ДУШАНБЕ, 14.10.2019. Тавре иттилоъ додем, имрӯз дар Кохи Борбад мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиёни ҷумҳурӣ баргузор гардид. Сарвари давлат бо таҳлили васеи вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус бахши саноат, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, дарёфти роҳҳои нави рушди саноат ва мусоидат ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии ҷумҳурӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар робита ба паҳлӯҳои муҳими мулоқоти Пешвои миллат хабарнигори АМИТ «Ховар» назари коршиносони соҳаро пурсид.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов:

Вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як марҳилае баргузор гардид, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро саноатикунонии босуръати мамлакат маънидод ва  онро ҳадафи  чоруми стратегӣ эълон намуданд.

Зимни мулоқоти имрӯза бисёр масъалаҳои муҳим ва мубрам, ки дар заминаи он рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва самтҳои асосии рушди соҳаи саноат эҳсос мешаванд, дарҷ гардиданд.

Яке аз самтҳои асосие, ки минбаъд  барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла, саноатикунонии босуръати мамлакат муфид ҳисобида мешавад, ин аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад.  Бояд гуфт, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳо дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тадбирҳои зиёд андешида шуданд.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки аз ҷониби Сарвари давлат зикр карда шуд, ин ба роҳ мондани ҳамгироии илм ва инноватсия дар саноат буд. Яъне ин ду самти зикргардида метавонанд дар ҳамгироии пайваста рушд намоянд.

Тавре маълум аст, барои рушди соҳаи саноат илм ва инноватсия заминаи асосӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро саноат метавонад дар доираи инноватсияву навовариҳои илмие, ки аз ҷониби олимон пешниҳод мегардад, рушд намояд.

Бояд гуфт, ки барои пешрафти саноат, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва муайян намудани соҳаи мазкур ҳамчун яке аз  самтҳои рушд, ки ба ин восита ҷойҳои нави корӣ зиёд гардида, зиндагии шоистаи аҳолӣ таъмин карда мешавад, заминаи ҳуқуқиву воқеӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ин замина гуфтанист, ки дар соҳаи саноат бе илм ва инноватсия ба ҳадафҳои гузошташуда расидан ғайриимкон мебошад. Вале, мутаассифона, имрӯз ба назар мерасад, ки дар ҷумҳурии мо илм аз саноат ҷудост. Бо мақсади он, ки корхонаҳои саноатӣ аз инноватсия ва технологияҳои муосир истифода намоянд, тадбирандешиҳо кам мешоҳида мегарданд. Яъне технологияҳои нав ва инноватсияҳое, ки иддае аз олимони тоҷик коркард кардаанд, дар саноат кам татбиқ карда мешаванд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки мулоқоти имрӯзаи Сарвари давлат дар ин ҷода такони ҷиддӣ мебахшад.

Имрӯз бояд корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои илмӣ барои мутобиқ намудани инноватсияҳо ба шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои канданиҳои фоиданоки  саноати кӯҳӣ  ва коркарду истеҳсоли масолеҳи кишоварзӣ (бандубасти дохилӣ) ҳамкории зич ба роҳ монанд. Дар ин ҳол дастовардҳои олимони тоҷикро, ки дар тамоми соҳаҳо пешниҳод мегарданд,  метавон истифода карда, онҳоро дар истеҳсолоти саноатӣ  ҷорӣ намуд.

Бештар аз 93% масоҳати мамлакати моро кӯҳсор ташкил дода, барои сохтмони корхонаҳои саноатии бузург ҳамвории кам мавҷуд аст. Аз ин рӯ, мо метавонем бо истифода аз ҳамгироии илму  инноватсия корхонаҳои хурд, вале дорои иқтидори бузург таъсис дода, дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ саҳмгузор бошем.

Имрӯз иқтисодиёт аз илми муосир ва инноватсионӣ бояд бештар истифода барад. Зеро яке аз самтҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он диққати махсус дода мешавад, ин рушди иқтисодии инноватсионӣ мебошад. Иннноватсия, яъне илм, иқтисодиёт, саноат ва коркард бояд ба якдигар тавъам бошанд. Танҳо дар ҳамбастагӣ бо ҳам инҳо метавонанд маҳсулоти нав, тоза ва ҷадидро барои ҷомеа пешниҳод намоянд.

Таҳлилгари масоили иқтисодӣ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амин Одинаев:

Масъалаи таъсиси корхонаҳои муосири саноатӣ, ки имрӯз дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мухсус зикр гардид, муҳим ва аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Бинобар ин дар доираи кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва расидан ба ҳадафҳои олии стратегии Ҳукумати мамлакат  як зумра имтиёзҳо ва сабукиҳо пешниҳод шудаанд.

Ин имтиёзҳо метавонанд барои рушди минбаъдаи соҳаи саноат, аз ҷумла, таъсиси корхонаҳои хурд, ки мақоми шахси ҳуқуқиро дошта,  дар самти истеҳсолот фаъолият менамоянд, таъсири мусбат расонанд.

Аз мушоҳидаву таҳлилҳо бармеояд, ки дар натиҷаи татбиқ ва амалигардии имтиёзҳои пешниҳодшуда шумораи корхонаҳои саноатӣ пайваста тамоюл ба афзоиш дошта, имрӯз аз 2 ҳазор боло рафтааст. Суханони Пешвои миллат тасдиқи ин гуфтаҳоянд: «Аз ҷумла, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, андозбандӣ, содагардонии савдои хориҷӣ, эълони мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар рушди саноати мамлакат нақши муҳим доранд».

Ин корхонаҳо дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, ки яке аз мақсадҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, таъсири мусбат расонида истодаанд.

Аммо бо вуҷуди дастовард ва комёбиҳои назаррас дар ҷодаи ташкил ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкорие, ки бевосита дар соҳаи саноат фаъолият доранд, мушкилоти ҳалталабе боқӣ мондаанд, ки имрӯз Президенти мамлакат онҳоро махсус таъкид намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Имрӯз барои беҳбудии соҳаи саноат, ки асос ё пойдевори таъмини рушди иқтисоди миллӣ аст, баъзе масъалаҳое ба назар мерасанд, ки таъсири мусбат расонида истодаанд. Яке аз инҳо нарасидани мутахассисон мебошад, ки ҳассос ва ҳалталабтарини ин мушкилот ба ҳисоб меравад.

Матлаби дигаре, ки Сарвари давлат махсус таъкид намуданд, ин ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни вазорату идораҳои дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ дошта ва муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ бо корхонаҳои истеҳсолии мамлакат барои омода намудани мутахассисон тариқи шартномавӣ мебошад.

Аз назари мо хуб мешуд, ки дар назди корхонаҳои азими саноатии мамлакат  марказ ва ё кафедраҳое таъсис дода мешуданд, ки донишҷӯён бо фаро гирифтани таҷрибаомӯзӣ ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Яъне ин омил метавонад барои омодасозии мутахассиси асили соҳаи саноат саҳмгузор бошад. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки ҳалли масъалаҳои баррасигардида метавонад дар пешрафти иқтисодиёт ва рушди саноат манфиатовар гардад.

Шукӯҳи ДАЛЕР
                                                                                     Бознашр: АМИТ «Ховар»

Чоп кунед