(Тоҷикӣ) СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ ПАНҶУМИ ФОРУМИ ДУЮМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА
Дар доираи Форуми дуюми сулҳи Фарғона ҷаласаи панҷуми мавзӯӣ таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷавонон ба хотири рушди устувор ва шукуфоии Водии Фарғона» баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа нақш ва саҳми ҷавонон дар пешбурди ташаббусҳои созанда, рушди ҳамкориҳои таълимӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин густариши иштироки фаъоли онҳо дар равандҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокчиён аҳаммияти фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои татбиқи иқтидори ҷавонон, рушди ташаббусҳои муштарак ва таҳкими ҳамкориҳои ҷавонони кишварҳои минтақаи Водии Фарғонаро таъкид намуданд.




