(Тоҷикӣ) СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ФОРУМИ ДУЮМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

Дар доираи Форуми дуюми сулҳи Фарғона ҷаласаи дуюми мавзӯӣ таҳти унвони «Дурнамои стратегӣ оид ба рушди иқтисодӣ ва саноатии Водии Фарғона» баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, рушди саноат, тавсеаи савдои фаромарзӣ, кооператсияи истеҳсолӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи хосса ба таҳияи механизмҳои амалии ҳамкорӣ, истифодаи имкониятҳои мавҷудаи иқтисодӣ ва саноатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори минтақа зоҳир гардид.