Тавре ки маълум аст санаи 23-24 сентябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мубоҳисаҳои 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳангоми суханронии худ Роҳбари давлат бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи аҳли сайёраро ба равандҳои пуртазоди геополитикиву сиёсӣ, шиддат ва густариш ёфтани “ҷанги сард”, мусаллаҳшавии бошитоб, ҳамзамон густариш ёфтани низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу хатарҳои глобалӣ, ки бешубҳа оқибатҳои манфии дарозмуддатро дар пай доранд, ҷалб намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки роҳбари давлати Тоҷикистон пайваста дар суханрониҳои худ расидагӣ ба ҳалли саривақтии мушкилот дар сайёраро таъкид менамоянд. Аз ҷумла, вусъат ёфтани низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, амнияти минтақа ва ҷаҳонро то рафт мураккаб намуда истодааст.
Қобили зикр аст, ки вазъи сиёсати байналмилалӣ рӯз то рӯз мураккабу печида ва пешгӯйинашаванда гардида, бештар таъсири манфии худро ба кишварҳои рӯ ба инкишоф, аз ҷумла Тоҷикистон мерасонад.
Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳониро ба мақсади ҳифзи суботи сиёсӣ ва таъмини рушди устувор зарур шуморида, аз роҳбарони давлатҳо даъват намуданд, ки бо мақсади дастрасӣ ба сулҳу суботи пойдор ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо муттаҳид шаванд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ таъкид доштанд, ки “нишасти “Саммити оянда” барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи сиҳатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст”.
Дар ин замина, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муттаҳидшавии ҷомеаи байналмилалӣ бо мақсади ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор, ки беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад, даъват ба амал оварданд.
Қобили зикр аст, ки имконияти таъмини сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин пешрафти кишварҳо пеш аз ҳама дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ, ки манфиатҳои мутақобилан судмандро фаро гирад, таъмин мегардад.
Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки ба мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамагуна ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна моро зарур аст, ки муттаҳид бошем.
Илова бар ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳоло фурсате расидааст, ки нақши созмонҳои минтақавию байналмилалӣ аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳидро ҷиҳати ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра тақвият бахшида, барои амалӣ шудани Ҳадафҳои Рушди Устувор чораҳои муассир андешем.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хотима бахшидан ба ҳам гуна ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷуёна, инчунин барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар сайёра пешниҳод намуданд, ки тавассути Қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Дар заминаи ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудан ба маврид аст, ки он дорои аҳаммияти бузурги таърихӣ ва башардӯстӣ буда, аз ҷанбаҳои зерин иборат мебошад:
Якум, мутобиқати он ба ҳадафҳои Рӯзномаи “Саммити оянда”- таъкид намудан ба маврид аст, ки яке аз ҳадафҳои муҳимми “Саммити оянда” қабули “Эъломия оид ба наслҳои оянда” ба ҳисоб меравад, ки моҳияти он ҷалби ҷавонон ҳангоми қабули қарорҳо ва ба назар гирифтани мавқеъи онҳо дар раванди қабули қарорҳо, аз ҷумла фиристодаи (намояндагон) эҳтимолӣ барои наслҳои оянда, имкониятҳои бештар барои иштироки ҷавонон дар сатҳи ҷаҳонӣ, ки ҳаёти онҳоро ташаккул медиҳанд, ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои Рӯзномаи “Саммити оянда” созгор мебошад.
Вобаста ба ин таъкид намудан ба маврид аст, ки сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи миллӣ ба сатҳи байналмилалӣ роҳ ёфтааст, ки он ҷанбаи муҳимми ояндасоз дорад. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни суханронии хеш пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндаи миллат мебошанд, дар ин замина мо бояд пайваста талош намоем, ки барои наслҳои оянда як мулки ободу ором ба мерос гузорем.
Маҳз андешаҳои мазкур дорои ҳикмати баланди инсондӯстӣ буда, дар шароити имрӯзи ҷаҳон хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Дуюм, саривақтӣ будани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон. Дар ин замина таъкид намудан ба маврид аст, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ ба буҳрони амиқи сиёсӣ ва амниятӣ гирифтор мебошад. Вазъи мавҷуда пеш аз ҳама ба наслҳои оянда алоқаманд буда, ташаббуси Тоҷикистон дар ин самт дорои мубрамияти ба худ хос мебошад. Зеро, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тамоюли наслкушӣ дар ақсои гуногуни олам ба ҳар шакл идома пайдо намуда, қурбонии низоъҳои мусаллаҳона маҳз насли оянда ба хусус, кӯдакону наврасон ба шумор мераванд.
Тибқи таҳлили оморҳои мавҷуда, теъдоди фавти кӯдакони то панҷсола дар соли 2022 ба ҳадди ниҳоии худ расид, ки дар таърихи инсоният назир надоштааст. Дар робита ба масъалаи мазкур метавон онро дар ду ҷанба арзёбӣ намуд:
а). вазъи мураккаби иҷтимоӣ. Тибқи омори гурӯҳи байниидоравии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳисобкунии фавти кӯдакон бо такя ба маълумоти охирини худ хабар доданд, ки дар соли 2022 4,9 миллион кӯдак пеш аз расидан ба сини 5 солагӣ фавтиданд, ки ин ба ҳар шаш сония як марг рост меояд. Бояд гуфт, ки қариб нисфи кӯдакони фавтида навзод буданд. Илова ба 4,9 млн 2,1 миллион нафар дар байни одамони аз 5 то 24-сола ҷони худро аз даст додаанд, ки аксари фавтидагон дар Африқои Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Ховари Миёна ва дигар кишварҳое мебошанд, ки сатҳи даромади миёнаи онҳо дар сатҳи хеле паст қарор доранд, ба вуқуъ пайвастаанд.
б). вазъи мураккаби сиёсӣ (сар задани ҷангу низоъҳои сиёсӣ). Инчунин қобили зикр аст, ки дар асоси гузориши Комиссари олии СММ дар соҳаи ҳуқуқи башар аз 24 феврали соли 2022 дар Украина зиёда аз 600 кӯдак ҷони худро аз даст дода, зиёда аз 1300 кӯдак ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Қобили қайд аст, ки дар асоси гузориши паноҳҷӯёни фаластинии Созмони Милали Муттаҳид (UNRWA) дар моҳҳои ахир дар муқоиса бо чаҳор соли даргириҳо дар саросари ҷаҳон кӯдакон бештар кушта шудаанд. Ба гуфтаи комиссар Филипп Лазарини “Ин ҷанг бар зидди кӯдакон ва бар зидди ояндаи онҳо” бурда мешавад. Ӯ маълумоти охирини мақомоти тандурустии Ғаззаро ҳайратовар номид, зеро дар чор моҳи охири соли 2024 дар ин қаламрав ҳадди аққал 13-14 ҳазор кӯдак ва наврас кушта шуда, ҳазорҳо нафари дигар зери харобаҳо беному нишон мондаанд. Дар муқоиса бо солҳои 2019-2022 дар амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳо дар саросари ҷаҳон 12,193 кӯдак ва наврас ба қатл расонида шудааст.
Бо дарназардошти вазъияти мавҷудаи байналмилалӣ, ҳамасола миллионҳо нафарро, аз ҷумла кӯдакону наврасон дар минтақаҳои Ховари Миёна ва Сурия бар асари муноқишаҳои тақрибан даҳсола, ки аз ҷангу зӯроварӣ ранҷ мекашанд бо маргу оворашавӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бояд гуфт, ки зарурати сулҳи фарогир ҳеҷ гоҳ ин қадар таъхирнопазир набуд.
Дар ин замина, гуфтан ба маврид аст, ки таҳдидҳо ва нобаробариҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷиддие низ вуҷуд доранд, ки ба зинда мондани кӯдакон дар бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон таҳдид мекунанд. Ин таҳдиду нобаробариҳои афзоянда ва ноустувории иқтисодӣ, муноқиша ва низоъҳои мусаллаҳонаи нав ва тӯлонӣ, тағйирёбии иқлим ва норасоии оби тозаву ошомиданӣ мебошанд. Аз тарафи дигар таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кӯдакони дар оилаҳои камбизоаттарин таваллудшаванда дар муқоиса бо оилаҳои сарватманд ду маротиба зиёдтар мемиранд, инчунин кӯдакони дар минтақаҳои осебпазир ё аз низоъ зарардида дар муқоиса бо кӯдакони минтақаҳои ором қариб се маротиба зиёдтар мемиранд.
Вобаста ба ин таъкид намудан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонии доимии худро новобаста ба мушкилоти ҷойдоштаи байналмилалӣ дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад. Роҳбари давлати мо дар баробари мушкилоти мавҷуданд, аз ҷумла нооромиҳои амниятӣ, буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, гармшавии бесобиқа бар асари тағйирёбии иқлим ва талафоти гуногунии биологӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ барои маблағгузории саривақтӣ ҷиҳати рушди устувор ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда аз роҳбарони давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ даъват ба амал оварданд.
Кишварҳои узви СММ ҳангоми қабули эъломияи сиёсие, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ – “Паймон барои оянда” қабул гардид эътироф карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чунин шароити номуносиб ва тағйирёбандаи байналмилалӣ то соли 2030 танҳо ба 17 дарсади Ҳадафҳои рушди устувор ноил шуда метавонад.
Паймони мазкур дар шароите қабул гардид, ки миллионҳо нафар мардуми осоишта дар минтақаҳои гуногуни олам ба хавфу хатарҳои амниятӣ дучор гардидаанд. Ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои муосир ба амнияти милливу байналмилалӣ – терроризму экстримизм, миллатгароиву нажодпарстӣ, киберҷиноятҳо, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин, дигар ҷинояткории фаромиллӣ бояд амалҳои муштарак ва муассирро дастаҷамъона анҷом диҳанд.
Маҳз бо дарназардошти омилҳои байёнгардида гуфтан ба маврид аст, ки барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва “Рӯзномаи Саммит”- и оянда ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикстон оид ба эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” метавонад заминаи мусоид фароҳам оварад.
Барои расидан ба ҳадафҳои рушди СММ то соли 2023 Роҳбари давлат борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла СММ изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли ҳамагуна муноқишаву низоъҳо танҳо тавассути роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад. Ягона роҳи расидан ба ҳадафҳои милливу байналмилалии рушди устувор, ин хотима бахшидан ба ҳамагуна низоъ ва пойдории сулҳи оламро фарогир имконпазир мегардад.
Воҳидов Насридин,
муовини сардори Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон