(Тоҷикӣ) ФОРУМИ ДУЮМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА КОРИ ХУДРО ҶАМЪБАСТ НАМУД

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

Чӣ тавре қаблан хабар дода будем, рӯзҳои 28–29 сентябри соли 2026 дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» баргузор гардид. Форум ба солгарди қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ бахшида шуд.
Дар кори Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои дипломатӣ, марказҳои таҳлилӣ ва тадқиқотӣ, ҷомеаи илмӣ ва шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷавонон ва занон, инчунин намояндагони ҷамоатҳои маҳаллии кишварҳои минтақаи Водии Фарғона иштирок намуданд.
Барномаи Форум дар доираи ҳашт самти ба ҳам алоқаманди мавзӯӣ баргузор гардида, дар ҷараёни он доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди устувори минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва саноатӣ, ҳифзи муҳити зист, таҳкими эътимоди минтақавӣ, нақши ҷавонон ва занон дар равандҳои сулҳомез, ҳамкории касбии воситаҳои ахбори омма ва иштироки ҷомеаҳои маҳаллӣ дар таҳкими сулҳу субот баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаҳои мавзӯӣ иштирокчиён таҷриба ва андешаҳои худро мубодила намуда, чолишҳои мубрами минтақа, роҳҳои таҳкими эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ, имкониятҳои рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ ва роҳҳои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини рушди устувору шукуфоии Водии Фарғона пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Пас аз анҷоми ҷаласаҳои мавзӯӣ, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Абдуҷабборов ба ҳамаи баромадкунандагон ва роҳбарони ҷаласаҳои мавзӯӣ барои иштироки фаъол ва пешбурди муҳокимаҳои пурмуҳтаво изҳори сипос намуд.
Маъруф Абдуҷабборов таъкид кард, ки ҳар як ҷаласа дар доираи самти алоҳида баргузор гардида, барои муҳокимаи масъалаҳои муҳим ва мубрами рушди минтақа заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин замина, ӯ аз модераторони ҷаласаҳои мавзӯӣ даъват ба амал овард, ки дар ҷамъбасти кори ҳар як бахш андешаҳо, хулосаҳо ва дидгоҳҳои худро оид ба масъалаҳои баррасишуда баён намуда, натиҷаҳои муҳокимаҳоро бо иштирокчиёни Форум дар миён гузоранд.
Дар идомаи қисми ҷамъбастии Форум директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода суханронӣ намуда, ба ҳамаи иштирокчиён барои иштироки фаъол ва саҳми онҳо дар муҳокимаҳои пурмуҳтаво изҳори сипос кард.
Ӯ ҳамчунин нақши шарикон ва ташкилкунандагонро дар баргузории бомуваффақияти Форум таъкид намуда, барои дастгирӣ ва мусоидат дар ташкили чорабинӣ ба роҳбарияти вилояти Суғд ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Хайриддин Усмонзода, инчунин, ба роҳбарон ва намояндагони Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Институти миллии ташаббусҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ, кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма барои иштироки фаъол ва инъикоси касбии ҷараёни кори Форум изҳори сипос кард.
Зимни суханронии ҷамъбастӣ таъкид гардид, ки пешниҳодҳои созанда ва корие, ки дар ҷараёни Форум баён шуданд, метавонанд барои муайян намудани дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими робитаҳои байни кишварҳо заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Ба гуфтаи Хайриддин Усмонзода, дар тӯли солҳои зиёд Водии Фарғона бештар аз дидгоҳи мушкилоти мавҷуда масъалаҳои сарҳадӣ, об, амният, муҳоҷират ва дигар масъалаҳо баррасӣ мешуд. Имрӯз бошад, зарур аст ба он на танҳо ҳамчун фазои мушкилот, балки ҳамчун фазои имкониятҳо барои ҳамкорӣ, рушд ва таҳкими эътимоди мутақобила назар карда шавад.
Дар ин замина таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти минбаъда на танҳо вокуниш ба чолишҳои мавҷуда, балки фароҳам овардани чунин шароит мебошад, ки манфиатҳои муштараки давлатҳо ва ҷомеаҳо аз омилҳои ҷудокунанда қавитар гарданд.
Агар қаблан саволи асосӣ ин буд, ки «Чӣ гуна мо метавонем аз низоъҳо пешгирӣ кунем?», имрӯз метавон саволи васеътареро ба миён гузошт: «Чӣ гуна мо метавонем якҷоя чунин ояндаеро бунёд намоем, ки дар он сулҳ на танҳо ҳифз карда шавад, балки ба заминаи устувор барои рушд, ба ҳам пайвастагӣ ва некӯаҳволии умумӣ табдил ёбад?»
Дар суханронӣ таъкид шуд, ки ҷавоб ба ин масъала бо рушди савдо, нақлиёт, энергетика, илму маориф, фарҳанг, ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ва пеш аз ҳама, ташаккули эътимоди устувор миёни мардум иртиботи мустақим дорад.
Хайриддин Усмонзода изҳори итминон намуд, ки маҳз тафаккури стратегии пайгирона ва қадамҳои амалии муштарак метавонанд барои табдил ёфтани Водии Фарғона ба фазои сулҳи устувор, ба ҳам пайвастагии минтақавӣ ва рушди муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намоянд.
Дар фарҷоми суханронӣ директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ба маърӯзачиён барои суханрониҳои пурмуҳтаво ва ба ҳамаи иштирокчиён барои таваҷҷуҳ, иштироки фаъол ва мубодилаи созандаи афкор изҳори сипос намуд.
Ҳамзамон, ӯ аъзои Кумитаи тадорукотро барои кори ҳамоҳанг, масъулиятнок ва самаранок, ки ба дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шудани Форум мусоидат намуд, миннатдори намуд.
Форуми дуюми сулҳи Фарғона бо таъкиди аҳаммияти идомаи муколама, таҳкими эътимод ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ анҷом ёфт.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди робитаҳои байни мардум ва татбиқи ташаббусҳои муштарак метавонанд барои таъмини сулҳу суботи устувор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иҷтимоию иқтисодии Водии Фарғона заминаи муҳим гузоранд.
Дар охири Форум ба директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода ва кормандони фаъоли Марказ, ки дар омодагӣ ва баргузории Форум саҳми назаррас гузоштанд, аз ҷониби Бунёди «Peace Nexus» туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
 
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон