Яке аз сабабҳои асосии низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон ин аҳдшиканӣ ва иғвоангезии доимии роҳбарияти олии Қирғизистон бо назардошти ҳифзи қудрати хеш дар Қирғизистон мебошад. Яъне ҷониби Қирғзистон роҳи ҳалли сулҳомези мушкилотро намехоҳад ва бо ҳар роҳ Тоҷикистонро ба низои ошкорои низомӣ таҳрик медиҳад.

Сабаби дигаре, ки сари роҳи ҳалли ин мушкилот мегардад, ин мавҷудияти як навъ низоми ду ҳокимиятӣ дар Қирғизистон мебошад, ки онро Президенти ин кишвар Ҷапаров С. ва раиси КДАМ Қамчибек Ташиев роҳбарӣ менамоянд. Муносибати раҳбарияти ҷониби Қирғизистон ба масъалаҳои марзи муштарак созанда нест. Таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ашхоси болозикр барои нигоҳ доштани қудрати худ метавонанд ба чунин амали ғайриинсонї даст зананд. Бо назардошти мавҷуд набудани мавқеъгирии ягона ва ҳамоҳангии муштарак миёни ин ду роҳбар ва дигар мақомоти салоҳиятдори Қирғзистон оид ба масъалаи баҳси сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аксар вақт мо шоҳиди риоя нагардидан ва ё нақзи ошкорои созишномаҳои қаблан ба даст омада мегардем, ки ин аз бемасъулиятӣ ва ноустувории мавқеи ҷониби Қирғизистон дар иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон дарак медиҳад. Илова бар ин, чунин беҳокимиятӣ дар сохтори давлатӣ ва ниҳодҳои қудратии Қирғизистон хавфи дахолати ҷонибҳои сеюмро дар ин қазия ба маротиб боло мебарад. Чунин вазъият натанҳо ба амнияти Тоҷикистону Қирғизистон, балки ба амнияти минтақа Осиёи Марказӣ таҳдиди воқеӣ дошта, ҳар лаҳза ин вазъият метавонад бо дигар кишварҳои минтақа низ ба амал ояд.

Яке аз сабабгорони дигари иғвоангезӣ ва ташкил низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ин худи ҳокимияти кунунии Қирғизистон ва аъзоёни ҷиноятпешаи ин низом мебошанд. Бо ташкили чунин низоъ ҳокимияти имрӯзаи Қирғизистон талош меварзанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандии Қирғзистонро аз мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷойдоштаи кишвар ва амалҳои ҷиноиву корупсионии ҳукумати феълӣ ба дигар тараф бурда, минбаъд низ бесалоҳиятиву бенизомиву ноуҳдабароӣ ва амалҳои ҷиноятии худро идома дода, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар назди қонун ва инчунин аз баҳсҳои сиёсиву ҳисоботдиҳӣ дар назди ниҳодҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ масъулиятгурезӣ намуда, худро дар канор гиранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки чанде пеш роҳбарияти олии сиёсии Қирғизистон нияти якҷониба риоя накардани протоколҳои байнидавлатии бо Тоҷикистон қаблан имзошударо эълон намуда буд.

Бояд гуфт, ки риоя накардани протоколҳо, беэҳтиромӣ ва беэътиноии ошкоро ба музокироти сиёсӣ ва дипломатӣ нигаронкунанда аст ва бори дигар ниятҳои аслии роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Қирғизистонро тасдиқ мекунад. Мо зарур мешуморем, ки ба ҷониби Қирғизистон принсипи асосии ҳуқуқи байналмилалӣ – «Pаcta sunt servanda», ки маънои «шартномаҳоро бояд риоя кард» -ро хотиррасон кунем. Ин принсип дар Оинномаи СММ низ дарҷ гардидааст, ки бояд аз ҷониби ҳар кишварҳои аъзои СММ риоя гардад.

Бояд гуфт, ки Қирғзистон мунтаззам иғвоангезиро нисбати ҷониби Тоҷикистон ба роҳ монда, ваъдахилофӣ, аҳдшиканӣ ва бемасъулиятиву бесалоҳиятиро пешаи кори худ карда, дар ҳалли мушкилоти хатти сарҳади давлатӣ аз роҳи муколамаи сиёсию дипломатӣ канораҷӯӣ намуда, манфиатдор нест. Албатта, ки дар раванди бесуботсозии вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва умуман дар минтақа дасти ҷониби сеюм низ ба назар мерасад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли осоиштаи ҳама масъалаҳои мушкил аст. Сиёсати сулҳҷуёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқи равшани ин гуфтаҳост. Ҷониби Тоҷикистон ин маротиб низ чун ҳамеша ҳамчун кишвари сулҳхоҳ пешниҳод кардааст, ки низои ба вуқуъ омада тавассути музокирот ҳал шавад. Аммо ҷониби қирғиз дидаву дониста чунин механизмеро нодида гирифт, ки аз нақшаҳои алтернативӣ барои Қирғизистон – низои мусаллаҳона шаҳодат медиҳад.

Ин маротиб низ, санаи 14-ум ва 16-уми сентябри соли 2022 ҷониби Қирғизистон бо нақзи тамоми тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда, дар тамоми нуқтаҳои сарҳадии давлатии Тоҷикистону Қирғзистон ба иншооти марзӣ, ғайринизомӣ ва хонаҳои истиқоматии мардуми Тоҷикистон душманона ва хиёнаткорона ҳамла намуд, ки боиси талафоти ҷонӣ ва молӣ гардид.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар Сарҳади давлатии ҶТ ва ҶҚ то соати 11:10-и 16 сентябри соли 2022 натиҷа надоданд, зеро тарафи Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дода, аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ намуд. «Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд».

Дарвоқеъ, ин маротиб низ сарҳадбонони қирғиз пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро рад карда, ба сӯи иншооти гуногуни инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла постгоҳу отрядҳои сарҳадӣ ва нуқтаҳои аҳолинишин бо истифода аз тамоми намудҳои силоҳ бетаваққуф тирборон карданд.

Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи таҷовузкорони қирғиз чанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар ҷароҳат бардошта, шумораи зиёди манзилҳо, нуқтаҳои сарҳадӣ, дигар иншоот ва инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯзонда шуданд.

Бояд қайд кард, ки истифодаи қувваи мусаллаҳ бар зидди соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ё истиқлолияти сиёсии давлати дигар, ки ин ҳодиса нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ омад, ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шартномаҳо ва санадҳои байналмилалӣ мувофиқат намекунад ва ҳамчун амали таҷовуз ба ҳисоб меравад. Амалиёти дастаҳои мусаллаҳ ё гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки ба муқобили давлати дигар амалҳои истифодаи қувваи мусаллаҳонаро анҷом диҳанд ва он хусусияти вазнин дошта бошад, мувофиқи ҳуқуқи байналмилалӣ низ амали таҷовуз ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, дар посух ба таҷовузи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар натиҷаи амалҳои дар боло зикргардидаи аҳолии мусаллаҳи маҳаллӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, ҷониби Тоҷикистон маҷбур шуд, ки барои бехтар намудани мавқеъҳои мудофиавии худ ва ҳимояи марзу буми худ ба қушунҳои таҷовузкор посухи фаврӣ диҳад.

Бинобар ин, ҳодисаи санаи 14-16 сентябри соли 2022 дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон рухдода нишон медиҳанд, ки амалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вокуниши маҷбурӣ барои боздоштани амалиёти ҷангии ҳамлаовар аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии таҷовузкори Қирғизистон мебошад.

Тибқи иттилои Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли ҷорӣ новобаста аз баргузории вохӯрии роҳбарони сохторҳои аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эълон намудани оташбас шурӯъ аз соати 14:30 рӯзи 16 сентябр, бо гузашти якуним соат, ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз карданд.

Тарафи Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии низомиро аз маркази ноҳияи Боткени Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол доданд.

Боиси нигаронист, ки ҷониби Қирғизистон бо истифода аз чархлболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарниши зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти мулкии Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор доданд.

Бори дигар ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ҳамеша ташаббускор ва ҷонибдори ҳалли ҳама гуна баҳси марзӣ бо истифода аз муколамаи сиёсӣ ва дипломатӣ мебошад. Умедворем, ки ҷониби Қирғизистон минбаъд низ аз сиёсати ғайрбашардӯстонаи худ даст кашида, ба арзишҳои неки ҳамсоягӣ содиқ хоҳад монд.

 Парвиз Муҳаммадзода,
 доктори илмҳои сиёсӣ, муовини директори
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоп кунед