Бӯҳрони боварӣ ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар умум тайи чанд соли охир ба падидаи бебаҳси сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Новобаста аз зиддиятҳои шадид ва гуногунии манфиат ва назари абарқудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба проблемаҳои байналмилалӣ, устувории стратегӣ дар миқёси умумиҷаҳонӣ аз ояндаи муносибатҳои Россия, ИМА ва Чин вобастагии калон дорад.

Ин раванд барои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳдиду хатарҳоро ба маротиб меафзояд. Бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ, ки аксар вақт манфиатҳои миллии худро аз ҳуқуқи байналмилалӣ болотар медонанд, яке аз хусусиятҳои хоси бӯҳрони мазкур ба ҳисоб меравад. Набудани ҳамкории самараноки байналмилалӣ, аз ҷумла миёни абарқудратҳо, дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, устувории стратегиро боз ҳам коста мегардонад.

Дар баробари ин, ҳамчунин омилҳои минтақавии зерин вуҷуд доранд, ки барои манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатарзо маҳсуб меёбанд – қарор гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари манфиатҳои геополитикии абарқудратони ҷаҳони муосир; наздикии Тоҷикистон ба минтақаҳои хушунатбор, манбаъҳои зуҳури терроризм, марказҳои таълими ифротгароӣ ва маҳалҳои тавлиди воситаҳои нашъадор; тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар минтақа, хусусан дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ; ҳалношуда боқӣ мондани масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи марзҳо миёни кишварҳои минтақа ва имкони барангехтани низоъҳо миёни қавму халқҳои минтақа ва ғайраҳо.

Ба назари мо, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳамеша ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва Ҳукумати кишвар аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи кишварҳои абарқудратро ба он ҷалб менамуд – масъалаи ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон мебошад.

Ҳатто дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ он вақта Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов роҳҳои ҳалли қазияи мазкурро дар Созмони Милали Мутаҳид пешниҳод намуда буд, ки муҳимтарини он – ташкили камарбанди бехатарӣ дар атрофи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳисоб мерафт.

Ин пешниҳоди Пешвои миллат то ба ҳол муҳим арзёбӣ мегардад. Барои мисол, дар саммити изтирории сарони кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар таърихи 10-уми январи соли 2022, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати ташкили камарбанди бехатариро атрофи Афғонистон ба миён гузоштанд, ки он аз ҷониби роҳбарони СААД дастгирӣ пайдо намуд.

Омили дигаре, ки на танҳо ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба манфиатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид менамояд – ин терроризми байналмилалӣ ва идеологияи ифротгаро, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, дар шароити муосир истифодаи дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ – Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳову ташкилотҳои байналмилалии ифротгаро ва террористӣ таҳдидро ба манфиатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дучанд мегардонад. Ҳалношуда боқӣ мондани проблемаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Афғонистон дар ин самт омили муҳими манфӣ арзёбӣ мегардад.

Мушкилии дигари таҳдидомез, ки дар аввали соли 2020 тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, то ба ҳол идома дорад, яъне паҳншавии босуръати коронавируси навъи “Covid-19”, моро водор месозад, ки барои мубориза бо таҳдиди шаклан ва миқёсан нав – терроризми биологӣ омодагии ҷиддӣ гирем. Ин воқеа нишон дод, ки ягон кишвар ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои пеши роҳи онро гирифтан омода набуд ва то ба ҳол наметавонад, ки самаранок онро мағлуб созад.

Ҳамин тариқ, бояд қайд намуд, ки воқеияти бӯҳрони низоми муносибатҳои байналмилалии муосир имкон намедиҳад, ки дар бораи дар ояндаи наздик ташкил намудани эътилофи ягонаи байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳарф зад. Манфиатҳои абарқудратон гуногунанд ва аксар вақт манфиатҳои миллии як кишвар ба манфиатҳои кишвари дигар мутобиқат намекунанд, ки ин яке аз омилҳои асосии нофаҳмиҳо ва даргириҳои сиёсӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, дар шароити бӯҳрони низоми муносибатҳои байналмилалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими равобити мутаносибат судманд ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллии кишвар тибқи муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷӣ, пеш аз ҳама бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, давлатҳои узви ИДМ, СААД, СҲШ ҷиҳати таъмини амнияти милливу минтақавӣ, инчунин муборизаи самаранок бо таҳдиду хатарҳои замони муосир мувофиқи мақсад аст.

                   Комрон Ҳидоятзода

Сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти

минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед