(Тоҷикӣ) РӮЗИ ДУЮМИ ФОРУМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА ТАҲТИ УНВОНИ «ЫНТЫМАК» — РӮЗИ ЯГОНАГӢ ОҒОЗ ЁФТ

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

Имрӯз, 29 сентябри соли 2026, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» идома дорад.
Дар кори Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои дипломатӣ, марказҳои таҳлилӣ ва тадқиқотӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷавонону занон ва намояндагони ҷамоатҳои маҳаллии водии Фарғона иштирок доранд.
Рӯзи дуюми Форум таҳти унвони «Ынтымак» — Рӯзи ягонагӣ баргузор шуда, ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва ҳамбастагӣ миёни мардум ва ҷамоатҳои водии Фарғона бахшида шудааст. Дар доираи ин рӯз ҳамчунин ба рушди робитаҳои мустақим миёни намояндагони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Барномаи рӯзи дуюми Форум баргузории як қатор чорабиниҳоро дар бар мегирад, ки ба рушди ҳамкориҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ, таҳкими эътимоди мутақобила, пешбурди ташаббусҳои сулҳсоз ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди устувори минтақа равона шудаанд.
Форуми дуюми сулҳи Фарғона ҳамчун майдони муҳими муколама ва табодули таҷриба миёни намояндагони кишварҳо ва ҷомеаҳои минтақа, ба таҳкими фазои сулҳу субот, эътимод ва ҳамкории созанда дар водии Фарғона мусоидат менамояд.
Дар бораи ҷараёни кори Форум ва чорабиниҳои асосии рӯзи дуюми он маълумоти бештар пешниҳод хоҳад шуд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон