Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд.
(Аз Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025)
Дар даҳсолаҳои охир, бахусус, дар нимаи дуюми асри XX терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун падидаҳои харобиовар ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфта, миллионҳо нафар одамонро дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба ташвиш оварда, оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба миён овардааст. Оқибатҳои ин падидаҳои номатлуб натанҳо ҳаёти ҷомеаро ноором менамоянд, балки устувории рушди иқтисодиёт дар маҷмуъ амнияти иқтисодии ҳар як кишварро халалдор месозад.
Зеро, чунин вазъ, ҳар як мамлакатро маҷбур ба он мекунад, ки ҳаҷми хароҷотро вобаста ба ҳифзи амнияти давлат ва барқарор намудани зиёни ба вуҷудомада, афзоиш диҳад, ки ин бешубҳа ба зиёд гардидани хисороти молиявӣ, бахусус, аз ҳисоби буҷаи давлатӣ оварда мерасонад. Дар баъзе ҳолатҳо оқибатҳои таъсири манфии терроризму экстремизм ба афзоиши касри буҷет низ боис мегардад.
Дар баробари ин, ба рушди тиҷорат ва ҷалби сармоя таъсири манфӣ хоҳад расонид. Чунки ҳолати мазкур тоҷирон, соҳибкорон ва сармоягузоронро маҷбур мекунад, ки ҷиҳати ҳифзи амнияти фаъолияти худ ҳаҷми хароҷотро зиёд намоянд, ки ин ба болоравии арзиши молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, инчунин фаъолнокии соҳибкорӣ ва ҷолибияти сармоягузорӣ оварда мерасонад.
Азбаски, ин ҷо сухан атрофи хисороти молиявии оқибатҳои манфии терроризму экстремизм ба иқтисодиёт меравад, пас пеш овардани факту рақамҳо дар мисоли баъзе аз ин ё он кишвар муҳим мебошад.
Барои мисол, амалҳои террористии дар Алҷазоир, ки солҳои 1996-2001 содир гардиданд ба иқтисодиёти ин кишвар дар ҳаҷми 16 млрд. доллари ИМА хисороти молиявӣ расонид.
Дар Индонезия, пас аз ҳамлаи террористӣ ба ҷазираи Бали дар соли 2002 ихроҷи азими сайёҳон ба амал омад. Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ин кишвар аз ҳисоби сайёҳон, тақрибан то ба 500 млн. доллари ИМА фоида ба даст меовард, вале пас аз ҳамлаҳои террористӣ, соҳаи туризм дар як рӯз то як миллион долларро аз даст дод.
Амали терористӣ ба меҳмонхонаи “Taj Palace Hotel”-и Мумбайи Ҳиндустон дар соли 2008. Тибқи арзёбиҳо ҳаҷми хароҷоти молиявӣ вобаста ба барқарорсозии меҳмонхонаи зикргардида 40 миллион доллар ва арзиши суғурта бошад тақрибан 109 миллион долларро ташкил намудааст. Дигар хароҷотҳои вобаста ба суст гардидани раванди тиҷорат ва коҳиш ёфтани шумораи сайёҳон ин хисороти молиявиро боз зиёд менамояд.
Рабурдани ҳавопаймой “Досонс Филд” 12 сентябри соли 1970 дар Урдун. Зикр намудан ба маврид аст, ки ин ҳавопаймо аз ҷониби ҷангҷӯёни фаластинӣ рабуда шуда ва ниҳоят дар пойгоҳи неруҳои ҳавоии Урдун нобуд карда шуд. Дар натиҷа, ба иқтисодиёти ин кишвар дар ҳаҷми 165 млн. доллар хисороти молиявӣ расонида шуд.
Амали террористӣ дар наздикии метрои Докленди Лондон дар санаи 9 феврали соли 1996. Оқибатҳои харобиовари ҳодисаи мазкур боиси хисороти иқтисодӣ дар ҳаҷми 336 млн. доллар гардид.
Амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи “Бандаранайке”-и Шри-Ланка дар соли 2001. Дар натиҷаи амали террористии ба фурудгоҳи байналмилалии “Коломбо” 8 адад ҳавопаймоҳои ҳарбии ин кишвар нобуд гардида, ба иқтисодиёти ин кишвар дар ҳаҷми 517 млн. доллар хисороти молиявӣ ворид намуд.
Ҳамлаи террористӣ ба Маркази умумиҷаҳонии тиҷоратӣ дар шаҳри Ню-Йорк, 26 феврали соли 1993. Ҳаҷми хароҷот вобаста ба барқарорсозии Маркази зикргардида 810 млн. доллар арзёбӣ гардида, ки ин яке аз гаронтарин корҳои барқарорсозӣ баъди ҳамлаи террористӣ ба ҳисоб меравад.
Амали террористӣ дар шаҳри Лондон, 7 июли соли 2005. Амали террористии мазкур, ки аз ҷониби маргталабон дар нақлиёти ҷамъиятии ин кишвар сурат гирифта, ба иқтисодиёти ин мамлакат, бахусус, дар заминаи аз даст додани даромад аз ҳисоби соҳаи туризм ба маблағи 750 млн. фунт стерлин ё 1,2 млрд. доллар хисороти молиявӣ зарар расонид.
Амали террористӣ дар Биржаи балтикаи Лондон, 10 апрели соли 1992. Дар натиҷаи ин ҳамлаи террористӣ, ки аз ҷониби Армияи муваққатии ҷумҳуриявии Ирландия (ИРА) содир гардида буд ба иқтисодиёти ин кишвар ба маблағи 2,2 млрд. доллар зарари моливӣ расонид.
Инфиҷор дар шаҳри Манчестер, 15 июни соли 1996. Зимни ин амали террористӣ, ки дар натиҷаи он як Маркази савдо нобуд карда шуд, ба иқтисодиёти ин мамлакат дар ҳаҷми 966 млн. доллар хисороти молиявӣ ворид намуд.
Амали террористӣ дар Бишопсгейт, Лондон, 24 апрели соли 1993. Ин ҳодиса амали навбатии террористие дониста мешавад, ки аз ҷониби Армияи муваққатии ҷумҳуриявии Ирландия дар Лондон содир гардида, хисороти молиявии он беш аз 1,2 млрд. доллар арзёбӣ карда мешавад.
Амали террористӣ ба Маркази умумиҷаҳонии тиҷоратӣ дар шаҳри Ню Йорк, 11 сентябри соли 2001. Ҳодисаи мазкур бешубҳа, гаронтарин ҳамлаи террористӣ дар таърихи башарият дониста мешавад. Бино ба иттиллои рӯзномаи New York Times ин амалӣ террористӣ ба иқтисодиёти ин кишвар дар ҳаҷми 3,3 трлн. доллар, аз ҷумла хароҷот доир ба барқарорсозии зарари ҷисмонӣ ва пардохти молу мулки суғурташуда 55 млрд., вобаста ба таъминни низоми амният 589 млрд., қатъи раванди тиҷорат ва коҳиши шумораи сайёҳон тақрибан 123 млрд., маблағгузорӣ ба сохторҳои низомӣ 1,649 трлн., кӯмак ба собиқадорон ва мабалғгузорӣ барои ҷанг дар оянда дар ҳаҷми 867 млрд. доллар хисороти молиявӣ расонидааст.
Тибқи маълумоти Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2023 дар қаламрави ин кишварҳо 300 ҷинояти хусусияти террористидошта ба қайд гирифта шуда, қисми зиёди онҳо пешгирӣ карда шуданд.
Дар маҷмуъ ҳаҷми хароҷоти кишварҳои зери таҳқиқ қароргирифта, вобаста ба барқарорсозии оқибатҳои харобиоварӣ амалҳои террористӣ беш аз 3 трлёну 23 миллиард долларо ташкил намудааст, ки амалан сармояи татбиқнагардида дар рушди иҷтимоию иқтисодии ин мамлакатҳо дониста мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Институти иқтисодиёт ва ҷаҳон дар гузориши худ «Индекси глобалии терроризм дар соли 2024» қайд менамояд, ки соли 2023 дар саросари ҷаҳон 3350 ҳазор амалҳои террористӣ содир шудааст. Аммо ҳарчанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2018 11,9 ҳазор ва соли 2022 605 адад кам шуда бошад ҳам, вале бо вуҷуди ин, хусусияти амалӣ намудани ин зуҳуроти номатлуби замони муосир хатарноктар шудаанд.
Ҳамин тавр, тамоми амалҳои террористӣ, сарфи назар аз шаклҳои он ба иқтисодиёти кишваре, ки ба чунин ҳамлаҳои харобиовар дучор мегардад, аз ҷумла тавассути эҷоди хароҷоти мустақими иқтисодӣ таъсири манфӣ хоҳад расонид. Онҳо вобаста ба хусусияти ҷинояти содиршуда,бе таъсир нахоҳад буд.
Ногуфта намонда, ки коршиносонӣ марбут ба соҳа, шаклҳои фаъолияти террористиро дар замони муосир беш аз 200 адад арзёбӣ намуда, дар ин самт терроризмҳои сиёсӣ, миллӣ, динӣ, криминалӣ ва технологиро аз ҷумлаи муҳимтаринҳо мансуб медонанд.
Агар худи ҳамлаи террористӣ як падидаи кӯтоҳмуддат бошад, пас оқибатҳои он солҳои зиёд эҳсос мешавад. Масалан, дар ин ҷода хисороти воридгаштаи ҳамлаҳои террористии ёздаҳуми сентябри соли 2001 дар ИМА-ро метавон мисол овард, ки он боиси ҷанги гаронарзиш бо Ироқ ва як қатор оқибатҳои дигари манфии иқтисодиро ба миён овард.
Ин ҳодиса аксар кишварҳоро маҷбур ба он намуд, ки ҳаҷми хароҷотро доир ба таъмини низоми амниятӣ зиёд намоянд. Барои мисол, Австралия аз соли 2001 инҷониб ҷиҳати дифоъ ва кӯмак ба ҷанги Ироқ тақрибан 21,3 миллиард доллар харҷ кардааст.
Доир ба ин масъала, яъне хароҷотҳои мустақиму ғайримустақими молиявӣ вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои ногувори амалҳои террористӣ ва таъмини амният мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Аммо, ба андешаи мо, факту рақамҳои баёнгардида, то андозае метавонад мисоли равшан бошад, барои дарки амиқу дақиқи паёмадҳои харобиовари ин зуҳуроти номатлуб.
Аз ин нуқтаи назар, ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати гирифтани пеши роҳи ҷавонон, бахусус, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ бо ғояҳои тундгароӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ногуфта намонад, ки ҳоло гурӯҳҳои террористию эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Одиназода А.И.,
н.и.и, сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ