Тибқи омори расмӣ, ҳоло Тоҷикистон бо беш аз 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди тиҷоратву иқтисодӣ, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мамлакат мунтазам тамоюл ба афзоиш дошта, соли 2022 беш аз 7,5 миллиард долларо ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2021 25,1 дарсад зиёд мебошад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Туркманистон, аҳаммияти хосса зоҳир менамояд. Дар ин замина, кишвар азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»–и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад.
Муносибатҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду давлати мустақил 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» замина пайдо намуд.
Заминаи шартномавӣ–ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 110 санад ташкил медиҳад, ки муҳимтарини онҳро, хусусан, дар самти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни ҳар ду кишвар, чунин хулоса намудан мумкин аст.
- Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон барои солҳои 2021–2023;
- Харитаи роҳ доир ба зиёд кардани ҳаҷми гардиши савдо барои солҳои 2022–2023 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон;
- Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Туркманистон;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсолот;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ.
Ҳоло ҳар ду кишвар ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар, ҷумла соҳаҳои нақлиёт, маҷмааи сӯзишворӣ–энергетикӣ, саноат, хусусан саноати коркард, тиҷорат ва кишоварзӣ, инчунин ба густариши робитаҳо миёни соҳибкорон, шиносоии мутақобил бо маҳсулоти дар ду кишвар истеҳсолшаванда, омӯзиши имконоти содироту воридот ва ҷустуҷӯи шаклҳои нави пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳавасманд мебошанд. Дар ин ин самт, ҳар ду кишвар дорои имкону захираҳои зиёди ҳануз истифоданашуда мебошанд.
Дар ин раванд, Комиссияи байни ҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ нақши муҳим мебозад. Соли 2022 дар шаҳри Ашхобод ҷаласаи ёздаҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардида, дар доираи он масъалаҳои зерин, ҳамчун афзалият ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни ҳар ду кишвар муайян карда шуданд:
- Афзоиши бо тадриҷи ҳаҷми гардиши мол ва дар ин замина зиёд намудани навъҳои маҳсулоти содиротӣ;
- Фаъолсозии тиҷорати мутақобила ва афзоиши номгӯи маҳсулоти ирсолшуда;
- Тақвияти муколамаи давлат бо бахши хусусии ҳар ду кишвар;
- Тақвияти ҳамкориҳои судманди соҳаҳои саноати метоллургӣ, кимиё, хӯрокворӣ, нассоҷӣ, дорусозӣ.
Дар натиҷаи тадбиқи босамари санаду созишномаҳои қаблан имзошуда, ҳаҷми гардиши мол миёни ҳарду ду кишвар мунтазам тамоюл ба зиёдшавӣ дошта, соли 2021 беш аз 18,1 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба соли 2020 2,7 баробар зиёд мебошад. Ин рақам баландтарин нишондиҳанда аз руйи сурати рушди гардиши моли Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ мегардад.
Ҳарчанд, ки дар нишондиҳандаҳои гардиши мол ва ҳамкориҳои тиҷоратву иқтисодии байни Тоҷикистон ва Туркманистон тамоюлҳои мусбат мушоҳида гардад ҳам, вале сурати рушди он бо дарназардошти мавҷуд будани имконияҳои зиёди истифоданашудаи ҳар ду ҷониб қонеъкунанда нест. Ҳоло барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратву иқтисодӣ миёни ҳар ду кишвар имкониятҳои фарохе мавҷуданд, ки дар сурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҳаҷми гардиши мол миёни ҳар ду кишвар метавонад чандин баробар афзоиш ёбад. Баъзе аз имкониятҳои васеии ҷойдоштаро дар ин самт чунин хулоса намудан мумкин аст:
- Долони мултимодалии Чин–Тоҷикистон–Ӯзбекистон–Туркманистон–Ирон–Туркия. Истифодаи ин долон аз бисёр ҷиҳат, аз ҷумла кам кардани масофа ва арзиши ҳамлу нақли бор нисбат ба дигар долонҳои мавҷуда самаранок арзёбӣ карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки барои ташкил намудани боркашонии мултимодалӣ терминали нави боркашонӣ бо майдони борфурорӣ дар масоҳати 7 гектар ташкил шудааст, ки ба он 4 хатти роҳи оҳан пайваст шуда, ҳамчунин барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб нуқтаи гумрук амал мекунад. Иқтидори боркунӣ ва борфарории терминали боркаш дар як шабонарӯз ҳудуди 3600 тоннаро ташкил медиҳад. Дарозии умумии масири роҳи оҳан 1221 км буда, он аз истгоҳи роҳи оҳани Сарахс (Эрон) тавассути қаламрави Туркманистон 794 км, аз қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон 131 км ва минбаъд тавассути гузаргоҳи байнидавлатии Амузанг– Хушодӣ то истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб 296 километрро дар бар гирифта, роҳи автомбилгард аз Кӯлоб то Қулма–Қарасу 800 километр мебошад. Муҳлати боркашонӣ аз истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ба Туркманистон тақрибан 7 –8 рӯзро дар бар мегирад;
- Истифодаи васеи имкониятҳои бандари байналмилалии баҳрии «Туркманбошӣ» тавассути баҳри Каспӣ ва маркази логистикии Тоҷикистон барои боркашонии транзитӣ;
- Лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон;
- Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, хусусан дар соҳаи саноатӣ метолургия, аз ҷумла хариду коркарди алюминӣ. Дар ин самт, базе аз корхонаҳои давлатии Туркманистон, хусусан Корхонаи давлатии «Nebitmaş» ҳавасандии худро қаблан иброз намуда буд.
- Таъсиси корхонаи муштарак доир ба коркарди нафту маҳсулоти нафтӣ.
Дар амал татбиқ намудани, имкониятҳои мавҷуда ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ҳар ду кишвар таъсири ҳалкунанда хоҳад расонд. Тавре, ки маълум аст, моҳи апрели соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Турманистон Сердар Бердимуҳҳамадов бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи он як қатор санаду созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид, ки ба рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо, аз ҷумла дар самти иқтисодиву тиҷоратӣ, тавассути боз ҳам фаъол гардонидани Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ мусоидат хоҳад кард.
Одиназода А.И.,
сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши
хусусии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон