Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки «Пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар навбати аввал аз суботи сиёсию ҷамъиятӣ, муборизаи беамон бар зидди ҷинояткорон, сатҳи тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватан вобаста мебошад”.

Аз ин рӯ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлолият ва яке аз дастовардҳои он ба ҳисоб мераванд, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаи муқаддасу пуршараф, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеаро баҷо меоранд. Ҳанӯз 28 сол пеш ба дӯши ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи давлат иҷрои вазифаҳое вогузор гардид, ки сарнавишту тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд. Имрӯз бо ифтихор изҳор менамоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои ин рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд.

18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ, ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дода, баомодасозии мутахассисони соҳа, ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳиммот ва таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ вазифаи ватандории худро содиқона иҷро карда, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият саҳми арзанда гузоштанд.

Артиши миллӣ дар муддати 28 сол, хусусан тайи солҳои аввали таъсисёбии худ дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ ташаккул ва обутоб ёфт. Мақсади асосии  таъсис додани Артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолу озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд. Хушбахтона, имрӯз бо дарназардошти вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон Артиши миллии мо фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккили форомиллӣ, таъмини суботу амният, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланд ва содиқона ба анҷом мерасонад. Ҳамзамон, бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Артиши миллӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбӣ, омодабошии ҷангӣ ва обутоби ҷисмониву маънавӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие оид ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, ки ҳама аз талботи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба хизмат ватанро вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд эътироф намудан, маншаъ мегирад. Ин мафҳум  бевосита  дар моддаи 43 Конститутсияи кишвар дарҷ гардидааст, ки мутобиқи он “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.

Тартиби хизмати ҳарбиро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои умумиҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи мудофиа”, “Дар бораи амният”, “Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян менамояд. Соли ҷорӣ Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро таҳия намуда, санаи 29 январи 2021  аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Ин  қонунро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Р. Шомурод барои  баррасӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода баргӯзор гардид муаррифӣ намуд.  Қонуни зикршуда аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, бо мақсади мутобиқ намудани он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, инчунин пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Дар лоиҳаи қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шумораи шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол то сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан  камтар шуда, ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилӣ ба миён меорад. Бинобар ин, татбиқи чунин навъи хизмати ҳарбӣ  ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Зимнан дар лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаҳои ҳарбии афсарӣ пас аз адои дувоздаҳ моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст. Иловаҳои воридгардида ба мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти иҷро қабули шаҳрвандонро ба кор пас аз адои хизмати ҳарбӣ пешбинӣ менамоянд.

Дар давоми солҳои сипаришуда дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ байни Вазорати мудофиаи  Тоҷикистону кишварҳои хориҷ як қатор санаду созишномаҳои ҳуқуқӣ-низомӣ, ки муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳарбии кишварҳои ба мо ҳампаймонро мушаххас месозад, ба имзо расида, ҳамчунин, вохӯриву мулоқотҳои судманд барои густариши Қувваҳои Мусаллаҳ доир гардиданд. Артиши миллӣ ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст.

Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмиллалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, омодасозии кадрҳои низомӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст. Айни замон Артиши миллии мо бо беш аз 50  кишвари олам ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дошта, ин ҳама иқдомот баҳри дифои Ватан аз ҳар гуна хатароти эҳтимолӣ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол амалӣ карда мешавад. Аз рӯи баҳои коршиносони низомии сатҳи байналмилалӣ имрӯз неруи мудофиавии кишвари мо дар баробари дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тавонову қудратманд аст.    Имрӯз масъулини низомӣ қатъиян изҳор медоранд, ки бо дарназардошти таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд ва рисолати хешро ба зиракии баланди сиёсӣ баҷо меоранд.

Бешубҳа,  имрӯз мо дар фазои амну осуда зиндагӣ дорем ва ин гувоҳӣ аз он аст, ки фарзандони сарсупурдаи миллат марзҳоямонро посбонӣ мекунанд. Онҳо роҳати хешро барои осоиши мардуми кишвари азизамон фидо намуда, саъй доранд, то ягон нохалафу бадкоре ҳадафи номатлуби хешро амалӣ насозад.

Дар фарҷоми сухан таъкид менамоем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Артиши миллӣ ва моҳияти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ чунин суханонро иброз намудаанд:

1) “Ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ бовар дорам, ки хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбӣ, ҳайати шахсӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда, ҳамчун ҳомиёни боэътимод барои ҳимояи Тоҷикистони озоду сулҳпарвар вазифаи муқаддаси худро сарбаландона иҷро мекунанд”.

2) “Дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва содиқона посбонӣ кардани ҳар як ваҷаб марзи он дар асли хеш хизмат кардан ба Ватан аст. Бинобар ин, аз афсарони баландрутба сар карда то аскарони қаторӣ бояд ҳамеша зираку ҳушёр ва сипари боэътимоди давлату миллати худ бошанд”.

3) “Танҳо ҳамон шахс метавонад Ватанро ба ҷойи худ дӯст дорад ва то қатраи охирини хуни худ онро дифоъ намояд, ки таърихи пурифтихори онро  хуб донад, бо гузаштаю имрӯзаи Ватан ошно бошад ва ба қадри ободиву озодӣ расида тавонад”.

4) “Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд пеш аз ҳама, дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ, малака ва маҳорати ҳамаҷонибаи ҳарбӣ бошанд”.

Сайфуллозода Б,

ҳуқуқшиноси Маркази тадқиқоти стратеги назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон

Чоп кунед