Аз таърихи тайкардаи инсоният маълуми ҳамагон аст, ки дар давраҳои гуногуни ҳаёт марҳалаҳои гузариши давлатдорӣ аз як сохти ҷамъиятӣ ба сохтори дигар бо сабабу омилҳои  гуногун вазъи сиёсӣ, шохаҳои роҳбари таъминкунандаи амнияту ваҳдат, риояи қонунҳои амалкунанда, рушди иқтисодию иҷтимоӣ чӣ гуна халалдор гардида, боиси нобасомониҳо, хунрезию парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавму миллатҳо ва давлатҳо гардидаанд. Миллати тоҷикро дар масири таърих борҳо хатарҳои парокандагию нобудшавӣ таҳдид карда буд, аммо дар тӯли бештар аз ҳазор сол ҳувият, фарҳанги миллӣ ва забони давлатии худро аз маҳвшавию парокандагӣ наҷот дода тавонист.

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз воқеаи муҳимми таърихӣ ба шумор меравад. Танҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон тавонист ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи байналмилалии миллии худро ба ҷаҳониён муарифӣ кунад, ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон шинохта шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихии беандоза муҳимми Истиқлолияти давлатиро чунин арзёбӣ кардааст: “Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, бо вуҷуди баъзе беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташаккулу инкишоф ёфт, сабзид ва ба камол расид”.

Истиқлолияти давлатӣ назди миллати тоҷик масъулияти басо муҳим ва тақдирсозро гузошт, ки умдатарини онҳо таъсису пешрафти Артиши миллӣ ва ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, аммо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон бадхоҳони дохилию хориҷӣ бо дахолати мамлакатҳои манфиатдор бо баҳонаи риояи аслҳои демократӣ, истифода аз гурӯҳҳои алоҳидаи сустирода ва зархарид, ки аллакай дар кишвар пайдо гардида, мавқеи худро дарёфта буданд, суистифода намоянд. Онҳо таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи хурофотӣ бо омезиши омилҳои манфии маҳалгароӣ ва мансабхоҳӣ тавонистанд миллати тоҷикро ба вартаи ҷанги шадиди шаҳрвандӣ, майдоншиниҳо, задухӯрдҳо ва ғоратгарию хунрезиҳо кашанд.

Аввалҳои соли 1992 аз бетаҷрибагии мардум саросари кишварро рӯҳияи часпу талошҳо дар қолаби демократӣ ва тафаккури тундгарои динӣ фаро гирифт. Чунин шакл гирифтани рӯҳияи сиёсӣ муносибати ҷудоиандози мардумро ба гурӯҳҳои гуногуни минтақавӣ тақсим шудан асос гузошт. Алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва муқовимату задухӯрдҳои  бо силоҳ Тоҷикистонро фаро гирифт. Ҳолати фалаҷ гардидани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва риоя нагардидани қонунҳои амалкунанда мансабталошиҳо пурра ба назар мерасиданд. Аз вазъияти ба амаломада истифода бурда, бо ном қумандонҳои яроқноки мардумӣ ва ҷонибдорони онҳо пайдо гардида, роҳбариро ба зиммаи худ гирифта, вазъи сиёсии минтақаҳоро ноором нигоҳ медоштанд. Дар як мудати кӯтоҳ тавонистанд ба сохторҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ таъсири манфии худро расонанд, ки барои пешгирии алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ чорае андешида натавонистанд.

Аз ҷониби роҳбарияти он вақта Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № ФП–14, аз 4 январи соли 1992 Кумитаи мудофиа, таҳти № 363, аз 30 сентябри соли 1992 баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 1992, №ФП–188 “Дар бораи таъсиси  Вазорати мудофиа” қарорҳо қабул карда шуда буданд, аммо вазъи ба амаломада тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро ба душворию буҳрони шадид гирифтор намуда буд. Ҳамзамон, васеъ гардидани муқовимати яроқноки ҷанги шаҳрвандӣ имкони амалӣ гардонидани ин қарору фармонҳоро ба таъхир гузошт. 

  Бо талошу дастгирии қувваҳои солими ҷомеаи кишварамон 16–уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи  ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, сохти конститутсионӣ барқарор карда шуд. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ фарзанди фарзонаи миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ ва Роҳбари давлати Тоҷикистон интихоб гардид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте масъулияти Сарварии давлат ва миллатро ба зимма гирифт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ сӯхта истода, дар ҳолати парокандагӣ ва маҳву нобудӣ қарор дошт. Нахустин барномаи тарҳрезигардида роҳи давлатдории миллии тоҷиконро муайян намуд ва онро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд дар пеши худ мақсад гузошт. Ӯ чунин иброз  дошта буд: “Ҷонибдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ба даст овардани сулҳу ваҳдат, баргардонидани тамоми гурезагоне буд, ки аз задухурдҳои дохилӣ Ватанро тарк карда, ба хориҷӣ кишвар ё аз макони зисташон ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ фирор намуда буданд. Мақсади ягона дар ин лаҳзаҳои ҳасос пешгирӣ ва хомӯш кардани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба созишу мувофиқа овардани гурӯҳҳои яроқноки бо ҳам муқовиматдошта ва ҷустуҷӯйи роҳҳои наҷот додани давлат аз нобудшавӣ ва парокандагии миллат равона карда шуд”.

Қарорҳои қабул намудаи Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои мусбати худро доданд. Сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ барқарор карда шуд, пеши роҳи хатари нобудшавии халқу миллат гирифта шуд, оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба тадриҷ хомӯш гардид, ба марҳалаҳои ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид гузошта шуд.

Баъди интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ ва роҳбари давлати Тоҷикистон истиқлолият аз нав тавлид шуд. Агар ба таърихи 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки:

Аввалин кору пайкори абармарди сиёсат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба бо зиёиён, уламои динӣ, занону ҷавонони кишвар вохӯриҳои судманд баргузор намуд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими ҳифзи амнияту субот, Ваҳдати миллӣ, Барномаҳои рушди кишвар, тарбияи наврасону ҷавонон, пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили хурофотпарастӣ, тундгароӣ, ифротгароӣ ва ғайра баррасӣ ва арзёбӣ гардиданд. Таъмини амнияту суботи кишвар муҳимтарин омили рушди давлатдорӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, таҳким бахшидани заминаҳои рушди устувори ҷомеа яке аз масъалаҳои аҳамияти стратеги дошта маҳсуб меёбад.

         Дуюм, пас аз ба кор шурӯъ намудани Ҳукумати қонунӣ дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули қарору қонунҳои мушаххас барои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ҷаласаи мазкур 18-уми декабри соли 1992, таҳти №3, Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки заминаи ҳуқуқии ташкилу таъсиси  Артиши  миллиро фароҳам овард.

Дар он замон аз вуҷуд  надоштани Артиши миллӣ, вазъи мудофиавию амниятии кишвар дар ҳолати ногувор гирифтор буд, хатари воқеии парокандашавии давлати тоҷикон возеҳу равшан ба мушоҳида мерасид.

         Тоҷикистон таъсиси Артиши миллии худро бе ягон заминаи моддию техникӣ дар шароити бениҳоят вазнини иҷтимоию иқтисодӣаз сифр, ки дар минтақаҳои кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, оғоз намуд. Норасоиҳои миқдории зиёди техникию таҷҳизоти ҷангӣ, шумораи ангуштшумори мутахассисони соҳибтаҷрибаи низомӣ дар кишвар ба мушкилот гирифтор буданд. Дигар кишварҳои узви ИДМ бошанд, дар муқоиса бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби сармояи гарони иншооти ҳарбӣ ва лавозимоти техникии гуногун гардида буданд, аммо кишвари мо гирдоби моҷароҳои сиёсӣ соҳиби ягон саҳми ҳамзистии ҳафтодсола дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нагардид.

          Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, Артиши миллӣ дар набардҳои вазнини барқарор намудани сулҳу оромии сартосарӣ дар минтақаҳои кишвар баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии мамлакат талошу ҷонбозиҳои шоистаро анҷом дода тавонист.

Аввалин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон 23–уми феврали соли 1993 доир гардид, ки ҷавонони ватанпарасти кишварамон бо як ҷаҳон ифтихори миллӣ дар сафи он гузаштанд. Барои тарбияи мутахассисони касбии ҳарбӣ садҳо ҷавонони тоҷикро ба омӯзишгоҳҳои олии низомии Фадератсияи Русия ва дигар кишварҳо фиристода шуданд, ҳамчунин, дар Тоҷикистон муддати кутоҳтарин коллеҷу омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ, сарҳадӣ, донишкадаи олии ҳарбӣ таъсис дода шуданд.

 Бо фармону дастурҳои оқилона 23 июли соли 1993, таҳти №296–13, қарореро ба тавсиб расонад, ки тибқи он сохтор ва тарҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайяну мушаххас созад. Инчунин, зимни ин қарор Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон сохтори Дастгоҳи Марказии Вазорати мудофиаи кишварамонро тасдиқ намуд. Дар рафти таъсисдиҳи зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори мазкур ба миён омад, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми августи соли 1994 ин масъаларо аз сари нав мавриди баррасӣ қарор дода, сохтор ва тарҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти вазъияту шароити муосир зимни қарори № 440–9 мутобиқ гардонида, тағйиру иловаҳо ворид намояд. Тибқи санади мазкур сахтори роҳбарият, Дастгоҳи Марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Артиши миллии кишвар мушаххасу муайян карда шуд.

Ҳамзамон, батадриҷ мақомоту хадамот, раёсату шуъбаҳои роҳбарикунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис гардида, ташаккул ёфтанд. Дар асоси сохтори тасдиқгардида барои такмили мудофиавии неруҳои хушкигард, ҳарбии ҳавоӣ, ҳимояи зиддиҳавоӣ, бригадаи зарбазани десантӣ, бригадаҳои таъйиноти махсус, тӯпчиён, раёсатҳои тиббию ҳарбӣ, кимиёвӣ,сохтмонӣ, муҳандисӣ, алоқа, кашфи ҳарбӣ ва ғайра таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намуданд.

         Сеюм, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6–ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои расидан ба Ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гузошта, ба марҳалаҳои ҳассоси таърихӣ, ки асосҳои рукнҳои давлатдории тоҷикон буданд, нақши тақдирсозу заминаи ҳалкунанда гузошт.

Ба маҷмӯи қонунҳои қабулгардида баҳри мутобиқати онҳо ба раванди ҷомеа чандин маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, барои иҷро ва риоя пешниҳоди халқи тоҷик гардонида шуданд. Дар моддаи 43–и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Имрӯз вақте Ватан мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии кишварамонро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар афзудан ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ мебошад.  

Марҳалаҳои муҳимми ташаккул ва рушди Артиши миллӣ

Якум,  мақсади асоси таъсис ва ташаккули неру ва қувваи нави ҳарбии миллие буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қодиру содиқ бошад, тавонад дар ҳама ҳолат озодию манфиатҳои мардуми кишварро таъмину нигаҳбон бошад. Вобаста ба таъйиноти мазкур, қӯшунҳои муташаккили зудамал дар сохторҳои қудратии кишвар таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ карданд, ки вазифаи асосиашон муқовимат ба қувваҳои дохилии зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионии кишвар равона карда шуда буданд.

Дуюм, ин таъсиси сохтори таркиби Артиши миллӣ, ҳаллу фасл ва такмили корҳои ташкилию ташаккули номгӯйи вазифаҳои муайянкардаи онҳо ба анҷом мерасад. Дар ин давра баъди таъсис навъҳои гуногуни Артиши миллӣ, аз қабили қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳуҷуми ҳавоӣ рушду инкишоф ёфтанд, бахусус, ташкили қӯшунҳои зудамал ва таъйиноти махсус дар сохторҳои қудратӣ аҳамияти хосса зоҳир карда шуд.

Сеюм, ин давраи хотимавии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон  байни Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти мухолифин оғоз гардид. Дар ин марҳала ба сохтори таркибии Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ тағйироту дигаргуниҳои ҷиддӣ ба ҳайати штатии онҳо ворид карда шуд.

Баҳри амалӣ гардидани қарордодҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон афсарону сарбозони Иттиҳоди неруҳои опозитсиони тоҷик (ИНОТ), ки теъдоди онҳо зиёда аз 5 ҳазору 500 нафарро ташкил медод, баъди гузаронидани ташхиси тиббӣ ба ҳайати ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  шомил карда шуданд. Чунин миқдор аз рӯйи тартиби муайян ба Вазорати мудофиа, вазоратҳои қудратӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шомил гардонида шуда, дар сафҳои он адои хизмат намуданд. Тибқи муқаррароти Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ) баъди гузаштани комиссияи атестатсионӣ, ки аз ҷониби ҳар ду тараф таъсис дода шуда буд, қисми зиёди онҳо ихтиёран хизмати мулкиро интихоб намуданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои пайвастаи шабонарӯзии худ барои раҳо намудани мардум аз вартаи ҷанги хонумонсӯз пайваста Паёму барномаҳои худро баҳри муҳайё намудани сулҳи устувор, оштии миллӣ, якдигарбахшӣ, поянда нигоҳ доштани аҳдномаи Ваҳдати миллӣ равона гардонида буд.Сарвари давлат дар ҳолатҳои ҷангӣ, вазъи ноустувори сиёсӣ, чандин маротиба ба хориҷи кишвар ва минтақаҳои даргири дохилӣ сафарҳо намуда, бо мардуми осоишта гуфтушунидҳо баргузор намуда, онҳоро ба оштӣ, афву ҳамдигарбахшӣ даъват карда, таҳкид мекарданд, ки ба савганди қабулкардаашон содиқ монанд.  

Сиёсати пешгирифтаи Роҳбари хирадманд таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон, омили асили сулҳ ва истиқлолияти комили давлатӣ мебошад, ки имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гардидааст, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург дошта, ҳамеша дар ҳолатҳои душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъ­матҳои худододӣ истифода намуда, худро аз вартаи ҳалокатбор наҷот дода метавонад. Ба қавли собиқ Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан: “Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳо­фариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд”.

Чорум, бо роҳбарӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохтанд, дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувори худро гузошта тавонист, сохтори системаи давлатдории тоҷиконро аз нав асос гузошта барои насли оянда мукаммал гардонид.

Вазифаҳои минбаъдаи ҳар як сохтори қудрати дар асоси талаботҳои Конститутсия муайяну мушаххас карда шуда Қонунҳои танзимкунанда қабул гардиданд.  

         Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсис ёфтанашон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумат ва Сарфармондеҳи Олии кишвар қарор доранд, ҳамеша баҳри рушди таъминоти онҳо чораҳои мушаххаси саривақтӣ андешида шуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Доктаринаи ҳарбӣ”, Қонун “Дар бораи мудофиа”ва як қатор қонунҳои дахлдори давлатиро барои фаъолияти минбаъдаи сохторҳои низомӣ таҳия карда, ба тасвиб расонидааст, ки шакли сохтори замонавии Қувваҳои Мусаллаҳро муайяну мушаххас ва тасдиқ намудааст, ки ба меъёрҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошанд.

          Панҷум, саҳми Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ иштирок дар муборизаҳои шаддид ва набардҳои  вазнин баҳри таъмини амният, сулҳу суботи кишвар бениҳоят калон аст. Дар ин раванд санъату маҳорати ҷангиро омӯхта, обутоб ёфтааст. Баҳри ҳамкории минбаъдаи ҳарбӣ ба даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ шомил гардида, созишномаҳоро ба тавсиб расонидааст. Дар айни замон бо созмонҳои СААД, ИДМ, СҲШ, СММ,  Атлантикаи Шимолӣ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва ғайра ҳамкориҳои судманд дар чаҳорчӯбаи уҳдадориҳои дуҷониба ташкил карда шуда, як қатор меморандум дар самти минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ба имзо расонида шудаанд.

Дар доираи СААД аз моҳи майи соли 1992 созишномаи ҳамкорӣ баста шудааст, ки дар асоси қарори Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ аз 7 октябри 2002 номи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро гирифтааст. Мақсади СААД нигоҳ доштани мустаҳкамии сулҳ, таъмини устувории амнияти байналмилалӣ дар минтақа, муҳофизат дар асоси мустақилияти дастаҷамъӣ,  якпорчагии минтақавӣ ва соҳибистиқлолии давлатҳои узви ин созмон равона карда шудааст. Баталиони махсус гардонидашудаи десантии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар машқҳои муштараки низомии ҷузъу томҳои артишҳои кишварҳои узви СААД ва СҲШ фаъолона ширкат варзида, афсарону сарбозони тоҷик донишу малака ва таҷрибаи худро сайқал дода, ба нишондодҳои назаррас ноил гардида истодаанд.  

 Бояд қайд намуд, ки яке аз шарикони стратегии давлати мо Федератсияи Русия буда, ҳамкориҳои ҳарбӣ дар ҳама самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд. Дар Тоҷикистон базаи ҳарбии 201-уми Русия ба муҳлати муайян мустақар гаштааст ва мавҷудияти он ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар минтақа равона гардида, он ба манфиатҳои дарозмуддати  ҳар ду кишвар хизматхоҳад кард.

          Имрӯзҳо вобаста ба вазъи мураккаби печида ва ҳассоси ҷаҳони муосир, буҳрони шаддиди геополитикии сайёра, афзоиши таҳдиду хатарҳои минтақавию умумиҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, густариш ёфтани падидаҳои нангину хатарноки терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ рӯй ба афзоиш овардаанд. Дар назди ҳайати шахсии тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаҳои ниҳоят муҳиму тақдирсоз гузошта шудааст, ки иҷрои онҳо, пеш аз ҳама, зиракии сиёсӣ, хизмати ҳушёронаи шабонарӯзӣ, фидокорӣ ва мутобиқсозии оқилонаву муассири фаъолияти ҳар як неруи дифоии мамлакатро тақозо мекунад.

           Гузаронидани машқҳои муштарак бо иштироки ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳиме мебошанд, ки ба болоравии сатҳи маҳорату малакаи ҷангии Артиши миллӣ ва таҳкими қобилияти мудофиавии давлати миллӣ мусоидат менамояд.  

         Дар самти сиёсати хориҷӣ робитаҳои байналмилалии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо кишварҳои узви СААД, СҲШ махсусан, бо Федератсияи Русия ва Қазоқистон, Қирғизистон сохторҳои низомии давлатҳои ҳамсоя, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, ИМА ва Эрон хеле густариш ёфтааст, кумаку дастгириҳои моддию техникии тарафайн барои мустаҳкамии ҷузъу томҳои низомӣ расонида мешавад.

          Артиш–симои миллат ва бақои умри давлат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, нигаҳдори сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Эътимоди мардум бояд комил бошад, ки Артиши миллии мо барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва амнияти мамлакатамон баҳри пешгирии ҳама гуна  ҳамла ва таҷовузи бегона қодир аст.  

Саидхоҷа Акбаров,

коршиноси масоили амниятии

Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Чоп кунед