13-14-уми июли соли 2023 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон аввалин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба амният ва ҳамкорӣ, таҳти унвони “Осиё дар ҷаҳони тағйирёбанда: рӯзномаи оянда” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Тоҷикистонро Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Х. У., муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ Талбаков С. И ва муассис – директори генералии Академияи зеҳни сунъӣ Zypl.AI Азизҷон Азимӣ намояндагӣ намуданд.
Зимни баргузории Форум доираи васеи масъалаҳои минтақавӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла, яке аз коршиносони кишвари иштироккунандаи Форум дар суханронии худ ишора намуд, ки ҷиҳати густариши амният ва ҳамкорӣ дар минтақа, вуруди Тоҷикистону Муғулистон ба Созмони Давлатҳои Туркзабон муносиб ба назар мерасад. Зимни баргузории бахши Форум таҳти унвони “Ҳамгироии Осиёи Марказӣ: дарёфти моделҳои нав” қазовати мазкур мавриди баҳси шадид қарор гирифт. Дар ин замина, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Х. У., мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба ин масъала чунин баён намуд, ки имрӯзҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ талоши тақвияти ҳамгироияшонро бо ҳусни тафоҳум дар заминаи минтақамеҳварӣ, на афзалиятдиҳии аслҳои қавммеҳварӣ ба роҳ мондаанд. Чунин талошҳо дар заминаи умумияти тамаддуни мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ асос ёфта, аз ҳамсоягии неку ҳамкориҳои пурбори таърихии онҳо маншаъ мегирад. Бинобар ин, ҳама гуна даъвату талоши доираҳои берунӣ бар мабнои умумияти қавмӣ муттаҳид сохтани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба манфиатҳои миллии онҳо, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон муносиб нест. Мавқеъгириҳои баъзе аз доираҳои коршиносону сиёсатмадорон оид ба тақвияти ҳамгироиҳои минтақавӣ аз диди қавммеҳварӣ ба манфиати рушди босуботи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ набуда, инро давлатҳои Осиёи Марказӣ бомасъулиятона дарк менамоянд. (Идомаи матлаб дар навори видеоии мазкур)