Regulation

Низомномаи

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Марказ) муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ, машваратӣ ва таҳлилию ояндабинӣ мебошад.
  3. Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
  4. Марказ дар алоҳидагӣ ё якҷо бо ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият, вобаста ба соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию амниятӣ, омӯзиши афкори умум ва масъалаҳои дигари мубрами ҷомеа барномаҳои таҳлилӣ ва тадқиқотӣ иҷтимоиро мегузаронад.
  5. Марказ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ, нишони худ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланк, молумулк бо ҳуқуқи идоракунӣ, суратҳисоби махсус буда, метавонад аз номи худ шартномаҳо баста, ҳуқуқи молу мулкӣ дошта бошад ва дар суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси даъвогар ва ё ҷавобгар баромад намояд.
  6. Номи пурраи Марказ:

– бо забони давлатӣ: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– бо забони русӣ: Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан;

– бо забони англисӣ: Center for Strategic Research under the President of the Republic of Tajikistan.

 

  1. ВАЗИФА ВА ҲУҚУҚҲОИ МАРКАЗ
  2. Марказ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти худ дорои вазифаҳои зерин мебошад:

– омӯзиш, таҳлил ва ояндабинии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– таҳия ва пешниҳоди маводди зарурии таҳлилӣ ва ояндабинӣ дар масъалаҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– омӯзиш, таҳлил ва коркарди масъалаҳои таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ, пешниҳоди тавсияҳо доир ба тақвияти онҳо ба ниҳодҳои давлатӣ;

– омода ва такмили барномаҳои миллӣ ва консепсияҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногун;

– иштирок дар таҳияи консепсияҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;

– омӯзиш, таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, рушди иқтидори мудофиавӣ ва таҳкими устувори ҷомеа, шинохти таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва ояндабинии таҳдидҳои мавҷуда ба суботу амният;

– омӯзиш ва таҳлили омилҳои низоъҳои ҷамъиятӣ, ифротгароӣ, тундгароӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо, инчунин ташаккули фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа;

– таҳлили хусусиятҳои фазои иттилоотии мамлакат ва таъсири он ба равандҳои сиёсии дохилӣ, масъалаҳои муносибат бо воситаҳои ахбори омма, таъсири арзишҳо, ғояҳо ва мавҷҳои иттилоотии хориҷӣ ба фазои дохилии мамлакат ва омӯзиши роҳҳои таҳкими амнияти иттилоотӣ;

– таҳлилу ояндабинии масъалаҳои стратегӣ ва сиёсии соҳаҳои илм, фарҳанг, маориф ва тарбияи насли наврас;

– таҳлили мавзуъҳои рисолаҳои илмии унвонҷӯёне, ки дар ҳамкорӣ бо Марказ фаъолият менамоянд;

– муайян намудани арзишмандӣ ва самаранокии истифодаи минбаъдаи тадқиқот ҷиҳати дар амал татбиқ намудани стратегияҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар таҳлилу ташхиси барномаҳои давлатӣ ва миллӣ вобаста ба равандҳои сиёсӣ;

– амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои ташкил ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, таҳлил ва ояндабинии равандҳои демократикунонӣ, этнополитикӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ;

– таҳлил ва ояндабинии равандҳои баамалояндаи иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– тадқиқоти ташхисии масъалаҳои таъмини манфиатҳои стратегӣ ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани таклифҳо ҷиҳати таҳияи стратегияи рушди сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат;

– тадқиқоти мушкилоти фаъолияти инноватсионии соҳаҳои иқтисодиёт;

– ташкил ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии дорои хусусияти ояндабинию таҳлилӣ доир ба самтҳои стратегии муносибатҳои байналмилалӣ;

– омӯзиши вазъи афкори ҷамъиятӣ ва муносибати аҳолӣ нисбат ба сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, дохилӣ ва хориҷии аз тарафи мақомоти давлатӣ дар амал татбиқшаванда;

– гузаронидани тадқиқоти фарогир доир ба самтҳои афзалиятноки иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– таҳлил ва ҳамоҳангсозии барномаҳои ҳамкориҳои васеи байниидоравӣ;

– тибқи муқаррароти қонунгузорӣ гузаронидани ташхиси лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар;

– тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани дарсу семинарҳои машваратӣ доир ба тарбияи кадрҳои илмӣ, такмили тахассуси илмии муҳаққиқон ва хизматчиёни давлатӣ;

– тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба роҳ мондани таъсиси нашрияи чопӣ ва фаъолияти нашриявӣ, инчунин маводди илмӣ, илмию оммавӣ ва иттилоотию таҳлилӣ;

– тибқи муқаррароти қонунгузорӣ баррасӣ намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.

– дар доираи ваколатҳои худ ҷалб намудани маблағҳо ва грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ғайра;

– дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудани ҳифзи маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ мебошад;

– ташкили чорабиниҳо барои омодагии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони Марказ;

– ҳангоми зарурат ба ҷаласаҳои худ даъват намудани роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

– бо тартиби муқарраргардида, анҷом додани хизматрасонии пулакӣ;

– тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани вазифаҳои дигар.

  1. Бо мақсади татбиқи вазифаҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Марказ ҳуқуқ дорад:

– аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои дигар, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳоро, ки барои пешбурди фаъолияташ заруранд (маводди зарурии иттилоотӣ, таҳлилӣ ва омор), дархост намояд;

– тибқи шартнома барои иҷрои кор аз ташкилоту муассисаҳо олимон ва мутахассисони алоҳидаро ҷалб намояд;

– бо мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар доираи ваколати худ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома бандад;

– бо иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо, марказҳо ва пажуҳишгоҳҳои илмии ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои илмӣ ба роҳ монад;

– бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малакаи тахассусии кормандони Марказ, бо истифода аз имкониятҳои молиявӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии илмию амалии онҳо дар кишварҳои дигар ба роҳ монад;

– бо тартиби муқарраргардида анҷуманҳо, конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҷаласаҳои илмию методӣ, семинарҳо ва чорабиниҳои дигарро доир ба мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии рушди ҷомеа, давлат ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ гузаронад;

– ифтихорнома ва сипоснома ташкил намуда, кормандони Марказ вазорату идораҳо ва ташкилотҳоро барои саҳм гузоштан дар фаъолияти Марказ сарфароз гардонад;

– тибқи муқаррароти қонунгузорӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ суратҳисоби махсус бо асъори миллӣ ва хориҷӣ кушояд;

– ҳуқуқҳои дигарро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.

 

  1. СОХТОР ВА ИДОРАКУНИИ МАРКАЗ
  2. Марказро директор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
  3. Директори Марказ дорои се муовин, аз ҷумла як муовини якум мебошад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
  4. Директори Марказ дар доираи ваколати худ:

– вобаста ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта, вазифаҳои мансабии муовини якум, муовинон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Марказро муайян менамояд;

– кормандони Марказро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуда, дастурамалҳои мансабии онҳоро тасдиқ менамояд;

– аз номи Марказ баромад мекунанд, манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин бо мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳимоя менамояд;

– аз номи Марказ шартномаҳо мебандад ва ваколатнома медиҳад;

– фармоишҳо қабул менамояд, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони Марказ ҳатмӣ мебошад;

– дар доираи шумораи воҳидҳои корӣ ва тибқи сохтори тасдиқгардида басти вазифаҳо ва харҷномаи Марказро тасдиқ менамояд;

– аз рӯйи натиҷаҳои корӣ ва иҷрои сарбории иловагӣ тибқи тартиби муқарраргардида иловапулӣ ва мукофотпулӣ муқаррар мекунад;

– низомномаи шурои олимон, шурои ҳамоҳангсозию машваратӣ, шурои илмию методӣ, раёсатҳо ва сохторҳои Марказ, инчунин санадҳои дохилии дигарро тасдиқ менамояд;

– дар бораи тағйир додани сохтори Марказ,таъсис додани раёсат, шуъбаю бахшҳои нав зиёд ё кам намудани шумораи кормандон ва фонди музди меҳнати онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

– бо дарназардошти маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, барои давраи дахлдор оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузорӣ ба Марказ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

– дар доираи ваколатҳои Марказ тадбирҳои дигарро амалӣ менамояд.

  1. Барои баррасии масъалаҳои ҷории фаъолияти илмию истеҳсолӣ ва хоҷагӣ дар Марказ раёсат амал менамояд, ки онро директори Марказ роҳбарӣ менамояд.
  2. Дар Марказ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти илмию тадқиқотии соҳаҳои сиёсату иқтисод ва иҷтимоӣ, шурои ҳамоҳангсозию машваратӣ таъсис дода мешавад. Раиси шурои ҳамоҳангсозию машваратӣ директори Марказ мебошад. Ба ҳайати шурои ҳамоҳангсозию машваратӣ муовини якум, муовиннони директор, мушовири директор, котиби илмӣ, олимони Марказ, инчунин олимон ва мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва вазорату идораҳои дигар дохил мегарданд.
  3. Дар Марказ шурои олимон амал мекунад. Раиси шуpoи олимон директори Марказ мебошад. Ба ҳайати шурои олимон муовинони директор, котиби илмӣ, олимони Марказ, инчунин олимон ва мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва вазорату идораҳои дигар дохил мегарданд.
  4. Шурои олимони Марказ самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотиро муайян месозад, нақшаҳои корҳои илмию тадқиқотии Марказ, барномаҳои корҳои илмӣ, усулҳои тадқиқоти мавзуъ ва мушкилоти муҳимтаринро баррасӣ ва тасдиқ мекунад, натиҷаҳои корҳои илмиии унвонҷӯёнеро, ки дар ҳамкорӣ бо Марказ фаъолият менамоянд баррасӣ намуда, барои дар амал ҷорӣ кардани онҳо тавсияҳо пешниҳод менамояд, инчунин масъалаҳои тарбия ва бозомӯзонидани кормандон, такмили ихтисоси онҳоро баррасӣ намуда,кормандони Марказро тибқи тартиби муқарраргардида, барои гирифтани унвонҳои фахрӣ, мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ пешниҳод менамояд.
  5. Раиси шурои олимони Марказ роҳбарони мавзуъҳои илмию таҳқиқотии аз ҷониби Марказ амалишавандаро таъин мекунад.
  6. Дар давраи набудани директори Марказ ваколатҳояшро бо супориши ӯ муовини якум ё яке аз муовинонаш иҷро мекунад.
  7. Дар Марказ ҷиҳати ташкил ва баррасии натиҷаҳои тадқиқоти самтҳои афзалиятноки масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, гузаронидани семинарҳои илмию назариявӣ шурои илмию методӣ таъсис дода мешавад. Раиси шурои илмию методӣ муовини якуми директор мебошад.
  8. Шурои илмию методӣ корҳои зеринро амалӣ мекунад:

– лоиҳаҳои нақшаҳои корҳои илмию тадқиқотиро пешакӣ баррасӣ намуда, ба шурои олимон тавсия медиҳад;

– мониторинги иҷрои нақшаи корҳои илмию тадқиқотиро мегузаронад;

– барои шунидани ҳисоботи раёсатҳои Марказ доир ба иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ҷаласаҳо доир менамояд;

– санҷиш ва омӯзишҳо оид ба татбиқи мавзуъҳои илмию таҳқиқотии аз ҷониби Марказ амалишавандаро анҷом медиҳад;

– мақолаҳои илмӣ, фишурдаи маърузаҳо, брошюраҳо, рисолаҳоро барои чоп тавсия медиҳад;

– гузоришҳои иттилоотию таҳлилӣ, лоиҳаҳои пурсишномаҳои гузаронидани тадқиқоти иҷтимоӣ, саволномаҳо ва ғайраро баррасӣ менамояд.

  1. Шурои илмию методӣ мавзуъҳо, ва муҳлати гузаронидани семинарҳои назариявиро муайян менамояд.
  2. Дар Марказ ҷиҳати таъмини фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва хоҷагидорӣ, воҳидҳои маъмурию идорӣ, хоҷагӣ ва илмию ёрирасон ташкил карда мешаванд.
  3. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ метавонад воҳидҳои сохтории минтақавии худро таъсис диҳад.

 

  1. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРӢ ВА БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ
  2. Маблағгузории Марказ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст анҷом дода мешавад.
  3. Молу мулки Марказ аз фондҳои асосӣ ва маблағҳои гардон, инчунин аз ашёи дигаре, ки арзиши онҳо дар тавозуни мустақили он сабт гардидааст, иборат мебошад.
  4. Молу мулки Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ карда мешавад.
  5. Марказ баҳисобгирии муҳосибӣ ва омориро пеш бурда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
  6. Суроғаи ҳуқуқии Марказ: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 89.