(Тоҷикӣ) МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗҲОИ ТАҲЛИЛӢ ВА СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
28 сентябри соли 2026 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар доираи Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» як қатор мулоқотҳои директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо намояндагони марказҳои таҳлилӣ, пажӯҳишӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди робитаҳои касбӣ миёни марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва коршиносӣ, инчунин иштироки муштарак дар чорабиниҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, Хайриддин Усмонзода бо директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Элдор Арипов мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ директори Марказ меҳмонро самимона истиқбол намуда, барои иштироки фаъол дар кори Форуми дуюми сулҳи Фарғона изҳори сипос кард.
Таъкид гардид, ки иштироки намояндагони марказҳои маъруфи таҳлилӣ ва илмии Ҷумҳурии Узбекистон дар чунин чорабиниҳо ба ғанӣ гардидани муҳокимаҳои коршиносӣ, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои касбӣ миёни доираҳои таҳлилии кишварҳои минтақа мусоидат менамояд.
Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои ниҳодҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии Тоҷикистону Узбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо зарурати густариши робитаҳои касбӣ миёни марказҳои таҳлилӣ, роҳандозии табодули таҷрибаи илмӣ ва коршиносӣ, инчунин таҳияи ташаббусҳо ва чорабиниҳои муштараки таҳлилӣ ва илмиро таъкид намуданд.
Сипас, мулоқоти Хайриддин Усмонзода бо директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Ҷавлон Адилбеков баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот Ҷавлон Адилбеков барои даъват ва фароҳам гардидани имкони иштирок дар Форуми дуюми сулҳи Фарғона изҳори сипос намуда, зикр кард, ки бо хушнудӣ даъвати иштирок дар ин ҳамоиши муҳимро пазируфта, аз ҳузур дар он изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Зимни суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин масъалаи иштироки минбаъдаи намояндагони ҳарду ниҳодро дар чорабиниҳои илмӣ, таҳлилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда иброз доштанд.
Дар ин замина, пешниҳод гардид, ки кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар чорабиниҳои минбаъдаи Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳамоишҳои илмӣ ва коршиносӣ, иштироки фаъол дошта бошанд.
Ҳамчунин, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ бо ҳайати намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Доминик Драснар ва Серж Рюмин мулоқот анҷом дод.
Хайриддин Усмонзода аз намояндагони САҲА барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар баргузории Форуми дуюми сулҳи Фарғона изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои фароҳам овардани фазои муколама, эътимод ва ҳамкории созанда миёни кишварҳои минтақа аҳаммияти муҳим дорад.
Ҷониби САҲА низ аз Маркази тадқиқоти стратегӣ барои иштироки фаъол дар Форум изҳори миннатдорӣ намуда, баргузории ин ҳамоишро ҳамчун намунаи муҳими оғози ҳамкориҳои минбаъда арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки таҷрибаи бадастомада дар доираи Форуми дуюми сулҳи Фарғона метавонад дар чорабиниҳои байналмилалии минбаъда муаррифӣ гардад.
Дар ин робита, пешниҳод гардид, ки намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар чорабиниҳои байналмилалие, ки минбаъд дар хориҷи кишвар баргузор мешаванд, иштироки муштарак дошта бошанд ва таҷрибаи ҳамкорӣ ва дастовардҳои бадастомада дар роҳи таҳкими сулҳ, эътимод ва ҳамкории минтақавӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда шаванд.
Ҷониби Маркази тадқиқоти стратегӣ омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо дар ин самт ва татбиқи ташаббусҳои муштарак иброз намуд.
Дар маҷмӯъ, мулоқотҳои баргузоргардида дар ҳошияи Форуми дуюми сулҳи Фарғона барои таҳкими робитаҳои касбӣ миёни марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии кишварҳои минтақа, рушди муколамаи коршиносӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Ҷонибҳо зарурати идомаи чунин мулоқотҳо, табодули мунтазами таҷрибаи илмӣ ва коршиносӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои муштаракро таъкид намуда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда баён карданд.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон