Фарҳанги мардуми тоҷику форс дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ ҷараёну мактабҳои фикрии зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ки боиси ғановат ва таровати ин тамаддуни куҳан гардида, рангорангию мухталифӣ ва дилкашию дилнишинии онро таъмин сохтаанд. Яке аз мактабҳои бузурги ин фарҳанг тасаввуф аст, ки ба эътирофи муҳаққиқони чи Шарқу чи Ғарб, байни ҳаводису воқеоти фарҳангии  таърихи мо чун ахтари тобоне дар самои фарохи илму маърифати асрҳои миёна равшанӣ месозад.

Тасаввуф ҳамчун омезиши дину фалсафа, афкори дунявиву ирфонӣ аз таълимоти ҷараёнҳои мухталиф реша гирифта, дар тӯли зиёда аз даҳ сада бо роҳҳои гуногун инкишоф ёфтааст. Агар андешаҳои сӯфиёнаро аз як тараф мутафаккирони алоҳида рушд бахшида бошанд, аз тарафи дигар онҳоро мактабҳои тасаввуфӣ, ки бо номи тариқат ё силсила машҳуранд, вусъат додаанд. Шумораи мутафаккирони мутасаввиф ва тариқатҳои тасаввуфӣ хеле зиёд аст, вале байни онҳо чунин шахсиятҳо ва мактабҳое вуҷуд доранд, ки аз назирҳои дигари худ фарқ мекунанд. Таърихи тасаввуф ва умуман, таърихи фарҳанги халқи моро бе вуҷуди онҳо ба таври мукаммал тасвир кардан душвориҳои сахтеро ба пеш меорад. Барои исботи ин сухан кофист, ки номи орифи ҷаҳонгир, шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ (1207–1273) ва тариқати ӯ – мавлавияро ба забон оварем.

Таълимоти Мавлоно ва мавлавия дар тӯли мавҷудияти худ дар сарзаминҳои мухталиф интишор ёфт. Оне, ки ин тариқат дар Рум пайдо шуда, анқариб тамоми ин сарзамин, яъне Туркияи имрӯзаро фаро гирифт, шакке надорад. Мусаллам аст, ки намояндагони тариқат дар Шом (Сурия), Ироқ, Миср ва ҷазираҳои атрофи Осиёи Хурд буданд. Афкори онон минбаъд бевосита ё тавассути дигар мутасаввифону уламо, адибону аҳли ҳунар ва ҳамчунин аз тариқи мактабҳои дигари тасаввуфӣ, хусусан, чиштия, қодирия, нақшбандия ва ҷараёни «хоксориҳо» ва ғайра дар асрҳои миёна ба Эрон, Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Ҳиндустон, Ҷануби Русия  ва ғайра паҳн гардиданд.

Дар даврони муосир бошад, дар кишварҳои мухталифи олам пайравони зиёди назария ва амалияи Мавлоно ва мавлавия фаъолият мебаранд. Аз ҷумла, дар ИМА чунин ашхос хеле зиёданд. Ҳамчунин, дар ин кишвар аз соли 1997 ин ҷониб, ба шаҳодати муҳаққиқи амрикоӣ Ф.Д.Люис, китобҳои чопшудаи Мавлоно ба ҳайси бестселлер–пурхаридортарин шинохта шудаанд.

Муҳаққиқони сершумори афкори ин мутафаккир ҳамчунин зикр мекунанд, ки таъсироти ӯ ва тариқати мавлавия дар минтақаҳои гуногуни Аврупо, аз қабили Англия, Олмон ва Дания, дар кишварҳои гуногуни  Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ мушоҳида мешаванд. Тавассути технологияи муосир, аз ҷумла шабакаи интернет ҳазорон сомонаҳо, ки ба ҳаёт, фаъолият ва мероси Мавлоно ва мавлавиён бахшида шудаанд, вуҷуд дорад. Барои айёният кофист тазаккур диҳем. ки  танҳо як низоми ҷустуҷӯии “Гугл” бо зикри номи Мавлоно 794 ҳазор ба забони русӣ ва қариб 24 миллион ба забони англисӣ натиҷа пайдо мекунад.

Оне, ки Мавлоно имрӯз ба тамоми ҷаҳониён маълум аст ва ба мероси ӯ на танҳо муҳаққиқон, балки мардуми одӣ низ муроҷиат мекунанд, гувоҳи аҳамияти бузурги ақоиди Мавлоно ва мавлавия барои ҷаҳони муосири мост. Вале сабабҳои чунин шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани Мавлоно дар чист?

Ба ин савол ҷавоб ҷуста, олими тоҷик, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Кароматулло Олимов қайд мекунанд: Ин боиси шодист, ки мероси маънавии як шоири тоҷику ориёинажод дар ҷаҳони Ғарб чунин шуҳрати бузург пайдо кард ва албатта, сабаби ин падидаи  фарҳангиро бояд ҷустуҷӯ кард, зеро дар олами Ғарб шоирону нависандагон ва файласуфону мутафаккирони шуҳратманд кам нестанд ва дар ин миён  шоири маҳбуби ғарбиён  шудани Мавлоно амри тасодуф нест. Яке аз сабабҳои чунин шуҳрат пайдо кардани Мавлоно, бешубҳа, аз мазмунҳои инсонпарварона ва таҳаммулгароёна, аз ишқи самимона ба инсон ва Худованд саршор будани осору афкори мутафаккир мебошад. Аз тарафи дигар, дар минтақаи наздик ба кишварҳои ғарбӣдар Рум зиндагӣ ва эҷод кардани ӯ ва аз ҷумлаи асосгузорони адабиёти турк шудани писараш Султонвалад барои пули фарҳанги Шарқу Ғарб гардидани Мавлоно сабаб шуда, шуҳрати ӯро хеле афзудааст.

Вале боиси таъкид аст, ки чун аз шуҳрати Мавлоно масъалагузорӣ мекунем, бояд сабабҳои инро дар марзи сухани тоҷикию форсӣ дар алоҳидагӣ ва дар байни мардуми Ғарб мусатақилан баррасӣ созем.

Дар бораи маҳбубияти мутафаккир дар байни ориёизабонон сухан карда, донишманди зиндаёди тоҷик, устод Расул Ҳодизода барҳақ таъкид дошта буданд, ки фаҳмонидани таълимоту мафҳумҳои сӯфиёна бо истифодаи ҳикоёту тамсилҳо аз эҷодиёти шифоҳии мардуми Машриқзамин “Маснавии маънавӣ”-ро на танҳо дастраси доираи васеи омма гардонид, балки шуҳрати муаллифро низ дар ин сарзамин даҳчанд афзуд.

Дар ҳақиқат ҳам, Мавлоно анъанаи Саноиву Атторро дар шеъру адаб ва тасаввуф идома бахшида, андешаҳои худро ба мардум нигаронид, ба аҳли касбу ҳунар пайваст ва тавассути истифода аз усули “қисса андар қисса” таълимоти мушкилфаҳми ирфониро дар дастрасии ҳамагон қарор дод. Шеъри содаву равон, хушоҳангу хушқофия, хушрадифу қолабшикани ӯ мардумро ба таронасароӣ ва рақсу самоъ бархезонид ва далели бузургии ин мутафаккиру шоири тавонои тоҷик ва сабабгори асосии маҳбубият ва шуҳрати муаллиф шуд. Барои мисол мехостем як байти шоирро, ки то чӣ андоза мардумӣ будани тафаккури ӯро ҳатто дар баёни мавзуъҳои олии орифона баръало нишон медиҳад, иқтибос биёрем:

 

Ман сар нахӯрам, ки сар гарон аст,

Поча нахӯрам, ки устухон аст.

Бирён нахӯрам, ки ҳам зиён аст,

Ман нур хӯрам, ки қути ҷон аст…

Хурдам зи сари ду поча якчанд,

Аз поча сари маро зиён аст.

З-ин пас сари поча нест моро,

Морову касе, ки аҳли хон аст.

Маҳбубияти Мавлонои қолабшикан то андозае дар байни мардуми ориёизабон боло рафт, ки худи онҳоро низ дар муносибат ба шахсият ва осори ӯ ба шикастани қолабу анъанаҳо водор сохт. Кофист тазаккур диҳем, ки донишманде таъкид дошта, ки агар дар ислом “ло набия баъдӣ” (“баъд аз ман паямбаре нест») набудӣ, Мавлоно ҳатман дар чунин маснад менишастӣ. Суханони машҳуре низ, ки ба Шайх Баҳоӣ ё Абдурраҳмони Ҷомӣ нисбат дода шудаанд, гувоҳи ҳамин маъниянд:

 

Он Фаридуни ҷаҳони маънавӣ,

Бас бувад бурҳони зоташ “Маснавӣ”.

Ман чӣ гӯям васфи он Олиҷаноб,

Нест пайғамбар, вале дорад китоб.

“Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ

Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Ҳамчунин, дар ибтидои қарни мо дар Эрон аз ҷониби доктор Ҳусайн Илоҳии Қумшаӣ ба чоп расонидани “Гузидаи “Фиҳӣ мо фиҳӣ”, ки дар қиёс бо Қуръони маҷид аз 114 пора иборат аст, боз як нишонае аз ин “қолабшиканиҳо” буд.

Ҳамзамон,  таъкид бояд дошт, ки шуҳрати Мавлоно дар замонааш ва дар асрҳои минбаъда на ба ҳама писанд афтода буд. Дар ин хусус дар як қомусномае бо забони русӣ барҳақ қайд гардидааст, ки “Маснавии маънавӣ” яке аз маҳбубтарин китобҳои хонданбоб барои аҳли ислом, ба истиснои рӯҳониёни мутаассиб буд”. Чунин ашхоси мутаассиб  “Маснавӣ”-и Мавлоноро каломи сӯфиёни шум меҳисобиданд ва ҳатто мекӯшиданд, ки ӯро бо донишмандони дигар “ҷанг андозанд”. Доир ба маънии охирӣ баъзе гуфтаҳо дар бораи муносибати Мавлоно ва Саъдии Шерозӣ ҷолиб аст.

Чуноне ки аз маъхазҳо маълум аст, Мавлоно бо шахсиятҳои бузурги замонааш вохӯрдааст, ки аз ҷумлаи онҳо Шайх Саъдии Шерозӣ, Фахруддини Ироқӣ, Қутбуддини Шерозӣ ва дигарон будаанд. Дар “Бӯстон”-и Саъдӣ ёддоштҳое чун мардест покизабум, шиносову раҳбар дар ақсои Рум ва Донои Вахш дучор меоянд, ки онҳоро муҳаққиқон ҳамчун ишора ба Мавлоно донистаанд, вале баъзе тазкиранигорони асримиёнагӣ ва адабиётшиносони муосир дар бораи ба таъну таъриз – маломату киноя ҷавоб гуфтани ин шоиру донишманд ба ғазали машҳури Мавлоно – «Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр, К-аз деву дад малуламу Инсонам орзуст»–сухан гуфтаанд, ки комилан иштибоҳ аст. Ба қавли ин муҳаққиқон Саъдӣ гӯё чунин ғазале дорад:

Аз ҷон бурун наёмада, ҷононат орзуст,

Зуннор нобуридаву имонат орзуст.

Бар даргаҳе, ки навбати “ҳаб лӣ” ҳамезананд,

Мӯре найию мулки Сулаймонат орзуст.

Марде наию хидмати марде накардаӣ,

В-он гоҳ саффи суффаи мардонат орзуст.

Фиръавнвор лофи “аналҳақ” ҳамезанӣ,

В-он гоҳ қурби Мӯсии Имронат орзуст…

Бо вуҷуди ин ҳама таассубкориҳои душманони ақоидӣ шуҳрати Мавлоно заррае ҳам кам нагардид, баръакс, нуфузи ӯ дар тамоми олами исломӣ болотар рафт ва офтобе, ки мутафаккир ба он муроҷиат карда буд, хонаи дӯстонашро пурнур, қалбҳои ононро шод ва душманони ӯро кӯр гардонид. Ин аст, ки дар қомусномаҳои ғарбизабон ҳам навиштаанд, ки  Ҷалолуддини Румии Балхӣ на танҳо шоиру тоҷику форс,  балки умумисломист – «дар Туркия ва Ҳиндустон шуҳрати ӯ зиёдтар аз Эрон аст».

Ба ҳамин тариқ, шуҳрати Мавлоно дар Машриқзамин шакку шубҳае надорад ва сабабҳои он маълуманд. Вале акнун бубинем, ки чӣ омилҳое боис гаштаанд, ки ин мутафаккири тоҷик дар ақсои Ғарб низ аз баъзе мутафаккирони худи ин сарзамин шуҳрату овозаи зиёдтаре пайдо кардааст.

Дар олами Ғарб Мавлоноро бузургтарин шоири назми ирфонӣ ва шинохтатарин донишманди мутасаввиф донистаанд. Олими машҳури олмонӣ Георг Гегел дар китоби шуҳратёри худ – “Қомуси илмҳои фалсафӣ” ин мутафаккирро бо номи “Ҷалолуддин Румии олиҷаноб” ёд карда, беҳтарин намунаи ашъорашро дар тарҷумаи моҳиронаи Рюккерт иқтибос овардааст. Муҳаққиқи шӯравӣ Радий Фиш Мавлоноро хирадмандтарин шоирони Шарқ шумурда, таъкид доштааст, ки аз шеъри ӯ Гегел ва Гёте, Нозим Ҳикмат ва Иқбол ҳаловат бурдаанд. Академики рус В. Шеремет ӯро аз зумраи мутафаккироне медонад, ки тафаккури миллионҳо одамонро тасхир кардаанд.

Чун аз шиносоии мутафаккирони бузурги Ғарб бо ашъори Мавлоно сухан мегӯем, таъкид доштан зарур аст, ки ин донишмандон ба ашъору афкори мутафаккири тоҷик тавассути тарҷума дастрасӣ доштанд. Ва чун аз боби тарҷума сухан меравад, зикр бояд намуд, ки тарҷумаи моҳирона низ яке аз сабабҳои шуҳратёр шудани Мавлоно ва шоирони дигари форсу тоҷик дар ақсои олам аст. Дар ин хусус мехостем барои қиёс як далелеро аз таърихи тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём дар Ғарб ёдрас шавем.

Чуноне ки маълум аст, дар солҳои панҷоҳуми қарни нуздаҳум шоир ва тарҷумони англис Эдвард Фитсҷералд бо ашъори Хайём ошноӣ пайдо карда, дар соли 1859 достоне бо номи “Рубоиёти Хайём” эҷод кард. Бо чопи ин достон, ки аз ҷиҳати бадеияту мавзӯъ комилан падидаи нав буд,  дар мамолики ғарбӣ як беморие бо номи “гирифторӣ бо Хайём” хуруҷ кард. Ҳатто дар соли 1940, ба шаҳодати шарқшиноси шӯравӣ А.А. Семенов теъдоди китобҳои чопшуда аз рубоиёти Хайём аз миқдори китобҳои интишорёфтаи тамоми шоирони дигари олам дар маҷмуъ зиёдтар буд.

Ба ҳамин минвол сарнавишти шеъри Мавлоно низ дар Ғарб сурат гирифт. Ривоят мекунанд, ки чун нахустин муҳаққиқони ғарбӣ ба маркази Хилофати Усмониён–Туркияи муосир ворид шуданд, қабл аз ҳама таваҷҷуҳи онҳоро дарвешони чархон–рақси самоъ дар иҷрои пайравони Мавлоно ва мактаби тасаввуфии ӯ–мавлавия ҷалб сохт. Маҳз ҳамин буд, ки аввалин ховаршиносони ғарбӣ асосан ба қироат ва тарҷумаи ашъори Мавлоно машғулӣ доштанд. Дар натиҷаи ин заҳматҳо тарҷумаҳои Йозеф фон Хаммер-Пургштал дар соли 1818, Фридрих Рюккерт дар соли 1819, Винсенс фон Розенсвайг-Шваннау дар соли 1838, Рейнолд Николсон дар соли 1898 ва каме дертар тарҷумаҳои Арберри бо забонҳои олмонӣ ва англисӣ рӯйи кор омаданд. Мутарҷими Мавлоно Фридрих Рюккерт, ки маҳз тавассути ӯ Гегел ва Гёте бо Мавлоно ошноӣ пайдо карданд, ба василаи ин тарҷумаҳо жанри ғазалро низ ба адабиёти олмонӣ ворид сохт.

Ҳамчунин қобили тазаккур аст, ки тарҷумаи шеъри ирфонии Мавлоноро баъзе рӯҳониёни масеҳӣ мехостанд ҳамчун муқовимат ба интишори васеи шеъру ақидаи Хайём дар олами Ғарб истифода кунанд. Аз ҷумла, муҳаққиқи Олмон А. Шиммел таъкид доштааст, ки дар соли 1903 фақеҳи масеҳии шотландӣ Уилям Хасти тарҷумаҳои олмонии Мавлоноро, ки аз ҷониби Рюккерт ба сомон расида буданд, дар шакли ғазал ба забони англисӣ баргардонид, то ба парастиши шеъри хайёмӣ оид ба майгусорӣ байни масеҳиён анҷом бахшад. Дар ҳар сурат, боиси зикри хос аст, ки ҳамин тарҷумаҳои моҳирона ва интихоби дурусти мутарҷимон, ки беҳтарин ғазал ва тамсилҳои Мавлоноро мавриди тарҷума қарор доданд, сабабгори нахустини интишори осори Мавлоно дар кишварҳои Ғарб ва минбаъд боиси шуҳрати оламшумули ӯ дар ин сарзамин гардиданд.

Сабаби дигар ва ба эътиқоди мо, асоситарин омили шуҳрат пайдо кардани Мавлоно дар Ғарби илмпараст ин беназирии ақоид ва тарзи тафаккури ӯ буд, ки ғарбиён тавассути тарҷумаҳо бо онҳо ошноӣ пайдо карданд. Барои мисол мехостем дар поин чанд андешаи мутафаккирони ғарбиро бо андешаҳои Мавлоно қиёс намоем.

Чуноне ки маълум аст, таълимоти файласуфи голандӣ Р.Декарт (1596–1650) дар асри 17-и милодӣ  бо тезиси машҳури “Ман шак меорам, пас ман андеша меронам, ман  андеша меронам, пас ман вуҷуд дорам” дар соҳаи маърифатшиносӣ шуҳрати беандоза бузурге пайдо карда буд. Оне, ки чор аср муқаддам Мавлоно бар он буд, ки ҳар маърифат аз шак сар мезанад ва суханони монанд ба Р.Декарт  гуфтааст, наметавонист файласуфони ғарбиро дар ҳайрат наандозад:

Ҳар киро дар ҷон Худо бинҳад маҳак,

Ҳар яқинро боз донад ӯ зи шак.

Ё худ, файласуфи олмонӣ И.Кант (1724–1804) дар таълимоти машҳури ахлоқии худ чунин ақидаеро иброз дошта буд, ки нафсу аффект халалрасони маърифат, инкишофёбанда, “варами саратонӣ барои ақли поки амалӣ” ҳастанд. Олимони ғарбӣ аз таълимоти Мавлоно дарёфтанд, ки ӯ хеле аз ин барвақттар нафсро роҳбанди маърифат дониста, ба таври ба И. Кант монанд онро ба мори оқибат ачдаҳошаванда ташбеҳ додааст.

Ва ниҳоят, як хусусияти муҳими олам, аз нигоҳи Мавлоно Румии Балхӣ, мавҷудият ва муборизаи зидҳо дар он аст – … Пас бинои халқ бар аздод буд. Ин ҷанбаи таълимоти ӯро академик А.Баҳоуддинов таҳлил карда, навиштааст: “…масъалаҳои зиёде, ки аз ҷониби Гегел ҳал шудаанд, Румӣ ҳанӯз 500 сол муқаддам гузошта ва қисман ҳал сохта буд”. Ва табиист, ки суханони Мавлоно дар бораи зидҳо наметавонистанд, ки Гегелро, асосгузори диалектика–таълимот дар бораи зидҳоро дар Ғарб, ба завқ наоранд ва водор насозанд, ки ашъори ӯро “олиҷаноб” наҳисобад.

Маҳз ҳамин шуҳрати беназир буд, ки дар соли 2005, ҳангоми аз ҷониби Конфронси Кулли ЮНЕСКО ҳамчун “Соли Мавлоно” эълон гардидани соли 2007, ин қарор аз ҷониби тамоми ҳайати давлатҳои ғарбии узви ин созмон тарафдории комил пайдо кард ва таҳти рақами 54 аз 13 апрели соли 2005  ба тасвиб расида, комилан иҷро гардид.

Дар фарҷоми сухан бори дигар таъкид карданием, ки сухани нотакрори Мавлоно, ки аз қолаби фазову вақт берун рафт ва дархури ниёзмандиҳои тамоми инсоният новобаста аз ирқу нажод ва кешу дин гардид, сабаби асосии шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани ӯст. Маҳз ба ҳамин маънӣ ишора карда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2007 дар суханронии хеш ба муносибати 16-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 800-умин солгарди зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ  таъкид карда буданд: Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. ӯ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯйи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошад.

Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки шеъри инсонгароёнаи Мавлоно ҳамеша дар тамоми ақсои олам шуҳратёру ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва сухани берун аз марзи дину кешҳои маъмул, ки ӯ дар шакли манзуму мансур бо забони ноби тоҷикӣ гуфтааст, ҷовидона чун иршод барои кулли абнои башар хизмат хоҳад кард.

Хуршед Зиёӣ,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед