(Тоҷикӣ) МУЛОҚОТИ ХАЙРИДДИН УСМОНЗОДА БО НАМОЯНДАИ ПАЖӮҲИШГОҲИ МИЛЛИИ ТАҲҚИҚОТИ АМНИЯТИИ МУҒУЛИСТОН
29 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар доираи дуюм рӯзи Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо муовини директор, котиби илмии Пажӯҳишгоҳи миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Н. Гэрэлт-Од баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон ва густариши ҳамкориҳои минбаъда миёни ду ниҳоди таҳқиқотиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза ҳамкории муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ метавонад барои омӯзиши масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои рушди соҳаи гидроэнергетика, иқтисоди сабз, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва истихроҷи маъданҳо табодули назар намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда ва анҷом додани таҳқиқоти муштараки илмӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баён намуданд.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон