ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ ДАР ФОРУМИ ПАНҶУМИ МАРКАЗҲОИ ТАҲЛИЛӢ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ЧИН»

3 июни соли 2025 дар шаҳри Остона Форуми панҷуми марказҳои таҳлилӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ — Чин: уфуқҳои нави шарикии минтақавӣ» баргузор гардид.

Ҳамоишро Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар якҷоягӣ бо Институти Русия, Аврупои шарқӣ ва Осиёи Миёнаи Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин доир намуданд.

Дар рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои тақвияти муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ, тамоюли навтарин дар соҳаи технология, аз ҷумла қарорҳои рақамӣ ва “сабз” ва дигар масъалаҳои ҳамкории Осиёи Миёна ва Чин мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар он роҳбарону коршиносони марказҳои илмӣ-таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, инчунин намояндагони доираҳои сиёсӣ ва дипломатии Қазоқистон иштирок намуданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар чорабинии мазкур Хайридин Усмонзода директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар Форум, инчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ширкат намуд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайридин Усмонзода дар бахши асосӣ «Меъмории стратегии ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Чин: низомнокӣ ва манфиатҳои умумӣ» бо маърузаи «Муносибатҳои осиёмарказӣ — чинӣ дар шароити номуайянии стратегии ҷаҳонӣ» баромад намуд.

Ҳангоми суханронӣ директори Марказ қайд намуд, ки “Осиёи Марказӣ дар солҳои охир ба туфайли талошҳо баҳри таҳкими сулҳу субот ва рушди иқтисодиёт дар байни кишварҳои қитъаи Осиё симои мусбатро ба даст овардааст.” Ҳамчунин, зикр гардид, ки “Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфти роҳу механизмҳои ҳифзи сулҳу субот дар минтақа ва рушди он пайваста талош меварзанд. Ҳамин тариқ, ҳар як кишвар тавассути таъмини рушди худ ва бо дарки комили афзалияти фарогирӣ дар муваффақияти якдигар саҳми назаррас мегузорад.”

Инчунин, директори Марказ бо таъкид ба баррасии масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар формати ОМ+Чин таъкид намуд, ки “Дар байни платформаҳои ташаккулёфта, хусусияти пайдоиши формати Осиёи Марказӣ ва Чин дар он зоҳир мегардад, ки он идомаи модели шарикии аллакай бомуваффақият амалкунанда байни кишварҳои минтақа ва Ҷумҳурии Мардумии Чин гардид. Дар ин замина, ёдовар гардидани талошҳои ҷонибҳо дар ҳалли бомуваффақияти масъалаҳои сарҳадӣ, таъсиси СҲШ, ки дар қатори муассисон кишварҳои Осиёи Марказӣ низ буданд, пайвастани кишварҳои минтақа ба ташаббуси чинии “Камарбанд ва Роҳ”, муколамаи бисёрҷониба дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, ки дар натиҷаи ҳамоиши  18-19 майи соли 2023 дар Сиан ба механизми ҳамкории фарогир дар сатҳи олӣ табдил ёфт, бамаврид аст».

Мавсуф дар суханронии худ, бо таъкид ба аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, зикр намуд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ташаббусҳои ҷаҳонии худро оид ба идораи оқибатҳои тағйирёбии иқлим дастгирӣ намуда, таҳким мебахшад. Дар муқоиса бо дигар кишварҳо, Тоҷикистон ҳиссаи камтарини партовҳои газҳои гулхонаиро ба атмосфера доро мебошад. Барои рушди энергияи сабз дар доираи ҳадафи табдил додани Тоҷикистон ба “кишвари сабз” то соли 2037 инфрасохтори нав сохта мешавад ва дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои чинӣ фаъолона ҳамкорӣ менамояд».

Дар фарҷоми суханронӣ Хайридин Усмонзода таъкид намуд, ки “Кишварҳои мо роҳ ба муносибатҳое пайдо намуданд, ки созанда ва шарикӣ мебошанд. Ин ба мо итминон мебахшад то зикр намоем, ки формати ОМ+Чин ба таври стихиявӣ таъсис дода нашудааст, балки он дар манфиатҳои истифодаи самарабахши имкониятҳои мавҷудаи ҷонибҳо барои мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва шукуфоӣ дар минтақа ба вуҷуд омадааст».

Ҳамчунин, зикр намудан бамаврид аст, ки дар ҳошияи Форуми мазкур, директори Марказ аз фурсати муносиб истифода бурда, дар бораи аҳаммияти ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ВАО-и Қазоқистон мусоҳиба намуд.

Муколама дар руҳияи самимият, ҳамдигарфаҳмӣ ва созанда баргузор гардид.

 

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон