(Тоҷикӣ) СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ НАХУСТИНИ ФОРУМИ ДУЮМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

Дар доираи Форуми дуюми сулҳи Фарғона ҷаласаи нахустини мавзуӣ таҳти унвони «Дурнамои стратегӣ оид ба рушди устувор ва пойдори Водии Фарғона» баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён тамоюлҳои дарозмуддати рушди минтақа, мушкилоти мавҷуда ва имкониятҳои таҳкими сулҳу суботро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи хосса ба нақш ва саҳми марказҳои стратегӣ ва таҳлилии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар рушди муколамаи минтақавӣ, таҳкими эътимод ва ташаккули равишҳои стратегии ҳамкорӣ зоҳир гардид.
Ҳамчунин, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди устувори Водии Фарғона баррасӣ шуданд.