Усмонзода Хайриддин Усмон,
доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агар ба солҳои аввали фаъолият, сипас давраҳои баъдии рушд дар саҳифаи таърихи Марказ назар афканем аз рӯзҳои таъсисёбӣ давра ба давра андешаҳо, баҳсу талошҳои ҷиддӣ рӯйи масъалаҳои таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёи сиёсию иқтисодии кишвар ва мушаххас сохтани самтҳои асосии рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат муаррифӣ карда мешавад. Таҳлили фаъолияти анҷомдодаи Марказ низ гувоҳи он аст, ки он хусусият ва масъалаҳои шароити сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии марҳалаҳои таърихии мушаххасро дар худ таҷассум намудааст. Аз ҷумла, даҳсолаи сеюми рушди Марказ ба давраи ҷустуҷӯйи роҳҳо ва самтҳои таъмини амнияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва шаклгирии пояҳои ниҳодии рушди кишвар рост меояд. Яъне вобаста ба зарурати равандҳои нави пайдогардида дар ҷомеа, муассиса воқеъбинона аз дидгоҳи нав фаъолияти худро пайваста таҷдиди назар менамуд ва ҳамкориҳои сифатан наву усулҳои самаранокро ҳадафи фаъолияти кории худ мепазируфт.
Дар шароити имрӯза фаъолияти Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзёбии рушди стратегии имрӯза ва дарозмуддати тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ҳамчунин ба омодасозии тавсияю пешниҳодҳо дар бобати амалисозии тадбирҳои мушаххас дар сатҳи мухталиф – миллӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ равона карда шудааст.
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, увзи вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлоли давлатӣ аз пажуҳишгоҳи иқтисодӣ ба ниҳоди илмӣ-таҳқиқотии комилҳуқуқи бисёрсамтӣ табдил ёфта, дар баробари институтҳои дигари илмӣ ба ҳамин шакл аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуд ва ҳоло таҳқиқоти муҳимми илмиро дар самтҳои сиёсатшиносӣ ва иқтисодиёт ба анҷом мерасонад.
Саҳми ин Марказ ва мутахассисони он имрӯз дар таҳқиқи масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва берунӣ, масъалаҳои макроиқтисодӣ ва иқтисодиёти соҳавӣ хеле назаррас аст.
Дар ин боргоҳи таҳқиқоти илмӣ ва ояндабинии стратегӣ инчунин маҷаллаи илмии тақризшаванда мавҷуд буда, натиҷаҳои фаъолияти илмии кормандони он ва мутахассисони муассисаҳои дигари илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ба нашр мерасанд ва дастраси муҳаққиқони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари олам мегарданд.
Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро низ дар самти илм тавсеа бахшида, дар давоми сӣ соли фаъолияти худ дар якҷоягӣ бо марказҳои ҳамсони худ дар кишварҳои гуногуни олам, хусусан, давлатҳои аъзои ИДМ, СҲШ ва дигар шарикони рушди Тоҷикистон таҳқиқоти зиёди муштаракро ба анҷом расонидааст.
Дар баробари ин дастовардҳои илмӣ Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои тарбияи кадрҳои илмии соҳиби унвону дараҷаҳои илмӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои дигари илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ тақвият бахшад.
Раҳимзода Шариф,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, директори Институти иқтиодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дар низоми давлатдорӣ муҳим аст, ки роҳбарияти олии кишвар оид ба равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ, ҳимояи манфиатҳои стратегии кишвар ва таъмини амнияти иқтисодии он, фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, равандҳои баамаломада дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсию ташкилотҳои динӣ иттилооти зарурию саривақтӣ дошта
бошад. Чунин иттилоотро танҳо дар асоси омӯзиши вазъи ҷомеа, таҳлилу пешбиниҳо аз ҷониби мутахассисон ва таҳқиқотҳои илмӣ, ки аз ҷониби муассисаҳое мисли Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад дастрас намудан мумкин аст. Аз ин рӯ, аҳамият ва ҷойгоҳи ин сохтори давлатӣ дар низоми идоракунии кишвар беандоза зиёд аст ва он тавонистааст, ки дар давраи фаъолияти худ корҳои муҳимеро анҷом диҳад. 30-солагии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тоҷикистониён ва хусусан кормандони марказ самимона шодбош гуфта, ба онҳо сиҳатмандӣ, саодати зиндагӣ ва дар иҷрои вазифаҳои дар пешистода муваффақияту бурдбориҳо хоҳонам.
Комилов Сироджиддин Джалолиддинович,
доктор экономических наук, профессор (директор Центра стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан в 2001-2006 гг.)
В настоящее время Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан как научно – аналитическая организация, подчиняющаяся непосредственно Президенту и призванная исследовать стратегические вопросы экономики, проблем безопасности, образования, науки, культуры и участвуя в разработке государственных стратегий, программ, подготовке научно – аналитических разработок по реализации стратегических целей вносит весомый вклад в развитии независимого Таджикистана.
Дальнейшее развитие Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан мне представляется в расширении тематики исследований и углубления научно – аналитической деятельности в области стратегических направлений развития независимого Таджикистана и тем самым сыграть ключевую и ведущую роль:
– в повышении качества и оперативности информационно – аналитического обеспечения принятия стратегических решений государства;
– в научно – аналитическом и информационном обеспечении реализации задач и стратегических целей развитии страны;
– в укреплении экономических отношений между странами и регионами мира;
– в оценке и мониторинге реализации долгосрочной стратегии социально – экономического развития страны, подготовке рекомендаций по корректированию и реализации стратегических целей;
– в развитии экспертно – аналитического обеспечения экономического и инфраструктурного обеспечения реализации стратегических задач;
– широкое участие в разработке стратегических документов, необходимых для ключевых отраслей
– экономики и обеспечения научно – технологического развития страны;
– в обеспечении стратегического аудита достижений национальных целей и реализации национальных проектов.
Мирсаидов Аброр Бобоевич,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини директори Институти иқтиодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистн яке аз марказҳои бонуфузи зеҳнии кишвар дар пояи омезиши натиҷаҳои илмҳои назарияви амалӣ ва пайваста бо дарки тамоюлоти позитивии муносибатҳои байналмиллалии замони муосир на танҳо дар таҳрезии самтҳои стратегии танзими давлатии тамоми бахшҳои низоми иқтисодиву иҷтимоӣ ва муаяйнкунии афзалияҳо дар консепсияи идоракунии низоми амнияти миллии мамлакат, балки дар ташаккулу инкишофи истиқлолияти фитратӣ, тафаккури стратегии аҳолии кишвар ва руҳияи созандаи он дар пойдории ҷомеаи мутамаддини навини тоҷикон, саҳми барҷаста гузоштааст.