Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки имрӯз ҳамчун ҷомеаи иттилоотӣ баромад менамояд, дар он техникаю технология босуръат рушд ёфта истодааст. Ин барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва дастрасии он, тайёр намудани мутахассисон дар самтҳои гуногун хеле муҳим мебошад ва дар ин самт илму маориф нақши калидӣ дорад. Чи хеле, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид карда буданд: «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад».

Сарвари кишвар дар суханрониҳои дигари худ низ таъкид карда буданд, ки баланд бардоштани самаранокии истифодаи боигарии кишвар, ки дар сармояи инсонӣ, табиӣ ва моддӣ муаррифӣ мегардад, самти афзалиятноки амалҳо дар стратегияю барномаҳои давлатии рушд барои давраи то соли 2030 маҳсуб мегардад. Ҳадафи асосии давлат дар ин марҳилаи рушд аз он иборат мебошад, ки дар фазои таҳсилоти ватанию ҷаҳонӣ барои таъмини раванди мақсадноки таълиму тарбия ба манфиати шахсият ва ҷомеа шароити мусоид фароҳам созад.

Афзалиятҳои соҳаи маориф дар рушди сармояи инсонӣ ба таъмин намудани баробарӣ ва дастрасӣ ба таҳсилот; баланд бардоштани сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот; беҳтар намудани устувории молиявӣ ва самаранокии соҳаи маориф; таъсис ва рушди шабакаи миллии касбии тадқиқотҳои илмию техникӣ бо такя ба технологияҳои каммасрафи захираҳо дар шароити зиёд будани қувваи корӣ ва қӯҳсор будани кишвар; таҳким ва истифодаи самарабахши татбиқи нерӯи илмии кишвар нигаронида шудааст. (ниг. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020, Душанбе – 2016, с.45)

Айни замон вазифаи асосӣ ва афзалиятноке, ки таъмини амнияти соҳаи маорифи кишварро муайян месозанд, дар самтҳои гуногун тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва рушди заминаи моддию техникии соҳа мебошад.Ҷузъи муҳимтарини навсозии соҳаи маориф ҳалли проблемаи таъминот бо кадрҳо ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоию иқтисодии кормандони соҳаи маориф, дар навбати аввал омӯзгорон, инкишофи заминаи моддию техникӣ ба ҳисоб меравад.

Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, фарогирии кӯдакон дар ин зинаи таҳсилот давра ба давра зиёд шуда истодааст. Дар ин самт Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи  26.12.2018 қайд карда буданд: “Мо пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷидӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем”.

Дар ҳақиқат,  рушди зинаҳои таҳсилот, дар умум рушди соҳаи маориф, пеш аз ҳама, аз инкишофи зеҳнии кӯдакон сарчашма мегирад, ки он аз оила ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ вобастагии калон дорад.

Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шумораи кӯдакони синни аз 3 то 6 – сола ба 1137400 нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2015 – 255000 нафар кӯдак зиёд мегардад. Аз ин рӯ, бояд фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд аз 14,5% то ба 40% расонида шавад.

Тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ соли 2019 миқдори муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 659 ададро ташкил медод, ки дар онҳо ҳамагӣ 98030 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд. (ниг. Ҳисобот оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019, Душанбе 2019. 294 с.) Ин миқдор дар муқоиса бо соли 2015 – 81 адад муассисаҳои томактабӣ ва 6006 нафар кӯдак зиёд (дар соли 2015 шумораи муассисаҳои томактабӣ 578 адад ва шумораи кӯдакон 92024 нафар (ниг. Маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмӯаи оморӣ, 2019. С.12.)) мебошад.

Шумораи муассисаҳои томактабии хусусӣ ва Марказҳои хусусии инкишофи кӯдак дар сатҳи ҷумҳурӣ 153 ададро ташкил медиҳад, ки дар он 8200 нафар кӯдак фаро гирифта шудааст.

Тибқи маълумотҳои омории Вазорати маориф дар муассисаҳои томактабии минтақаҳои гуногуни кишвар 11682 нафар корманди педагогӣ фаъолият менамоянд.

Таҳлилҳои мазкур нишон медиҳанд, ки шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон дар онҳо давра ба давра рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст, вале ҳанӯз ҳам дар ин самт, бахусус дар сатҳи деҳот мушкилоти зиёд мавҷуд аст. Дар аксар деҳоти дурдаст солҳои зиёд аст, ки биноҳои мавҷудбудаи томактабӣ таъмирталаб ҳастанд ва фарогирии кӯдакон дар онҳо хеле кам ба назар мерасад.

Таъмиру бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва дар онҳо фаро гирифтани кӯдакон бо таълиму тарбия як тарафи масъала бошад, тарафи дигар ин маблағгузорӣ ва тайёр намудани мутахассисон дар ин самт, таъмин бо ашёи таълимӣ, мизу курсиҳо, таҷҳизоти варзишӣ ва асбобҳои аёнӣ, ки завқи ҷисмонию зеҳнии кӯдакро бедор месозанд, инчунин таъмин намудан бо маводи ғизоии босифат аз масъалаҳои ҳалталаб мебошанд, ки асосан, дар сатҳи деҳот ба назар мерасанд. Вобаста ба вазъи ҷойдошта дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф санҷиш гузаронида шудааст, ки тибқи он як қатор мушкилот муайян гардидаанд. Аз ҷумла, сатҳи пасти фарогирии кӯдакони синну соли томактабӣ бо барномаҳои таҳсилоти томактабӣ; аз меъёр зиёд будани тарбиягирандагон дар гурӯҳҳои муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳо; мушкилоти дастрасии кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд ба таҳсилоти томактабӣ; нарасидани кадрҳои баландихтисоси педагогӣ дар муассисаҳои томактабӣ; ниёз доштани бинои кӯдакистонҳо ба таъмири асосӣ, ба талаботи ҳолати беҳдоштӣ–санитарӣ ҷавобгӯ набудани баъзе аз муассисаҳои томактабӣ, махсусан дар деҳот; ғайримақсаднок истифода шудани биноҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ дар миқёси ҷумҳурӣ, ки бояд ҳалли худро ёбанд.

Мактаб ё ин ки таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз марҳилаҳои асосии иҷтимоигардии шахс мебошад. Низоми таҳсилоти миёнаи умумии кишвар айни замон аз 3 зина, яъне зинаи ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ иборат мебошад. Зинаи аввал, ки таҳсилоти ибтидоӣ мебошад, синфҳои аз 1 то 4 – ро дар бар гирифта, дар он кӯдакони аз 7 то 10 – сола ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар зинаи дуюм, яъне таҳсилоти асосӣ хонандагон дар синфҳои 5 – 9 таҳсил менамоянд ва зинаи сеюм бошад, таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад, ки мактаббачагони синфҳои 10 – 11 фаро гирифта, дар он таълими равиявӣ ва тахассусӣ пешбинӣ мегардад. Дар ҷумҳурӣ муассисаҳои таълимии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият менамоянд, ки аз рӯи мавқеи худ онҳо ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва литсею гимназияҳо ҷудо мегарданд. Дар муассисаҳои таълимии мазкур муддати таҳсил барои гирифтани маълумоти  миёнаи пурра 11 – солро дар бар мегирад.

Айни замон (соли хониши  2019/2020) тибқи маълумотҳои Вазорати маориф шумораи муассисаҳои таълимӣ дар кишвар ба  3884  адад мерасад (дар соли хониши 2014/2015 – 3836 ададро ташкил медод), аз ҷумла муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ 315 адад, муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ 442 адад ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 3127 ададро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар кишвар шумораи муассисаҳои таълимии типи нав ба 146 адад мерасад, ки аз ин теъдод 75 ададро гимназия ва 71 адади онро литсейҳо ташкил медиҳанд.

Шумораи мактаб–интернатҳо бошад, 64 ададро ташкил медиҳад, ки дар он кӯдакони ятим, нимятим, бепарастор, кӯдаконе, ки падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои кӯдакон хавфнок, имконияташон маҳдуд, барои кӯдакони аз деҳаҳои навбунёд ва дурдаст, ки муассисаи таълимӣ надоранд, кӯдаконе, ки муҳити носолими оилавӣ доранд ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, фаъолият  менамояд. Шумораи таълимгирандагон дар ин муассисаҳои таълимӣ 8275 нафар, аз ҷумла 2501 нафар духтарон мебошанд.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ бошад, дар соли 2019 – 60 ададро ташкил медиҳад, ки дар онҳо 23138 нафар хонанда таҳсил менамояд ва 7965 нафари онҳо духтарон мебошанд. Дар муқоиса бо солҳои пеш шумораи ин муассисаҳо низ зиёд гардида, фарогирии хонандагон меафзояд.

Аз сабаби он ки афзоиши табиии аҳолӣ дар кишвар босуръат боло рафта истодааст, шумораи хонандагон низ дар мактабҳои таҳсилоти миёна сол аз сол зиёд ба назар мерасанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли хониши 2019/2020 ҳамагӣ 2 033 900 нафар хонандагон (980 766 нафар духтарон) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин шумора дар соли хониши 2018/2019 – 1 970 002 нафарро ташкил медод, ки аз онҳо 948 722 нафар духтарон мебошанд. Дар муқосиа бо солҳои хониши пештара кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳарсол, тақрибан 63 ҳазор нафар зиёд ба таҳсил  фаро гирифта мешаванд.

Дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ шумораи умумии хонандагон дар соли таҳсили 2019/2020 ба таври зайл мебошад:

  • вилояти Хатлон – 752 686 нафар (362 772 нафар духтар);
  • вилояти Суғд – 547 926 нафар (267 888 нафар духтар);
  • ВМКБ – 38 123 нафар (18 555 нафар духтар);
  • шаҳри Душанбе – 205 103 нафар (96 119 нафар духтар);
  • НТҶ – 490 062 нафар (235 432 духтар).

Дар соли таҳсили 2019/2020 ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 232 208 нафар (112176 духтар) ба синфи 1 фаро гирифта шуд, аз ҷумла, дар ВМКБ 3954 нафар (1904 духтар), вилояти Хатлон 86285 нафар (41665 духтар), вилояти Суғд 61235 нафар (29730 духтар), шаҳри Душанбе 22632 нафар (10703 духтар) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 58102 нафар (28174 духтар)-ро ташкил медиҳад. Шумораи фарогирии хонандагони синфи 1 нисбат ба соли таҳсили 2018/2019 – 2756 нафар зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ фарогирии кӯдакон дар синфи 1–4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли хониши 2018/2019 ҳамагӣ 889 657 нафар мебошад, ки аз инҳо 431 080 нафар духтарон мебошанд. Дар синфи 10–11 бошад, ҳамагӣ 249 426 нафар кӯдакон таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 116 016 нафарашон духтарон мебошанд. Аз ин шумора дар шароити деҳот теъдоди кӯдакони ба синфи 1–4 фарогирифташуда ба 631 225 нафар баробар аст, аз ин миқдор 308 715 нафар духтарон ҳастанд. Хонандагони синфҳои 10-11 бошад, 176 760 нафар мебошанд, шумораи духтарон 83 646 нафарро ташкил медиҳанд. Фарқ байни шумораи умумии хонандагони синфҳои 1–4-ум ва синфҳои 10–11-ум 640 228 нафар буда, аз онҳо 315 064 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Аз рӯи ин маълумоти оморӣ фарогирии кӯдакон ба таҳсилот асосан дар синфҳои 1 то 9 хуб ба роҳ монда шуда, дар умум, қариб 99% ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки синну соли хонандагон аз 7 то 15 соларо ташкил медиҳад. Азбаски зинаи асосӣ то синфи 9 ба роҳ монда шудааст, хонандагон баъди хатми зинаи дуюми таҳсилот (синфи 9) метавонанд ба ягон  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил гарданд.

Албатта, қайд кардан зарур аст, ки қисме аз хонандагон баъди хатми синфи 9 ба ягон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил гардидаанд. Аз ин рӯ, мо ба теъдоди умумии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ назар кардем, ки он ҳамагӣ 86 497 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 53 756 нафар духтарон таҳсил менамоянд. Дар байни инҳо донишҷӯёне низ ҳастанд, ки баъди хатми таҳсилоти умумӣ, яъне хатмкунандагони синфҳои 11 низ таҳсил менамоянд. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки теъдоди зиёди хонандагони синфҳои 10-11 ба таҳсил фаро гирифта намешаванд. Ҳамин тариқ, таҳлилҳои боло нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ қисмати зиёди кӯдакон то синни 15 солагӣ, яъне то синфи 9 таҳсилро идома медиҳанд.

Захираҳои кадрии соҳаи маориф, бахусус дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сатҳу сифати таълим ва ҳавасмандии ҳайъати омӯзгоронро тавсиф менамояд. Аз ин рӯ, омӯзгорон яке аз омилҳое мебошанд, ки сифати таълим аз онҳо вобаста буда, насли оянда маҳз тавассути онҳо донишу малакаи хубро ба даст оварда метавонанд. Ҳамзамон, омӯзгор нафаре мебошад, ки ба хонандагон, на танҳо донишу малака меомӯзад, балки дар ташаккули шахсияти онҳо, яъне дар иҷтимоигардии шогирдон низ иштирок мекунад.

Маълумотҳои омории маориф нишон медиҳад, ки айни замон шумораи омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 124 593 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 74 046 нафар занон мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 5 632 нафар (3 346 зан) дар ВМКБ, 44 423 нафар (23 131 зан) вилояти Хатлон, 38 714 нафар (25 360 зан) вилояти Суғд, 8 863 нафар (6 888 зан) шаҳри Душанбе ва 26 961 нафар  (15321 зан) дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Аз рӯйи сатҳи маълумотнокӣ 74,1% бо маълумоти олӣ, 24,5% бо маълумоти миёнаи касбӣ ва 1,4% бо маълумоти миёнаи умумӣ ба хонандагон дарс меомӯзанд, ки ба ҳар яки онҳо 16,3 нафар хонанда рост меояд. Дар синфҳои 1 – 4 ба ҳар як нафар омӯзгор 23,3 нафар хонанда ва дар синфҳои 5 – 9 ва 10 – 11 бошад, ба як нафар омӯзгор 12,7 нафар хонанда рост меояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар зинаи аввали таҳсилот сарбории омӯзгорон аз ҳисоби хонандагон зиёд мебошад. Дар ҳолати дар як синф аз меъёр зиёд ба таҳсил фаро гирифтани хонанда сатҳи дониши хонандагон паст мегардад. Солҳои охир дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, махсусан дар шаҳрҷойҳо аз 35 то 45 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳол он, ки тибқи талабот бояд дар як синф то 25 нафар хонанда фаро гирифта шавад, зеро он вақти муайяне, ки барои ҳар як фан ҷудо мегардад ба ҳамин миқдор хонанда рост меояд. Ғайр аз ин, худи омӯзгор низ дар вақти аз меъёр зиёд будани хонанда хастагӣ эҳсос намуда, ба онҳо якхел муносибат намекунад, ки ин боиси рӯҳафтодагии хонанда гардида, барномаи таълимиро аз худ карда наметавонад.

Доир ба эҳтиёҷоти кадрие, ки дар соли 2019 (2760 нафар) шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намудаанд, аз тарафи вазорат бо роҳхат ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои кишвар 4217 нафар мутахассиси ҷавон фиристода шуаанд, ки аз онҳо 2969 нафар ё 70,4% ба ҷойи кор ҳозир гардиданд. Тибқи рақамҳои ба ҷойи кор ҳозир гардидани мутахассисони ҷавони соҳа бояд мушкилоти норасоии кадрҳо дар ин самт ҳалли худро ёбад.

Мутаасифона, ҳамасола дар баробари бартараф намудани мушкилоти норасоии омӯзгорон ва таъмини муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, нафарони зиёде ҳастанд, ки бо сабабҳои гуногун аз кор мераванд. Аз ҷумла, соли 2017 тибқи омори Вазорати маориф, ки шумораи омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона 120635 нафарро ташкил медоданд, аз онҳо 8035 нафар (164 нафар фавтиаанд) аз кор рафтаанд. Ин омил боиси мушкилот дар таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорон мегардад, зеро мутахассисони ҷавоне, ки ба ин самт равона мегарданд, ҳавасмандиашон нисбати касби омӯзгорӣ паст мегардад. Аз ин рӯ, барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, мақомотҳои дахлдор бояд бо ҳар восита кадрҳои ботаҷрибаи соҳаи омӯзгориро ҳавасманд гардонда, сади роҳи аз кор рафтани онҳо гарданд, чунки тарбияи насли наврас маҳз аз омӯзгори ботаҷриба вобаста мебошад.

Бо вуҷуди ин, дар ҳисоботи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ҳоло Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) соли 2019 нишон дода шудааст, ки тибқи санҷиш дар як қатор муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ норасоии омӯзгорони дорои маълумоти олӣ ба назар мерасад. Норасоии омӯзгорон асосан, аз фанҳои дақиқ, аз ҷумла, математика, физика, химия, биология ва забонҳои русиву англисӣ мебошанд. Тибқи санҷишҳои гузаронидашудаи хадамот дар аксарият муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо омӯзгорони ғайриихтисос фаъолият менамоянд, ки ин бевосита ба сифати таълим ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ таъсири манфии худро мерасонад.

Назирова М.Н., сармутахассиси

Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед