Мо талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити
зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву
барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин
ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд.
(Аз Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ, 21.12.2021)

 

Дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» сурати миёнасолонаи рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) аз руи бащодищии воқеъбинона дар соли 2021 ба ҳисоби миёна–7,2 дарсад пешбинӣ шуда буд. Ин нишондиҳандаро Бонки Ҷаҳонӣ 6–7,9  дарсад ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бошад, ба андозаи 6,5 дарсад пешгӯӣ карда буданд.

Акнун саволи матраҳ ин аст, ки давоми соли 2021 ба кадом андоза сатҳи рушди воқеии ММД  таъмин гардид ва дар рушди он кадом омилҳо бештар таъсири мусбат расониданд.?

Тибқи оморӣ расмӣ, соли 2021 дар натиҷаи амалӣ гардидани мақсаду вазифа ва афзалиятҳои дар доираи ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ муайянгардида бо такя ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли ММД 98,9 (2020–82,5) миллиард сомонӣ ва сурати рушди он бошад, дар сатҳи 9,2 фоиз таъмин  таъмин гардид, ки ин рақам нисбат ба дурнамо 2 дарсад, пешгуиҳои Бонки Ҷаҳонӣ 1,3–3,2 ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бошад, 2,7 банди фоизи зиёд мебошад.

Сандуқи Байналмилалии Асъор ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар гузоришҳои худ рушди иқтисодии Тоҷикистонро дар ин давра, баландтарин дар минтақа арзёбӣ намуданд.

Масалан, Ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз бисёр ҷиҳат ба кишвари мо наздикӣ дорад, соли 2021 суръати рушди ММД дар ин мамлакат 2,4 фоизро ташкил намудааст, ки ин рақам нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 6,8 банди фоизи кам мебошад.

Ҳамин тавр, дар ин давра, сурати миёнасолани рушди ММД дар кишварҳои Узбекистон–7 фоиз, Туркманистон–6,2 фоизи, Гурҷистон–6 фоиз, Қазоқистон–3,5 фоиз, Украина ва Лаҳистон–3,8 фоиз, Озарбойҷон–2,8 фоиз, Арманистон–3,4 фоиз ва Федератсияи Рассия бошад, 4,2 фоизро ташкил намудааст.

Дар давраи таҳлилӣ, суръати рушди ММД аз ҳисоби афзоиши маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, 23,3 фоиз,  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22– фоиз, гардиши савдои дохилӣ–13 фоиз, кишоварзӣ–6,6 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ–7,9 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ–39,5, аз ҷумла содирот–52,8 фоиз таъмин  гардидааст.

Баъзе аз сабабҳо асосии таъмини муътадилӣ рушди иқтисдиёти кишвар дар соли 2021–ро чунин хулоса намуд мумкин аст, аз ҷумла

  • Тадбиқи бемайлони раванди саноатикунонии босурат ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар;
  • Мунтазам афзоиш ёфтани талабот ба молу маҳсулоти содиротӣ дар хориҷи кишвар;
  • Зиёд гардидани ҳаҷми карздиҳии имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ;
  • Дастгирии бахши хусусӣ, амалӣ гардидани чораҳои ҳавасмандгардонӣ дар ин самт;
  • Ҷорӣ намудани имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ ва дар ин замина дастгирии соҳибкорони ватанӣ;
  • Андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати кам кардани таъсири хавфу хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар;
  • Таъмини самаранокии сатҳи иҷрои мақсаду вазифа ва афзалиятҳои дар барномаву стартегияҳои давлатӣ пешбинигардида;
  • Бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ва таъсири манфии онҳо ба рушди иқтисодиёти кишвар таҳия, қабул ва дар амал тадбиқ намудани «Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025».

Тибқи омори расмӣ, соли 2021–ум ҳаҷми қарзҳои додашуда ба рушди иқтисоди кишвар 13 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки  нисбат ба соли гузашта 37 фоиз зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд. Дар ин давра, танҳо аз ҷониби БДА “Амонатбонк” дар ҳаҷми 302,4 миллион сомонӣ ба субъектҳои соҳибкории дар соҳаи саноат фаълияткунанда қарз пешниҳод гардидааст. Ин раванд, бешубҳа ба таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва афзоиши мунтазами масҳсулоти ба содирот нигаронидашу мусоидат намуда, дар натиҷаи он соли 2021–ум дар кишвар 300 адад коргоҳу корхонаи нав бо 5 ҳазор ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд. Аз шумораи умумии коргоҳу корхонаҳои ба истифода додашуда 90 ададаш ба соҳаи саноати сабук, 82 адад саноати хӯрокворӣ, 76 адад истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, 42 адад соҳаи мошинсозӣ ва 4 адад ба саноати ангишт рост меояд.

Мувофиқи маълумоти вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар соли 2021 дар натиҷаи андешидани тадбирҳои воридот ивазкунанда ба маблағи 21 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шудааст. Дар ин давра, ҳаҷми содироти металҳои қиматнок 30 фоиз, ангиштсанг 10 маротиба ва 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот гардидаас, ки нисбат ба соли 2020–ум  тақрибан,70 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Бо вуҷуди таъсири бемории сироятии КОВИД–19 шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, афзоиши таҳримҳо, тағйирёбиии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор дар соли 2021 ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 6,8 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,5 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 ҳаҷми сармоя 42 фоиз ва сармояи мустақими хориҷӣ 39 фоиз зиёд мебошад.

Гарчанде, аз муътадил арзёбӣ гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, сурати рушди иқтисоди кишвар бо дарназардошти шароити зудтағйирёбанда, вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир ва  сатиҳи сиифодаи имкониятҳои мавҷуда, ҳануз ҳам қонекунанда нест.

Бинобар ин, боз ҳам ҷоннок намудани корҳо дар самти ҳаллу фасли масъалаҳои зерин, аз ҷумла, баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, тадбиқи босамари раванди саноатикунонии босуръат, ҳарчи зудтар бартараф кардани масъалаҳои нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорҳо ба рушди корхонаҳои истеҳсолӣ;  истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, рушди нерӯи инсонӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, истифодаи дурусту самараноки захираҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхона, ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина таъмини рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз мувофиқи мақсад шуморида мешавад.

Ҷиҳати ин масъалаҳо дар кишвар захираву имкониятҳо барои боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум, аз ҷумла таввасути амалигардонии раванди саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз хеле зиёданд. Захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад. Тавре ки болотар гуфта гузаштем ҳоло дар кишвар захираву имкониятҳо барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум ҳанӯз хеле зиёданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ боз ҳам бештар талош намоем.

Дар маҷмуъ, аз факту рақамҳои овардашуда метавон хулоса намуд, ки  фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии беруна ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷойдошта, мусбат арзёбӣ гардида, пешгӯиҳои институтҳои молиявии зикргардида дар робита ба коҳиши сурати рушди иқтисодиёти кишвар дар соли 2021–ум  асоси воқеӣ надоранд.

Дар соли таҳлилӣ фаъолияти иқтисодии ҳукумати кишвар аслан, ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин, аз ҷумла таъмини рушди самарабахши иқтисодиёт, хусусан, аз ҳисоби имкониятҳои дохилӣ, таъсиси коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ ва дар ин замина, афзоиш додани истеҳсоли молҳои ба содирот нигаронидашуда, сохтмон ва азнавсозии инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардида, маҳз ҳамин омилҳо боиси рушди нисбатан баланди иқтисодӣ дар соли 2021 гардидааст. Ҳамин тавр, дар 20 соли охир Тоҷикистон новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна тавонистааст ба рушди назарраси иқтисодӣ ноил гардад.

Одинаев А.И.,
сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши
хусусӣ Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед