СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ ЧОРУМИ ФОРУМИ ДУЮМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА
Ҷаласаи чоруми мавзуӣ таҳти унвони «Дурнамои эътимоди минтақавӣ ва ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар водии Фарғона».
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаи нақш ва саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва робитаҳои байни мардум дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокчиён роҳҳои густариши ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди муколамаи байни ҷомеаҳо ва таҳкими робитаҳои мардумӣ ҳамчун омили муҳими таъмини сулҳу суботи устувор дар минтақаи Водии Фарғонаро баррасӣ намуданд.



