(Тоҷикӣ) СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ СЕЮМИ ФОРУМИ ДУЮМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА
Дар доираи Форуми дуюми сулҳи Фарғона ҷаласаи сеюми мавзуӣ таҳти унвони «Дурнамои стратегӣ оид ба ҳифзи муҳити зист дар Водии Фарғона» баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои хатарҳои экологӣ, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими ҳамкориҳои экологӣ миёни минтақаҳои Водии Фарғона, табодули таҷриба ва таҳияи механизмҳои муштараки ҳалли мушкилоти экологӣ бо иштироки сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи коршиносӣ ва созмонҳои маҳаллӣ зоҳир гардид.
