(Тоҷикӣ) СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ ҲАШТУМИ ФОРУМИ ДУЮМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА
Дар доираи Форуми дуюми сулҳи Фарғона ҷаласаи ҳаштуми мавзӯӣ таҳти унвони «Нақши ҷомеаҳои маҳаллӣ дар таҳкими сулҳ ва субот дар Водии Фарғона» баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа механизмҳои амалии ҷалби ҷомеаҳои наздисарҳадӣ ба равандҳои ҳамкорӣ, пешгирии низоъҳо ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён аҳаммияти иштироки фаъоли ҷомеаҳои маҳаллӣ дар таҳкими эътимод, рушди ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштаракро таъкид намуда, роҳҳои таҳкими нақши ҷомеаҳои маҳаллиро дар таъмини сулҳу суботи устувор дар Водии Фарғона баррасӣ намуданд.




