Ваҳдат, субот, оромӣ ва амнияти давлат муҳимтарин арзишҳое мебошанд, ки бояд дар ҳар шароите ҳифз карда шаванд. Зеро, рушди ҳар як давлат маҳз дар шароити мавҷудияти ҳамин арзишҳо имконпазир аст. Баъд аз хондани гузориши Маркази матбуоти прокуратураи ВМКБ, дар мавриди Зиёбеков Гулбуддин ва ҷамъ омадани чанд ҷавони ноогоҳ дар маркази шаҳри Хорӯғ ба хулосае расидам, ки бадхоҳони миллати тоҷик ва душманони давлат ҳанӯз ҳам кӯшиш доранд суботу оромии ҷомеаи моро халалдор созанд. Ба ҳама маълум аст, ки Ҷумҳуриии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд аст ва волоияти қонун дар мамлакат таъмин аст. Яъне, дар назди қонун ҳама баробар аст ва ҳар касе ба ҷиноят даст мезанад, дар назди қонун бояд ҷавоб гуяд. Зиёбеков Гулбиддин, яке аз ҷинояткороне буд, ки даст ба ҷиноят зада, аз ҷавобгарӣ саркашӣ намудааст. Ҳамон тавре мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ хабар доданд: “сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида намудем, ки чанд ҷавони ноогоҳ ва сода аз ин ҷинояткор ҷонибдорӣ намуда, талош кардаанд, ки бетартибиро дар байни сокинони Хорӯғ ба вуҷуд биёранд. Бояд гуфт, ки чунин рафтори ҷавонон ғайриқонунӣ буда, бар зарари суботу ваҳдати мамлакат аст. Чаро?

  1. Ҷинояткор бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад. Зиёбеков Г., ки ҷиноят карда буд, бояд ба мақомот худро таслим мекард ва муқобилияти мусаллаҳона нишон намедод. Аз ин рӯ, аз он қаҳрамон сохтан, кори ғайримантиқӣ аст. Ба ҷои он, ки аз чунин ҷинояткор ҷонибдорӣ менамоянд, зарур аст, ки дигар ҷинояткоронро ба мақомот таслим намоянд ва дар ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа саҳмгузор бошанд.
  2. Вазъи имрӯзи минтақа ва ҷаҳон хеле мураккаб аст. Як андеша ва амали ғалат метавонад боиси ба вуҷуд омадани нооромӣ гардад. Мо бояд сулҳу суботро аз ҳама бештар ҳифз намоем. Дар ин раванд баъзе гурӯҳҳои ғаразнок ва манфиатдоре мавҷуданд, ки хоҳони мураккаб намуди вазъро доранд. Таъкид намудан зарур аст, ки чунин гуруҳҳо ҳаргиз ба манфиати ҷомеаи мо кор намекунанд. Ва мо бояд ғаразҳои онҳоро дарк намоем ва фирефтаи ҳадафҳои нопоки онҳо нагардем.
  3. Масъалаи дигар ин, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ теъдоди ахбори ғалат ва нодурусте паҳн гардида истодаанд, ки боиси дарки нодурусти масъала гардида истодаанд. Махсусан, дар мавриди вазъи кунунии Хорӯғ ахбороте аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ паҳн гардида истодаанд, ки ҳама ба муқобили манфиатҳои миллии мо ҳастанд. Мо мардуми Тоҷикистон ҳама як миллатем. Аз Бадахшон то Зарафшон ва Кулобу Ҳисору Хатлон мо ҳама тоҷикем ва ҳеҷ касе наметавонад инро инкор намояд. Аз ҳамин лиҳоз, баъзе ифротиёне, ки кӯшиш доранд байни мардум нофаҳмиро ба миён оранд, бояд дар хотир дошта бошанд, ки имрӯз ваҳдати миллии мо қавӣ аст. Дигар ин, ки дар ин раванд моро зарур аст, ки ба манбаъҳои расмии иттилоот такя намоем ва эътимод ба расонаҳои давлатӣ дошта бошем. Ахбороте, ки аз ҷониби ташкилотҳои ифротӣ паҳн карда мешаванд, ягон ҳақиқат надоранд.

Ҳамин тавр, ҳамаи моро зарур аст, ки ба иғвои душманони хориҷӣ бовар накунем ва суботу оромии кишвари худро ҳифз кунем. Бадахшон дарвозаи тиллои Тоҷикистон аст. Сокинони Бадахшон дорои фарҳанг ва ахлоқи бузурги тоҷикиянд.  Мо ҳама медонем, ки Зиёбеков Г., ҷинояткор буд. Аз ин рӯ аз чунин шахс ҷонибдорӣ накунем. Ваҳдату суботи кишвари худро ҳифз намоем.

                                                    Саидшои Камол, сиёсатшинос

Чоп кунед