Дар бораи воқеаҳои февралии соли 1990 – “баҳманмоҳи хунин”, ки сӣ сол пеш дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ омада буд, хулосаи комиссияи тафтишотии вобаста ба он нишон дод, ки гунаҳкори асосии воқеаҳои мазкур маҳз роҳбарону масъулони ташкилоти террористӣ — экстремистии наҳзат ва собиқ қозӣ Тӯраҷонзода ва пайравони ӯ буданд. Беҳуда нест, ки марҳум Қаҳҳор Маҳкамов – муншии аввали ҳизби ҳокими пешини Тоҷикистон, ки он рӯзҳо зимоми давлати кишварро ба даст дошт, дар мусоҳибае бо як рӯзномаи русзабони Тоҷикистон онҳоро “кучка террористов” номида буд.

Рӯҳонияти мазҳабии мутаассиб, ки ба наҳзат ва пайравони собиқ қозӣ Тӯраҷонзода мансуб буданд, бо дастури сарпарастони хориҷиашон вазъияти ҳамонвақтаи Иттиҳоди Шӯравии собиқро, ки рӯ ба вайроншавӣ дошт, ба назар гирифта, мақсади ғасби ҳокимияти сиёсӣ доштанд. Бо ин мақсад онҳо барои бадном кардани роҳбарияти собиқи Тоҷикистон ва ноором сохтани вазъият, аввал овоза паҳн карданд, ки гӯё ба арманиҳои дар натиҷаи заминҷунбии Арманистон зарардида (ин заминҷунбии харобиовар моҳи декабри соли 1989 дар Арманистон рух дода буд) дар шаҳри Душанбе манзилҳои истиқоматӣ медода бошанд. Ин тоифа ба он хотир чунин овозаро паҳн карданд, ки медонистанд, масъалаи таъмини аҳолии Душанбе бо манзил дар он замон ниҳоят мушкил ва ҳалталаб буда, ҳазорҳо нафар дар навбати хонагирӣ меистоданд. Дар натиҷа, як қисми одамони аз асли воқеа бехабар ба ин иғво дода шуданд ва мисли гумроҳон бо даъвати таблиғгарони наҳзатӣ дар майдон ҷамъ омаданд.

Барои роҳбарону масъулони наҳзатӣ ва пайравони собиқ қозӣ Тӯраҷонзода дар аввал танҳо як баҳонае даркор буд, ки мардумро ба хиёбонҳо бароранд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ин усули санҷидашударо сарпарастони хориҷиашон ба онҳо аллакай омӯзонда буданд. Издиҳоме, ки дар майдон ҷамъ омада буд, фақат рӯзи аввали шӯриш мухолифати худро оид ба масъалаи ба арманиҳо додани манзилҳои истиқоматӣ дар миён гузошта буд. Вале, аллакай дар рӯзи дуюми шӯриш талаботи онҳо тамоман дигар, яъне истеъфои роҳбарияти сиёсӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон шуд.

Албатта, чунин ранг гирифтани ҷараёни воқеаҳо, аз берун роҳнамоӣ гардидан ва аз тарафи муллоҳои наҳзатӣ ва пайравони собиқ қозӣ Тӯраҷонзода роҳандозӣ шудани “баҳманмоҳи хунин”- ро исбот мекард. Мутаассифона, воқеаҳои февралии соли 1990 боиси марги чандин ҷавон гардид ва дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ нуқтаи назари манфиро нисбат ба миллати мо ба миён овард.

Аммо, он замон аксарияти мардум ва ҳатто, роҳбарону масъулони сохторҳои муҳими давлатӣ бар асари камтаҷрибагӣ ба асли воқеа дуруст сарфаҳм намерафтанд. Як қисми зиёиёну кормандони масъули давлатӣ ҳам фирефтаи макри наҳзатиҳо ва пайравони собиқ қозӣ Тӯраҷонзода шуданду гумон карданд, ки ҳамин гуна амалҳо дар он шароит дурустанд ва ба иштибоҳоти нобахшиданӣ роҳ доданд.

Ифротиёни наҳзатӣ ва Тӯраҷонзода бо пайравонаш, ки он замон аллакай мавҷудияти худро ошкор карда, ҳамчун як неруи фурсатталаб, манфиатҷӯ ва вобастаи доираҳои мазҳабии хориҷӣ ба майдони сиёсии кишвар ворид шуданд, то андозае ба ҳадафи нопоки худ расиданд.
Яъне, бо роҳандозии он шӯриш наҳзатиҳо ва собиқ қозӣ Тӯраҷонзода дар Тоҷикистон аввалин бор вазъияти нооромро ба амал оварданд, боварии байни одамон ва шаҳрвандон ба Ҳукумат аз байн рафта буд, дар ҷомеа таблиғоти пурзӯри мазҳабӣ, ифротгароӣ ва зӯроварӣ шурӯъ шуд.
Барои наҳзатиҳо ва собиқ қозӣ Тӯраҷонзода маҳз чунин вазъият даркор буд, ки суботу оромии кишварро аз байн баранд, норозигии аҳолиро афзоиш диҳанд ва ҷомеаро ба самти барои худашон даркорӣ равона созанд. Онҳо бо ин амалашон барои фаъолияти минбаъдаи тахриботии худ замина гузоштанд. Баъд аз воқеаҳои февралӣ наҳзатиҳо ва собиқ қозӣ Тӯраҷонзода фаъолияти табоҳкоронаи худро вусъат дода, таблиғоти динии барои мардуми мо бегона, бадномсозии мақомоти давлатӣ ва мазҳабисозии ҷомеаро пурзӯр намуданд.
Бо дастури сарпарастони хориҷии худ ва истифодаи усулҳои санҷидашудаи хадамоти махсуси баъзе кишварҳо, наҳзатиҳо ва собиқ қозӣ Тӯраҷонзода дар як муддати кӯтоҳ дар кишварамон сохти конститутсионӣ, демократия ва дунявиятро аз байн бурданд, фаъолияти сохторҳои давлатиро фалаҷ карданд, мардумро ба гурӯҳу маҳалҳо, “мусулмон”-у “кофар” ҷудо карданд ва оқибат ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намуданд.

Яъне, тамоми фаъолиятҳои тахрибкорона, табоҳкорона ва сӯзандаи наҳзатиҳо ва пайравони собиқ қозӣ Тӯраҷонзода дар Тоҷикистон маҳз аз воқеаҳои февралии соли 1990 шурӯъ шуда буданд. Оғози ифротгароӣ, терроризм, қатлу ғоратгарӣ ва дигар ҷиноятҳою даҳшатафкании наҳзатиҳо ва пайравони собиқ қозӣ Тӯраҷонзода аз воқеаҳои февралӣ оғоз шуда буданд. Далелҳои аниқи раднопазир, хулосаи комиссияи тафтишотӣ, нақли садҳо шоҳидони он воқеот кори дасти наҳзатиҳо ва пайравони собиқ қозӣ Тӯраҷонзода будани ҳодисаҳои феврали соли 1990 ва гунаҳкори он даҳшат будани онҳоро исбот кардаанд, ки дигар ягон шубҳае боқӣ намемонад.
Агар масъулони ҳамонвақтаи баъзе сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён ва фаъолони ҷомеа сари вақт аз макри наҳзатиҳо, пайравони собиқ қозӣ Тӯраҷонзода ва мақсади нопоки онҳо огоҳ мешуданд ва пеши роҳи фаъолияти минбаъдаи харобиовари онҳоро ҳамон вақт мегирифтанд, шояд дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ ба амал намеомад ва ҳазорон одам куштаю бехонумон намегардид. Садҳо нафар ҷавонон бо таблиғоти наҳзатиҳо ва пайравони собиқ қозӣ Тӯраҷонзода ба Афғонистону кишварҳои дигари минтақа рафта, террорист намешуданд.

Дар моҳи феврали соли 1990 агар пеши роҳи амалҳои душманона ва хиёнаткоронаи наҳзатиҳо ва пайравони собиқ қозӣ Тӯраҷонзода гирифта мешуд, мо давраи басо нангин, вазнин ва сангини ҷанги дохилиро аз сар намегузарондем ва солҳои навадум ба ҷойи ҷанг дар Тоҷикистон корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ сурат мегирифт. Кишвари мо ҳам, мисли ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ аз мероси шӯравӣ бархӯрдор мегардид ва давлати навини худро мустаҳкам мекард.

Имрӯз, ки дар Тоҷикистон вазъияти орому субот ҳукмрон аст ва мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат муттаҳиданду барои ободии Ватан талош мекунанд, вақти он расидааст, ки сабабгору гунаҳкори воқеаҳои февралии соли 1990 будани ҷинояткорони наҳзатӣ ва пайравони собиқ қозӣ Тӯраҷонзодаро ошкоро эълон кунем ва онҳоро қотеона маҳкум созем. Нагузорем, ки дигар чунин амалҳои палидона ва нангин дар Ватани мо ба амал оянд. Бояд воқеаҳои февралӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон як дарсе бошад ва мо ҳушёр бошем, ки неруҳои бадхоҳ, табоҳкори наҳзатӣ ва пайравони собиқ қозӣ Тӯраҷонзода ва амсоли он бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ дигар дар Ватани мо ҳузур пайдо накунанд ва нақшаҳои нопоки худро татбиқ карда натавонанд.

Азим Собир,

таҳлилгарӣ сиёсӣ

Чоп кунед