Administration
ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
УСМОНЗОДА ХАЙРИДИН УСМОН
15 сентябри соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумот олӣ. Доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1987-1993 – Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Латвия
Солҳои 1993-1996 – Ассисенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи имлҳои Тоҷикистон
Солҳои 1998-1999 – Ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
Солҳои 1999-2000 – Ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
Солҳои 2000-2001 – Мудири шуъбаи фалсафаи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
Солҳои 2001-2002 – Муовини директор оид ба илми Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
Солҳои 2001-2004 – Мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Солҳои 2005-2006 – Ходими пешбари илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
Солҳои 2006-2015 – Сарходими илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
Солҳои 2015-2017 – Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
Солҳои 2017-2020 – Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
Соли 2020 (03-12) – Аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният
Солҳои 2020-2022 – Муовини Раиси Аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот
Аз 27 январи соли 2022 то ҳол – Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
МУОВИНИ ЯКУМИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУРТАЗОЗОДА ОРАЗ
25 апрели соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумот олӣ. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 2003 –2008- Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Солҳои 2009 –2013- Ассистенти кафедраи “Фаъолияти бонкӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Соли 2013 (04-07) – Муаллими калони кафедраи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Солҳои 2013-2014- Курси пурраи бозомӯзӣ барномаи стипендияи ҳукумати Ҷумҳурии Лаҳистон барои олимони ҷавон аз Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, факултаи илмҳои иқтисодиёти Донишгоҳи Варшава
Солҳои 2014-2016- Докторантура дар Донишгоҳи Люблянаи давлати Словения
Солҳои 2018-2020- Муовини декан оид ба таълим –эдвайзери шуъбаи ғоибонаи факултети молия ва фаъолияти бонкӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Соли 2020 (04-08) – Муовини декан оид ба таълим – эдвайзери шуъбаи ғоибонаи ва рӯзонаи факултети молия ва фаъолияти бонкӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Солҳои 2020-2021- Муовини декан оид ба таълим –эдвайзери шуъбаи рӯзонаи факултети молия ва фаъолияти бонкӣ, и.в.дотсенти кафедраи фаъолияти бонкӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Солҳои 2021-2022- Декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Солҳои 2022-2023- Муовини сардори Раёсати таълим, дотсенти кафедраи фаъолияти бонкӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Соли 2023 (04-12) – Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2023-2024- Сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 18-уми июли соли 2024 то ҳоло- муовини якуми Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забонҳои русӣ ва англисӣ медонад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҶУРАХОНЗОДА САОДАТ
26 апрели соли 1973 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумот олӣ. Номзади илмҳои иқтисодӣ
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1990-2000 – донишҷўи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 2003-2004 Аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон,
Солҳои 2000-2006 – Муаллими калони кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг»-и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ
Солҳои 2006-2010 – Муаллими калони кафедраи «Менеҷмент»-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2011 – Муаллими калони кафедраи «Назарияи иқтисодӣ»-и Донишгоҳи русӣ – тоҷикии славянӣ
Солҳои 2011-2013 – Дотсенти кафедраи «Фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ ва идоракунии маъмурӣ»
Солҳои 2013 – Ҷонишини декан оид ба тарбия ва тарғиботи факултаи “Иқтисодиёти ҷаҳон”-и Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон
Солҳои 2013-2014 – Мудири Кафедраи «Менеҷмент ва Маркетинг»-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ш. Душанбе
Солҳои 2014-2020 – Директори Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ», аъзои коллегияи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ
Солҳои 2015-2021 – Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино ш. Душанбе аз ҳавзаи №13
Аз 04.02.2020 то ҳол муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забонҳои русӣ, узбекӣ ва англисӣ (бо луғат) медонад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ШАРИФЗОДА ЛОҲУТӢ ШАРИФ
11 ноябри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумот олӣ. Доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 2005 –2010 – Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷиикстон
Солҳои 2010– 2016 – Сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2016-2017 – Мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода
Солҳои 2017-2020 – Докторанти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2016-2023 – Доктори илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедари муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон
Солҳои 2023- 2024 – Сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон
Аз 18-уми июли соли 2024 то ҳоло Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забонҳои русӣ ва англисӣ медонад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.