Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ дар баробари дигар кишварҳо ба рушду густариш муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар ҳолати рушди бомаром қарор дорад, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ин кишварро ҳамчун шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Покистон ҳамчун як кишвари пешрафтаи аграрию агросаноатӣ дар баробари давлатҳои БРИКС ба қатори ёздаҳ мамлакате пазируфта шудааст, ки дорои иқтидори бештаре барои табдил шудан ба яке аз бузургтарин кишвари пешрафтаи иқтисодиёти ҷаҳон мебошад.
Дар рушди иқтисодиёти ин кишвар дар баробари дигар бахшҳо соҳаи саноат нақши муҳим дошта, ҳиссаи он дар маҷмуи маҳсулот тақриба 28 дарсадро ташкил медиҳад. Қисми зиёди истеҳсоли маҳсулоти саноатиро саноати нассоҷӣ дар бар гирифта, саҳми он дар ҳаҷми умумии содирот беш аз 15,4 миллиард долларр ё 56 дарсад арзёбӣ карда мешавад.
Дар баробари соҳаи саноат ба рушди соҳаи кишоварзӣ низ дар ин кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Тибқи таҳлилҳо, ҳоло Покистон яке аз бузургтарин истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол менамояд. Ин кишвар, дар ҷаҳон вобаста ба истеҳсоли чунин маҳсулоти кишоварзӣ ҷойҳои зеринро ишғол менамояд: нахӯд-3, ғалла-7, шолӣ-11, зардолу-6, пахта-5, хурмо-5, найшакар-5, пиёз-7, мандарин-6 ва манго 4. Рақамҳои баёнгардида бори дигар собит месозад, ки ҳар ду кишвар имкон доранд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар баробари дигар бахшҳо дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ рушду густариш бахшанд. Дар ин росто тамомои заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мавҷуд мебошанд.
Ҳоло заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 56 созишномаву шартнома дар бар мегирад, ки муҳимтарини он Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчун механизми ҳамгироии мутақобила ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, ҳоло ҳар ду кишвар талош ба он доранд, ки ҷиҳати таҳким ва тавсеаи бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, ки яке аз ҳадафҳои муҳимму муштараки ҳа ду ҷониб дониста мешавад тамоми механизм ва воситаҳои заруриро бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳарду кишвар васеъ истифода баранд.
То ин ҷониб бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар якчанд маротиба ҷаласаҳои муштарики Комиссияи мазкур баргузор гардида, дар доираи он, аз ҷумла, вобаста ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва соҳибкорию сармоягузорӣ тавофуқҳои муҳим ҳосил шуданд.
Ҳоло барои ҳар ду кишвар рушду минбаъдаи тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, доруворӣ, сайёҳӣ, энергетика, бахшҳои нақлиёт ва ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ, инчунин, густариши робитаҳо миёни соҳибкорон ва омӯзиши имконоти содироту воридотӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин росто, ҳар ду ҷониб дорои имкону захираҳои зиёди ҳануз истифоданашуда мебошанд.
Дар баробари ин, тақвияти савдои транзитӣ аз ҷумлаи самтҳои дигари ояндадори ҳамкориҳо дониста мешавад. Вобаста ба ин масъала, соли 2024-ум дар доираи Созишномаи қаблан имзошуда дар «Дар бораи савдои транзитӣ» зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати пешбари логистикии мултимодалии Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Дар ин замина, соли ҷорӣ аввалин борҳои мустақими дуҷониба дар Тоҷикистон қабул карда шуд. Санади ба имзо расида ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту логистика, тиҷорати транзитӣ, рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва контейнерӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ҷиҳати таъмини бехатарӣ, сабукгардонии интиқоли бор, бунёди инфрасохтори логистикӣ ва хизматрасониҳои сарироҳӣ барои ҳар ду ҷониб мусоидати комил намуда, аз ҷумла ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки аз бандарҳои баҳрии Покистон дар Қарочӣ ва Гвадар барои содирот ва воридоти бор бо харҷи камтарин васеъ истифода намояд.
Иқдоми мазкур бори дигар баёнгари содиқ будани ҳарду кишварро дар самти рушду густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии ояндадор мебошад. Тибқи омори расмӣ солҳои охир дар натиҷаи татбиқи босамари санаду созишномаҳои қаблан имзошуда, ҳаҷми гардиши мол миёни ҳар ду кишвар мунтазам тамоюл ба зиёдшавӣ дошта, соли 2023-ум беш аз 52,7 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба соли 2020-юм 2 баробар зиёд мебошад. Дар ин давра, яъне соли 2023-ум ҳиссаи содироти мол дар ҳаҷми умумии гардиши мол 7,2 дарсад ва воридот бошад 92,8 дарсадро ташкил намудааст.
Маҳсулоти растанипарварӣ, аз ҷумла ангур, гандум, орд, макарон, об, маҳсулоти намак, портландсемент, ангиштсанг, нахи пахта, калобаи пахтагин, матои пахтагӣ, маҳсулот аз санг аз ҷумлаи маҳсулоти содиротӣ ба Покистон ба ҳисоб мераванд.
Воридоти чорвои зинда ва маҳсулоти чорво, биринҷ, картошка, помидор, карам, бодаринг, меваҳои ситрусӣ, харбуза, тарбуз, сабзавот, чарбуи чорво ва равғани растанӣ, маҳсулоти тайёри хӯрока, битум, асфалт, лой, консентрати алюминий, маҳсулоти саноати кимиёвӣ мармар, доруворӣ, нуриҳои маъданӣ, собун, пластмасса ва маҳсулоти аз он, чӯб ва маҳсулоти чӯбӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ришта, матои синтетикӣ, рӯймол, пойафзол, филизоти арзон ва маҳсулот аз он, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ, бахусус, насос, таҷҳизоти коркарди резин, асбоб ва дастгоҳҳои оптикӣ ҳамчун маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон дониста мешаванд.
Аммо, ин нишондиҳанда, яъне сатҳи гардиши молу маҳсулот бо дарназардошти имконияту захираҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда барои ҳар ду ҷониб қонеъкунанда нест. Лозим ба таъкид аст, ки ҳанӯз соли 2018-ум зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони ҳар ду кишвар ба мувофиқа расида буданд, ки ҳаҷми гардиши мол, бахусус дар заминаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва Шурои муштараки соҳибкорон то ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонида шавад. Чуноне, ки болотар қайд карда гузаштем, ҳоло ҷиҳати ноил гардидан ба чунин нишондиҳанда, ҳар ду кишвар дорои зарфияту имкониятҳои фарох мебошанд.
Баъзе аз имкониятҳои васеи ҷойдошта дар ин самт чун омили бо сурати афзоиш додани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот чунин хулоса намудан мумкин аст.
- Истифодаи васеи бандарҳои баҳрии Покистон, аз ҷумла Қарочӣ ва Гвадар, инчунин ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) байни ҳар ду кишвар, ҳамзамон долони иқтисодии Чин-Покистон. Ин бандарҳо масири кӯтоҳтарин ва камхарҷ барои Тоҷикистон буда, ҷиҳати баромадан ба бозорҳи Ховари Миёна ва фаротар аз он, имконият фароҳам меоранд.
- Дар заминаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири покистонӣ таъсиси корхонаю ширкатҳои муштарак, аз ҷумла дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, коркарди нахи пахта, пашму пӯст то ҳадди ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, инчунин, коркарди сангҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон.
- Муаррифии ҳарчи бештари имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои авзалиятноку ояндадор, инчунин, тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти ҷалби сармояи доираҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба иқтисодиёти ҳар ду кишвар.
- Мунтазам ташкилу баргузор намудани намоиши молу маҳсулоти дар ҳар ду кишвар истеҳсолгардида, инчунин, форумҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ва истифода намудани таҷрибаи ғании ҷониби Покистон вобаста ба коркарди ниҳоии маҳсулоти кишварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва саноати сабук.
- Омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани таҷриббаи ғании Покистон, бахусус дар самтҳои истеҳсоли либоса, саноати бофандагию дӯзандагӣ, техникаю таҷҳизоти маишӣ (оиинаи нилгун, телефонҳои мобилӣ, яхдон, мошинаҳои ҷомашӯи ва техникаи компютерӣ), таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ, коркарди чарм. Қобили қайд аст, ки ҳоло саноати чарм дуввумин бахши содиротӣ дар ин кишвар ба ҳисоб рафта, аз ин ҳисоб ҳамасола дар ҳаҷми беш аз 900 миллион доллар маҳсулот содирот мегардад.
- Тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти роҳу нақлиёт, бахусус роҳи иртиботии мошингард Хунҷраб-Каласу то Мурғоби Тоҷикистон, инчунин, роҳи Читрол-Ишкошим-Душанбе. Тадбиқи чунин лоиҳаҳо дар баробари Тоҷикистон ба Покистон имкон имкон фароҳам меорад, ки ба кишварҳои Осиёи Миёна пайваст шавад.
- Боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои кории муштараки қаблан бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо, бахусус соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика густариш ёфта, илова бар ин, тақвият бахшидани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ зарурӣ ва муҳим аст.
Ҳамин тавр, истифодаи босамари чунин имконоту захираҳои мавҷуда натанҳо ба афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ боис гашта, балки замина фароҳам меорад, ки ҳамкориҳои судманди ҳар ду кишвари бо ҳам дусту бародар ба сатҳи шарики муҳими стратегӣ бароварда шавад.
Дар ин самт, сафари дарпешистодаи расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Тоҷикистон, ки дар доираи он ба имзо расонидани бастаи нави як қатор санаду созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун пешбинӣ шудааст, ба рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, бахусус дар заминаи фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, инчунин, Шурои муштараки соҳибкорон мусоидати комил хоҳад кард.
Одиназода А.И., сардори
Раёсати таҳлилӣ масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ