Аз ташкилу баргузори Иҷлосияи таърихии 16–уми Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипари гардид. Агар аз роҳи тайкарда ёдовар шавем, бо талошу дастгирии қувваҳои солими ҷомеаи кишвар 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI–уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардида, сохти конститутсионӣ эҳё карда шуд.

Баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ба заминаҳои мусоиди интихоби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва қабули қонуну санадҳои меъёрии тақдирсоз асос гузошт. Муҳимтарин дастоварди бузурги ин Иҷлосия интихоби фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии ва роҳбари давлати   Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ин Иҷлосияи таърихӣ дар маҷмуъ, 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки ҳамагӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳои душвор, ҳамчунин таҳким бахшидани низоми давлатдории навини миллии тоҷикон дар марҳилаи гузариш хидмати таърихӣ карданд.

Иҷлосияи XVI замоне баргузор гашт, ки парокандагии сиёсӣ дар ҷомеаи тоҷик на танҳо дар фазои мафкуравӣ, балки дар табиати муносибату ҳамдигарпазирии мардуми минтақаҳои гуногун амиқ реша давонда буд ва бархе аз онҳо аз паси сангарҳо тавассути зӯри силоҳ муносибаташонро бо ҳамдигар муайян карданӣ мешуданд. Иззату эҳтиром шинохти якдигар қариб аз байн рафта буд. Ҳар гурӯҳ талош меварзид, ки сохтори давлатдорӣ тараққиёти ҷомеа тибқи ҳадафу манфиати онҳо интихобу пеш бурда шавад ва мутаассифона, аксари мақомдорони онвақтаи ҳукуматҳои маҳал ҷуръату масъулияти ба ҳам наздик кардани манфиати ин гурӯҳҳоро дар атрофи наҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистони навистиқлол муттаҳид карда натавонистанд.

Тавре ишора гардид,  пайравону ҷонибдорони гурӯҳҳои мухталиф дар минтақаҳо нуфуз пайдокарда, бо таблиғу ташфиқи андешаҳои ифротгароёна дар пояҳои наҳзатӣ ба тафаккури мардуми кишвар ҳисси нобоварӣ аз ҳамдигар, тарсу ҳароси ҳамешагиро ба вуҷуд оварданд, ки аз камтаҷрибагии шаҳрвандон ва аз сар нагузаронидани чунин вазъи бархӯрд шаҳодат медод. Таблиғи ҳадафҳои нопоки онҳо дар рӯҳияи мардум ҳиссиёти хиёнату бадбинӣ миёни мардуми маҳаллу минтақаҳои гуногун, ноустувории муносиботи тарафҳо, афзоиши қатлу кушторо дар манотиқи даргир, беназмию бесуботии сиёсию иҷтимоӣ, нуфузи гурӯҳҳои ҷинояткоро авҷ гиронд. Ҳокимияту роҳбари ба дасти дастаҳои силоҳбадаст афтода, теъдоди дуздону ғоратгарон ва сафи созмонҳои ҷиноятӣ хеле зиёд гардиданда ҳаррӯза тороҷу дуздии амволи давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо суръат афзоиш  ёфт. Шаклгирии чунин раванд ҳисси маҳалгаройиву кӯтоҳандеширо боло бурда ба фазои сиёсии халқ ҳисси ноумедӣ овард. Бо пахши иттилооти хурофотпарастӣ пазируфтани фарҳанги бегона тақлиди симои зоҳирии шаҳрвандонро дигаргун карда, ҳисиёти дилсардию бетафовутиро ба вуҷуд оварда буд.

Аввалин, иқдомҳо аз таҳрезии барномаи давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи парокандагию нобудӣ наҷот додани давлату миллат буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки ман ҷонибдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам, фаъолияти аввали кории худро аз сулҳ оғоз менамоям, мо дар якҷояги вазъиятро ба эътидол оварем, ба мардуми шарифам муроиҷиат намуда хоҳиш менамоям, ки ба фиребу найранг дасиссаи гуруҳҳои мухталиф бовар накунанд, ҷонамро барои якпорчагии давлату миллатам дареғ намедорам. Нахустин вазифаи ман ба Ватан баргардонидани тамоми гурезагоне, ки ҷойи зисти муқимии худро тарк кардаанд ё аз маҳали зисташон ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ фирор намудаанд.

Мақсади ягонаро ба пешгирӣ хомӯш намудани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба созишу мувофиқа овардани гурӯҳҳои бо ҳам муқовимат дошта ва ҷустуҷӯи роҳҳои наҷот додани давлату миллат аз нобутшавӣ ва парокандагии равона намуд. Ҳамчунин, дар ҷаласаи Иҷлосияи 16-ум Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистонро қабул намуда савганди вафодориро барои кору адои фаъолият ҳалли мушкилотҳо ба эътидол овардани вазъи ҷойдошта қабул гардид.

Дар рафти Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22–декабри соли 1992 ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид нома ирсол намуданд, ки барои мусоидат дар танзими муноқишаҳои байни тоҷикон кумак намоянд. Аз моҳи январи соли 1993 гурӯҳи кори нозирони СММ ба Тоҷикистон омада ба фаъолият шуруъ карданд. Дар фаъолияти намояндаги то 15 май соли 2000 дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати ҷумҳурӣ  барои расонидани ёрӣ дар самти танзими сиёсии муноқишаи байни тоҷикон, арзёбии вазъи ҳуқуқии инсон, баргардонидани гурезагону асирон,   пешгирии раванди таназзули иқтисод ва ҷалби сармояи хориҷи ба хотири рушди Тоҷикистон масъалаи ба ҳам овардани неруҳои музокироти сулҳи точикон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.

Барои рафъи ин мушкилот, Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз 12 декабри соли 1992 пахш гардид. Дар мазмуни Муроҷиатнома ба мардуми Тоҷикистон вобаста ба вазъи баамаломада чунин омадааст: «Ҳарчи зудтар дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракуниро барқарор карда, кори пурмасъулияти онҳоро таъмин кунем; дар маҳалҳо сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқро барқарор карда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои муқаддаси худ шароит фароҳам оварем»

Яке аз ин иқдоми бисёр муҳимми сари вақти қабули Қонун «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», ба шумор меравад. Яъне ин авфи гуноҳи шахсоне буд, ки дар муқовиматҳо ва даргириҳои то ин дам бавуҷудомада иштирок карда буданд. Дар ин радиф аз ҷониби Иҷлосия ҳамчунин Қонун «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» қабул гардид, ки мақсади ин қонунҳо таъмини асосҳои қонунии ба ҳам овардани мардуми кишвар, сулҳу оштӣ ва таъмини рӯзгори осудаи мардуми Тоҷикистон буд. Инҳо аввалин санадҳои ҳуқуқие буданд, ки дар роҳи оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон нақши роҳнамоиро иҷро намуданд.

Дуюм, қарору қонунҳои мушаххас барои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ баҳри ҳимояи ҳудуди ва нигоҳ доштани мустақилияти кишвар қабул карда шуд. Зарурати ташкил намудаи Артиши миллӣ дар ҳайати фронти халқи  мавриди муҳокима сурат гирифт. Дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ аз 18-уми декабри соли 1992, таҳти №3 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард.

Сеюм, Бо ташабусу дасгирии доимӣ ва пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 – ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқи қабул карда шуд.  Маҷмуи қонунҳои асоси қабул гардида баҳри мутобиқати он ба раванди ҷомеа се маротиба солҳои 1999, 2003, 2016 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Ҳукумати Ҷумҳури Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Доктаринаи ҳарбӣ», Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи мудофиа”,  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умуии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” ва як қатор қонунҳои марбути давлатиро барои фаъолияти сохторҳои низомӣ кор карда, ба тавсиб расонида шакли сохтори замонавии  Қувваҳои Мусаллаҳро муайяну тасдиқ намудаанд.

Чорум, баҳри таъмини амнияти дохили кишвар безарар гардонидани гурӯҳҳои мухолифи фитнаҷӯ ва мансабталоши дохилӣ чораҳои мушаххас андешида шуд. Новобаста аз бахшишҳои пай дар  пай қабули санадҳои ҳамдигарбахши роҳбарони мухолиф ба мансабҳои масъули мақомотҳои давлатӣ баҳри оштӣ, нигоҳ доштани парокандагии минтақавӣ  мансабу рутбаҳои баланди низоми дода шуданд. Онҳо ба ин авфу гузариш қаноат накарда, барои пароканда намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол табадуллоти яроқноки зидди ҳукуматиро ташкил намуда, ба мақсади нопокашон расида натавонистанд.

Панҷум, ҳамкориҳои ҳарбӣ байналмилалӣ бо созишномаҳои  СААД, САҲШ. Артиши милли, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол гаштанаш то имрӯз баҳри таъмини амният сулҳу суботи кишвар дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангин иштирок карда, равиши ҷангиро омӯхта, обутоб ёфт, барои ҳамкорӣ бо даҳҳо созмонҳои байналхалқӣ шомил гашта тавонист. Дар айни замон бо СААД, ИДМ, САҲШ, СММ, Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва дигарҳо ҳамкориҳои судманд дар чаҳорчӯбаи уҳдадориҳои дуҷониба ташкил карда шуда як қатор меморандумҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд. Бо СААД аз моҳи майи соли 1992 Созишнома баста шудааст, ки дар асоси қарори Шӯрои амнияти дастаҷаъмӣ аз 7 октябри 2002 номи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷаъмиро гирифт. Ҳамасола дар машқҳои муштараки низомии ҷузъу томҳои артишҳои кишварҳои узви СААД ва САҲШ фаъолона ширкат меварзанд.

Дар самти сиёсати хориҷӣ робитаҳои байналмилалии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, бо кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷаъмӣ, махсусан бо Федератсияи Русия ва Қазоқистон сохторҳои низомии давлатҳои ҳамсоя, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, ва Эрон хеле густариш ёфта, кумаку дастгириҳо барои мустаҳкамии ҷузъу томҳои низомӣ расида истодааст.

                                                                   Саидхоҷа Акбаров,
сармутахассиси Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед