Ҳоло ҷашни Наврӯз дар тамоми кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, бахусус,  пас аз ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид гардидани он ва эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз ин ҷашни ниёгони мо дар мамлакатҳои гуногуни олам бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, ҳамчун пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгони халқу миллатҳо табдил ёфтааст.

Тибқи таҳлилҳо ҳоло Наврӯз натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки мамлакатҳои чун Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркия, Туркманистон, Эрон, Озарбойҷон, Албания, Афғонистон, Курдистони Ироқ, Ҳиндустон, Македония минтақаҳои шуношуни Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо  дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ногуфта намонад, ки аз соли 2010 инҷониб дар Гурҷистон Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ эълон гардидааст.

Аз ин бар меояд, ки Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони натанҳо эронитабор, аз ҷумла Тоҷикистон, балки халқу миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, Наврӯз, яъне «Рӯзи нав» маънидод гардида, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз баҳор ба ҳисоб рафта, пайдоиши он таърихи беш аз панҷ ҳазор сола дорад. ногуфта намонад, ки таҷлили Наврӯз ҳанӯз дар аҳди давлати Ҳахоманишиён мушоҳида мешуд, ки ин далели возеҳу равшани таърихи тулонӣ ва қадими доштани Наврӯз мебошад.

Имсол аз байналмилалӣ гардидани ҷашни Наврӯз 15 сол сипарӣ мегардад. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки санаи 23 феврали соли 2010 бо пешниҳод ва ташаббуси бевоситаи ҷониби Тоҷикистон ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон дар ин самт, инчунин дастгирӣ ва азму талоши муштараки чандин кишварҳои дӯсту бародар, аз қабили Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон дар иҷлосияи 64-уми Маҷммаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, банди 49-уми рӯзномаи «Фарҳанги сулҳ» қатънома зери  унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» ба тасвиб расид, ки мақсади асосии он пеш аз ҳама, тақвият бахшидан ба робитаҳои дӯстонаи байни миллатҳо, нигоҳдорӣ ва тарғиби анъанаҳои неки умумибашарӣ мебошад.

Дар баробар ин, 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз дар қатори 76 мероси ғайримоддии дигар ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО мероси фарҳангии башарият ворид карда шуд. Маҳз дар ҳамин замина, ҳоло дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон, аз Ғарб то Шарқ Наврӯзи хуҷастапайро бо махсусиятҳои ба худ хос ҷашн мегиранд.

Ҳоло барои мо мардуми тоҷик ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси сарфарозӣ аст, ки ин ҷашни кӯҳану бостонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид чун ҷашни байналмилалӣ эълон карда шуд.

Ба андешаи мо, ҷашни Наврӯз дар баробари фарҳанги буданаш, ҷанбаи иқтисодӣ низ дорад. Зеро ҳамасола дар остонаи таҷлили ин ҷашни бузурги таърихи аз ҷониби шахсони саховатпеша, бахусус, соҳибкоронии ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иншоотҳои хурду бузурги аҳаммияти истеҳсолию хизматрасонидошта, бо таъсиси садҳо ҷойҳои нави корӣ бунёд гардида, боиси боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати заиндагии мардум мегардад.

Аҳаммияти иҷтимоиию фарҳангии Наврӯз дар он зоҳир мегардад, ки  дар арафаи ин ҷашни бузурги таърихӣ бо дастур ва ҳидоятҳои бевоситаи инсодӯстонаи Пешвои миллат дар баробари таъмиру таҷдид ва покиза намудани дӯкону хонаҳо, пушидани сарулибоси тоза, аёдати маъюбону барҷомондагон, пиронсолон, инчунин ташкили хатнасури ҳазорҳо нафар тифлон ва баргузории тӯйҳои арӯсии дастаҷамъона аз оилаҳои камбизоат аз ҷумлаи амалҳои дигари шахсони саховатпеша, бахусус, соҳибкорони бо нангу номуси мамллакт ба ҳисоб меравад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки ҳамасола дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳаё сохтани шароитҳои зарӯри барои соҳибкорон, саҳми онҳо дар татбиқи мақсаду ҳадафҳои стартегии мамлакат ва бунёдкориву созандагӣ ҳангоми таҷлили ҷашнҳои бузурги миллӣ, бахусус, таҷлили ҷашни Наврӯз мунтазам зиёд мегардад.

Чуноне, ки маълум аст, ҳамасола дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, бахусус, Тоҷикистон фестивалу барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла «Карнавали Наврӯзӣ» бо иштироки меҳмонон аз мамлакатҳои гуногун таҷлилу баргузор мегардад.

Дар таҷрибаи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар заминаи таҷлили чунин иду маросимҳои бузург, бахусус, тавассути баргузор намудани фестивал-озмунҳои мусикӣ, театрӣ, эстрадӣ, сиркӣ, соҳаи кино, кишоварзиву саноатӣ бренди ягонагии устувории давлат, аз ҷумла аз лиҳози амниятӣ, балки зарфияту имкониятҳои ҷойдоштаи мамлакати худро барои тиҷорату сармоягузорӣ ба чаҳониён муаррифӣ менамоянд.

Дар кишварҳои пешрафта, соҳибкорону сармоягузорон аз  ҳаргуна фестивалҳои соҳавӣ ҷиҳати ривоҷи фаъолияти тиҷоратӣ ва мустаҳкам намудани тамғаи молии худ ба таври васеъ истифода менамояд.

Бинобар ин, соҳибкорони  ватанӣ имкон доранд, ки дар заминаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз тавассути ташкили ҳаргуна фестивалу карнавалҳои Наврӯзи сурат мегирад, молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳои рақобатпазир ва зарфияту имкониятҳои ҷойдоштаи худ дар ин самтро ба ҷаҳониён нишон диҳад.

Ривоҷи чунин амал, бевосита ҳамбастагии зичи фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бо мақомотҳои давлатӣ, ҳангоми таҷлил ҷашни Наврӯзро ба миён мегузорад.

Дар баробари ин, бахишида ба таҷлили Наврӯз  ташкилу баргузор намудани ҳар гуна форуму ҳамоишҳои иқтисодӣ, озмуну фестивалҳои соҳавӣ ҳамкориҳои судманд дар самти таъсиси ширкату корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнок, рушди соҳибкории хурду миёна ва ғайра ҳамчун пайвандагари  кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва дар ин замина муаррифии ҳарчи бештари натанҳо зарфиятҳо тиҷоратию иқтисодӣ, балки имкониятҳо дар самтҳои сайёҳию фарҳангӣ низ аҳаммияти муҳим дорад.

Хулоса татбиқи чунин амал, агар аз як тараф ба ҷалби сармоя, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, муаррифии имкониятҳои ҷойдошта дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолию тиҷоратӣ ва хизматрасонии муштараки натанҳо кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, балки дигар мамлакатҳои ҷаҳон мусоидат кунад, аз ҷониби дигар ба зиёд гардидани шумораи саёҳон ва дар ин асос таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ворид гардидани асъори хориҷӣ ва ғанӣ гардидани имкониятҳои буҷети давлатӣ боис мегардад.

Лозим ба таъкид аст, ки ҳоло дар мамлакатҳои тараққикарда ба масъалаи ташкилу баргузор намудани ҳаргуна фестивал-озмунҳои соҳавӣ, бахусус, дар арафаи таҷлили иду ҷашнҳои аҳаммияти таърихидошта ва дар ин асно ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон аҳаммияти хосса зоҳир карда мешавад.

Аз ин нуқтаи назар, вусъат бахшидани корҳо вобаста ба масъалаҳои баррасигардида, бахусус, ҳангоми ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз бисёр ҷиҳат ба манфиати кор хоҳад буд.

Одиназода А.И.,
н.и.и, сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ
ва рушди бахши хусусӣ

Чоп кунед