Хабарҳо аз ҷониби MTC
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

   23.09.2020, шаҳри Душанбе Муҳтарам ҷаноби Раис, Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл, Хонумҳо ва ҷанобон! Нахуст бо камоли майл табрику таҳнияти хешро ба ҷаноби Волкан Бозкир ба муносибати интихоб гардиданаш ба маснади Раиси иҷлоси 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз медорам. Вазъи имрӯзаи…
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Бохтар

   22.09.2020, шаҳри Бохтар Ҳамватанони азиз! Ҳозирини арҷманд! Қабл аз ҳама, ба сокинони шаҳри Бохтар барои пазироии самимӣ арзи сипос карда, ба хонадони ҳар яки онҳо файзу баракат ва зиндагии ободу осуда орзу менамоям. Имрӯз хуб мушоҳида мегардад, ки шаҳри Бохтар дар натиҷаи…
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон

   22.09.2020, ноҳияи Шаҳритус Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар ибтидо ба ҳамаи сокинони заҳматқарин ва бонангу номуси ноҳияи Шаҳритус барои дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар ҷодаи ободкориву созандагии Ватани азизамон арзи сипос менамоям. Дар доираи сафари кории имрӯза мо тасмим гирифтем,…
ЧӢ БОЯД КАРД? Омилҳои хатарноки экстремизм дар фазои интернет

   Дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг, вусъат гирифтани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва гурӯҳҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи осудагӣ ва сулҳу субот дар кишвар ба вазифаи дараҷаи аввал мубаддал гаштааст. Азбаски имрӯз таҳдиди терроризм ва экстремизм ба амнияти ҷаҳони муосир ҳамчун «вабои аср» шинохта шудааст…
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба ҷашни 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид

   21.09.2020, шаҳри Душанбе Муҳтарам ҷаноби Раис, Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл, Хонумҳо ва ҷанобон! Имсол мо 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳидро ҷашн мегирем. Дар тӯли ин солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ тавонист ба як платформаи муҳимму фарогири…
БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ТАЪМИНИ РУШДИ АМНИЯТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ

   Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбад. Мувофиқи моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Инчунин, тибқи моддаи 39 ҳар…
Cуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор

   18.09.2020, шаҳри Ҳисор Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Мо дар давоми чандин рӯзи охир бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, вазъи корҳои саҳроӣ ва ободкориву созандагӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафари корӣ анҷод дода истодаем. Имрӯз бо ҷараёни корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ,…
Мухолифин ё оппозитсяи бе “позитсия”?
   Дар тамоми кишварҳои олам мухолифатҳои мухолифин бо Ҳукуматҳо то сарҳаде идома меёбад, ки масъала дигар на фақат сиёсӣ ва гурӯҳист, балки он ба номуси миллӣ пайванд мехӯрад. Яъне вақте масъалаи манфиатҳои миллӣ ва номуси миллӣ боло мегирад, мухолифин ҳама гуна мухолифатҳоро як…
Саҳми Пешвои миллат дар пешбурди рушди давлатдорӣ
   Дар тӯли таърих ҳар давлату миллатеро зарур меомад, ки роҳбари арзанда ва пешвои муносиберо ба худ интихоб намояд, зеро нақши пешво ё роҳбар дар пешбурди рушди давлатдорӣ нақши муҳимро мебозад. Ҳар кишвар кӯшиш менамуд пешвои арзандаеро интихоб намояд, то дар пешбурди давлатдорӣ…
Истиқлоли сиёсӣ ва ҳифзи он дар ҷаҳони муосир
   “Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошад”. Эмомалӣ Раҳмон Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки озодӣ ва истиқлолият…