нахоҳад хӯрд, аммо хатари ин зуҳуроти номатлуб ва ношоиста барои ҷомеаи кишвари мо хеле ҷиддӣ аст.
Иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои зикргардида, таҳкими сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеаи тоҷик дастгирӣ мешавад ва миллат омода аст, ки ба Ҳукумати худаш дар ин самт ҳамаҷониба кумак ва мусоидат намояд. Мову шумо ба қудрати созандаи халқамон, пояндагию устувории Ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолӣ ва ояндаи ободу неки Ватани азизамон эътимоду эътиқод ва итминону бовар дорем.
Эътимоди комил дорем, ки миллати сулҳофарини мо, ки аз мушкилтарин марҳалаи таърихӣ сарбаландона берун омада, тамоми мушкилоти дигарро бо ҷиддияти хос пушти сар хоҳад кард ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ҷаҳони имрӯз бо пешрафту дастовардҳои арзанда муаррифӣ хоҳад намуд.
Мирзо Ашӯров,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Корманди шоистаи Тоҷикистон