(Тоҷикӣ) СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ ҲАФТУМИ ФОРУМИ ДУЮМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

Ҷаласаи ҳафтуми мавзуӣ таҳти унвони «Дурнамои стратегӣ ва рушди ҳамкории ҷомеаи ВАО-и Водии Фарғона» баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои ҳамкории касбии рӯзноманигорон, табодули иттилоот, таҳкими робитаҳои расонаӣ ва рушди ҳамкориҳои байни ВАО-и кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён дурнамои рушди ҳамкориҳои расонаӣ, ташкили платформаҳои муштарак барои табодули таҷриба ва иттилоот, инчунин нақши ВАО-ро дар таҳкими муколама, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷомеаҳои минтақа баррасӣ намуданд.