(Тоҷикӣ) ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН ФОРУМИ ДУЮМИ СУЛҲИ ФАРҒОНА БА КОРИ ХУД ОҒОЗ НАМУД

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» ба кори худ оғоз намуд. Форум ба солгарди қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ бахшида шудааст.

Форуми мазкур аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ташкил гардида,  бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар кори Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои дипломатӣ, марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷавонон ва занон, инчунин намояндагони ҷамоатҳои маҳаллии се кишвари водии Фарғона — Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.

Форумро бо сухани ифтитоҳӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода оғоз намуд.

Зимни истиқбол аз иштирокдорони Форум Хайридин Усмонзода аҳаммияти баргузории онро дар шаҳри Хуҷанд, шаҳри дорои таърихи ғанӣ ва мероси фарҳангии арзишманд, таъкид намуда, иброз дошт, ки водии Фарғона на танҳо фазои ҷуғрофии се давлатро ба ҳам мепайвандад, балки фазои таърихи муштарак, фарҳанг, робитаҳои инсонӣ ва суннатҳои неки ҳамсоягӣ мебошад.

Ба гуфтаи директори Марказ, дар тӯли асрҳо мардуми водии Фарғона паҳлуи ҳам зиндагӣ карда, тиҷорат намуда, аз ҳамдигар омӯхта, оила барпо карда ва дар ташаккули мероси ғании фарҳангии минтақа саҳми муштарак гузоштаанд. Аз ин рӯ, сулҳ, субот, эътимод ва ҳамсоягии нек дар водии Фарғона аҳаммияти фаротар аз ҳудуди давлатҳои алоҳида дошта, яке аз шартҳои муҳими рушди устувори тамоми Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар суханронӣ ба аҳаммияти таърихии Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ, ки 31 марти соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расидааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамзамон, миёни се давлат Созишнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии онҳо ба имзо расид.

Қайд гардид, ки ин санадҳо шаҳодати муҳими иродаи сиёсии роҳбарони се давлат ҷиҳати ҳалли осоиштаи масъалаҳои мураккаб, таҳкими эътимоди мутақобила ва ташаккули сатҳи нави муносибатҳои неки ҳамсоягӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки  Эъломияи Хуҷанд талошҳои мардуми минтақа барои сулҳ, эҳтироми мутақобила ва ҳамсоягии нек, инчунин омодагӣ ба ҳамкории муштарак баҳри ояндаи устувор ва шукуфони водии Фарғонаро инъикос менамояд.

Дар идомаи суханронӣ ба таҷрибаи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки сулҳ ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин шароити таҳкими давлатдорӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар мебошанд.

Дар ин замина, Форуми дуюми сулҳи Фарғона ҳамчун саҳми муҳим дар рушди муколамаи бисёрсатҳа миёни сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи коршиносӣ, созмонҳои байналмилалӣ, марказҳои илмӣ-таҳлилӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад.

«Водии Фарғона бояд пеш аз ҳама ҳамчун фазои сулҳ, эътимод, ҳамкорӣ ва имкониятҳои нав дарк карда шавад», — таъкид гардид дар суханронӣ.

Изҳори итминон карда шуд, ки табодули озод ва касбии афкор дар доираи Форум барои таҳияи ғояҳои нав, тавсияҳои амалӣ ва ташаббусҳое, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни мардуми минтақа равона шудаанд, мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи маросими ифтитоҳ ҳамчунин намояндагони роҳбарияти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷомеаи дипломатӣ ва сохторҳои байналмилалии коршиносӣ бо суханони истиқболӣ баромад карданд.

Дар суханрониҳои онҳо аҳамияти таҳкими минбаъдаи сулҳ, эътимод ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар Водии Фарғона, рушди муколамаи минтақавӣ ва густариши ҳамкориҳои амалӣ миёни кишварҳо ва минтақаҳои наздисарҳадӣ таъкид гардид

Ҳамзамон, ба нақши созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар дастгирии ташаббусҳои сулҳофар, рушди муколамаи ҷомеаҳо, таҳкими эътимоди мутақобила ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.

Форуми дуюми сулҳи Фарғона ҳамчун платформа барои муколамаи озоди коршиносӣ, институтсионалӣ ва ҷамъиятӣ оид ба таҳкими сулҳ, эътимод, ҳамсоядории нек ва ҳамкории устувор миёни кишварҳо ва халқҳои водии Фарғона хизмат хоҳад кард.

Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони Форум   масъалаҳои марбут ба дурнамои стратегии рушди минтақа, таҳкими суботи минтақавӣ ва амният, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва саноатӣ, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист қарор   доранд.

Дар доираи муҳокимаҳои алоҳида ба нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва занон дар ташаккули рӯзномаи сулҳомез ва устувори минтақавӣ, ҳамкории касбии воситаҳои ахбори омма, инчунин иштироки ҷамоатҳои маҳаллӣ дар таҳкими эътимод ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

Иштирокчиёни Форум имконият доранд, ки таҷрибаи худро мубодила намуда, мушкилот ва имкониятҳои мубрами минтақаро баррасӣ кунанд, инчунин тавсияҳо ва ташаббусҳои амалиро таҳия намоянд, ки метавонанд дар сатҳи минтақавӣ ва маҳаллӣ амалӣ карда шаванд.

Бояд қайд намуд, ки Форум ду рӯз идома хоҳад кард. Дар барномаи он рӯзи дуюм, ки таҳти унвони «Ынтымак» — Рӯзи ягонагӣ баргузор мегардад, ҷойгоҳи махсус дорад.

Баргузории рӯзи дуюм яке аз ғояҳои калидии Форум буда,  таҳкими ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни мардум ва ҷамоатҳои водии Фарғона, инчунин рушди робитаҳои мустақим миёни намояндагони минтақаҳои наздисарҳадиро таъкид менамояд.

Дар доираи рӯзи дуюми Форум баргузории як қатор чорабиниҳо пешбинӣ шудааст, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ, таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва пешбурди ташаббусҳои мусоидаткунанда ба сулҳ, эътимоди мутақобила ва рушди устувори минтақа равона хоҳанд шуд.

Дар бораи ҷараёни баргузории Форуми дуюми сулҳи Фарғона ва чорабиниҳои асосии он маълумоти иловагӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон