(Тоҷикӣ) НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР
Ваҳдати миллӣ яке аз арзишмандтарин дастоварди халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, пас аз солҳои душвори низоъҳои дохилӣ, миллати тоҷик бо дарки масъулият нисбат ба сарнавишти худ ихтилофҳоро паси сар намуда, ба сулҳу субот ноил гардид. Ин раванд дар баробари қатъ гардидани ҷанги шаҳрвандӣ, инчунин, ба барқарории ҳукумати қонунӣ ва ба даст овардани эътимоди мардум заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо ба даст омадани Ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, давлатдории миллӣ таҳким ёфта, пояҳои иқтисодию иҷтимоӣ устувор гардиданд ва имкониятҳо барои пешрафти давлатдорӣ ва соҳаҳои гуногун пайдо шуданд. Ваҳдати миллӣ имрӯз ҳамчун омили асосии субот, пешрафт ва шукуфоии кишвар барои наслҳои оянда роҳи равшанро боз намуда, барои таъмини орзую ормонҳои неки мардум, яъне барқарор гардидани сулҳ масъалаи аз ҳама муҳим ба шумор мерафт. Дар робита ба ин, тавре Пешвои миллат муҳтарами Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «…Танҳо бо иттиҳод мо метавонем, Тоҷикистонро аз хатари ҳалокат ва парокандагӣ наҷот дода, онро ба давлати пешрафта ва соҳибистиқлол мубаддал гардонем».
Дар ин асно, таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳои миллӣ ҳамчун санадҳои заминасоз ҷиҳати ташаккули муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар доираи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ сабабгори ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамчун Раиси Шурои Олии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ (19 ноябри соли 1992, шаҳри Хуҷанд) иброз намуданд, ки: “Ман кори худро аз сулҳ cap хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем”. Ин садоқату самимият, ки аз суханҳои ӯ садо медод дар дили мардум тухми умед ва боварӣ ба фардоро пошида, маъниҳои зиёди тақдирсоз бо дарки вазъият ва амали созанда дида мешуд ва таърих собит сохт, ки ин абармарди сиёсӣ тавонист бо сиёсати дурбинонаи худ кишварамонро ба рушду ташаккул ноил гардонад..
Лозим ба ёдоварист, ки аз рӯзи аввали интихоб ба мақоми олӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, азнавсозии низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналхалқиро мароми асосӣ эълон намуд, ки ҳамаи инҳо заминаи асосӣ барои Ваҳдати миллӣ гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими пояҳои сиёсиву ҳуқуқии давлати тозабунёд асос гузошта, натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои Сарвари давлат муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишварамон дар тӯли 29 соли баъд аз ба даст овардани Ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар ин давра, таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат робитаҳои сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ ба кишварҳои минтақа ва дигар шарикони стратегӣ барқарор гардид ва дар самти ташаккули сиёсати иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла низоми андозу буҷет ва ба рушди фаъолияти соҳибкорию соҳаи сайёҳӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон, қонун ва санадҳои стратегиву барномавӣ дар самти идораи молияи давлатӣ, қарзи давлатӣ, низоми бонкӣ, соҳибкорӣ ва сайёҳӣ қабул гардидаанд.
Таҷрибаи кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта нишон медиҳад, ки ноилгардӣ ба низоми ташаккулёфтаи иқтисодӣ дар як муддати кӯтоҳ бениҳоят мушкил буда, таҳкими иқтисоди миллӣ, фаъолсозии низоми молия, густариши муносибатҳои иқтисодию сармоягузорӣ бо шарикони стратегӣ, коҳишдиҳии сатҳи таваррум, таъмини шуғлнокии аҳолӣ ва аз байн бурдани камбизоатӣ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ меҳвари сиёсати иқтисодии давлатро ташкил медоданд. Таҳияи сиёсати муваффақи иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои бунёдӣ тавонистанд, ки рушди иқтисоди миллиро таъмин созанд.
Ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ яке аз ҳадафҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина, корҳои бузургеро ба сомон расониданд. Сохта шудани нерӯгоҳҳои барқии обии «Сангтӯда -1» ва «Сангтӯда – 2», ба истифода додани агрегатҳои якум ва дуюми НБО-и «Роғун» аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ба марҳалаи иҷро расонида шудаанд.
Сиёсати оқилона, озмудашуда мувозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра аз қабили таъмини аҳолии рӯи замин бо оби тоза, мубориза ба муқобили экстремизм, терроризм, маводи мухаддир ва ғайра самараи нек ба бор овард.
Дар робита ба ин, дар 29 соли пойдории Ваҳдати миллӣ дар самти таҳкими иқтисоди миллӣ, сиёсати иқтисодӣ, молиявӣ ва андозу буҷет дар мамлакат бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла «Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ду маротиба «Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025 қабул гардид. Инчунин 2 маротиба Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ, 2 маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» ва 4 маротиба Кодекси андоз дар таҳрири нав, аз ҷумла солҳои 1998, 2012, 2024 ва 2021 таҳия ва қабул карда шуданд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо ба таъмин намудани мустақилияти ягонаи молиявии миллии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Маҳз қабули стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлат барои рушди соҳаҳои калидии заминаи боэътимод фароҳам оварда, барои ба даст овардани як қатор дастовардҳои муҳимми иқтисодӣ мусоидат намуд. Аз ҷумла:
Рушди иқтисодӣ
– маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз 1,787 млрд сомонӣ соли 2000 ба 176,9 млрд сомонӣ соли 2025 афзоиш ёфта, наздик ба 100 маротиба зиёд гардидааст;
– афзоиши ММД ба ҳар сари аҳолӣ ба 16,4 ҳазор сомонӣ расид;
– суръати рушди воқеии иқтисод дар соли 2025 — 8,4 дарсадро ташкил намуд.
– даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ аз соли 2000 то соли 2025 мутаносибан 239,76 ва 218,13 маротиба афзудааст;
– ҳиссаи воридоти андоз дар буҷет соли 2025 – ум 62% ро ташкил дода, ки нишондиҳандаи устувории низоми молиявӣ ба ҳисоб меравад.
Содирот ва воридот
– гардиши савдои хориҷӣ соли 2025 ба 10793,1 млн.доллар расида, нисбат ба соли 2020, ки 4557,8 млн долларро ташкил медод, 2,37 маротиба зиёд гардида, имкониятҳои ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалиро васеъ гардонид;
Санадҳо ва стратегияҳо
– қабули Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Консепсияҳои рушди соҳаҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ;
– таъмини муҳити қонунӣ барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ;
– сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ зиёд гардад;
– дар солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил ба роҳ монда шудааст;
– тавассути бунёд ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ рафтуомад, боркашонӣ ва тиҷорати дохиливу байналмилалӣ осон ва дастрас гардид, ки ҳамаи ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар мусоидат намуда истодааст.
– дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳудуди кишвар беҳтар гардид, ки ба он инкишофи шабакаи филиалҳо ва дигар воҳидҳои амалиётии берун аз тавозуни бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ дар саросари кишвар мусоидат намуд;
Дар даврони соҳибистиқлолӣ, бо андешидани тадбирҳои зарурӣ, нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодӣ, бахусус ММД ба ҳар сари аҳолӣ, ҳаҷми буҷаи давлатӣ, сармоягузорӣ ва сатҳи даромади аҳолӣ афзоиш ёфта, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои самарабахш амалӣ гардида истодаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2025 ҳаҷми ММД ба 176,9 млрд сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,7 миллион нафар расида, ММД ба ҳар сари аҳолӣ ба 16,4 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ММД аз 1,787 млрд. сомонӣ соли 2000-ум дар соли 2025-ум ба 176,9 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳандаҳо наздик ба 100 маротиба зиёд гардидааст (диаграмаи №1).

Диаграммаи 1. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2000 – 2025
Манбаъ: Таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти омории “Тоҷикистон: 30–соли Истиқлолияти давлатӣ” (маҷмуаи оморӣ)/Агентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.–Душанбе, 2021.–С.334 –335. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ-декабри соли 2025. – С.13, https://www.stat.tj/
Сатҳи рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2025-ум 8,4% таъмин гардид ва тавре ки Сарвари давлат дар Паём таъкид намуданд: “Дар баробари ин, моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 дарсад ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем”. Ин ҳама дастовардҳои назарраси иқтисодӣ миллӣ аз самараи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми макроиқтисодӣ, ки ба рушди иқтисодиёти давлат таъсири мусбат расонида метавонад ин даромади буҷаи давлатӣ мебошад, ки тавассути ҷадвали №2 нишон дода шудааст.
Ҷадвали 2. Даромад ва хароҷоти буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар солҳои 1997 – 2025

Сарчашма: Таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти омории “Тоҷикистон: 30 соли Истиқлолияти давлатӣ (маҷмуаи оморӣ)”/ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2025. –С. 652 – 653. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, январи 2026. – С.85 – 86 Ҳисобот доир ба иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 https://moliya.tj/Admin/Documents/GetFile/2235
Аз рӯйи маълумотҳои ҷадвали 2 маълум мегардад, ки соли 2025 нисбат ба 2020 даромади буҷаи давлатӣ 2,4 ва хароҷоти он 2,3 маротиба афзудааст. Ҳамчунин, агар ин нишондиҳандаҳоро ба соли 2000-ум муқоиса намоем, маълум мегардад, ки даромади буҷаи давлатӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2000-ум 240 маротиба ва хароҷоти буҷаи давлатӣ 218 маротиба зиёд гардидааст (ниг. ба ҷадвали 3).
Ҳиссаи воридоти андозӣ дар даромади буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1997–2025 яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми арзёбии устувории молиявии давлат ба шумор меравад. Баъд аз ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” вазъи сиёсӣ ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, низоми андозбандӣ тадриҷан такмил ёфта, қабули Кодекси андоз, ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирӣ ва назорати андоз, инчунин, рушди бахши хусусӣ ба афзоиши заминаи андозбандӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа, ҳиссаи воридоти андозӣ дар таркиби даромади буҷаи давлатӣ сол то сол афзоиш ёфта, нақши асосиро дар таъмини хароҷоти давлатӣ касб кард, ки мазмуни мазкурро метавон дар ҷадвали 3 мушоҳида кард.
Ҷадвали 3. Ҳиссаи воридот аз андоз дар даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1995 – 2025

Манбаъ: Таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти омории “Тоҷикистон: 30 соли Истиқлолияти давлатӣ (маҷмуаи оморӣ)/Агентии омории назди Президенти Ҷ.Т. – Душанбе, 2016. – С.13. Омори солонаи Ҷ.Т., 2021, –С.674. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷ.Т. январи 2026. – С.85. Ҳисобот доир ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷ. Т. дар соли 2020.
Аз рӯйи нишондиҳандаҳои ҷадвали 3 маълум мегардад, ки ҳиссаи андозҳо дар даромади буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошанд. Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки низоми молияи кишвар ба манбаъҳои андозӣ такя намуда, онҳо нақши калидӣ дар таъмини устувории буҷа ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоиву иқтисодии давлат мебозанд.
Ҳамзамон, сиёсати мукаммали андоз метавонад ба ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ таъсири мусбат расонад.
Дар ин радиф, эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ аз зарурати мутобиқ намудани иқтисодиёти кишвар ба шароити нави ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди иқтисодӣ маншаъ мегирад. Дар шароити имрӯза рушди технологияи муосир, иқтисоди рақамӣ ва саноати инноватсионӣ ба омили асосии пешрафти давлатҳо табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, роҳбарияти олии кишвар низ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки рушди саноат заминаи асосии афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд гардидани иқтидори содиротӣ ва таъмини амнияти иқтисодии давлат мебошад. Аз ин лиҳоз, татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръат барои Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки вобастагии иқтисодӣ коҳиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ густариш ёбад. Вобаста ба ин, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди саноати коркард ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар метавонанд барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидати назаррас намоянд.
Дар ин замима, Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва омили асосии ҳифзи давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди иқтисоди миллӣ аҳаммияти хос дорад. Маҳз баъди барқарор гардидани сулҳу оромӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист заминаҳои устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварда, ба марҳалаи нави рушди давлатдорӣ ворид гардад.
Сиёсатҳои созандаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, бо такя ба ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ҳамбастагии мардуми кишвар амалӣ гардида, барои пешрафти устувори Тоҷикистон заминаи мустаҳкам фароҳам оварданд. Бо нақши иттиҳод, ҳамдигарфаҳмӣ ва заҳмати дастаҷамъонаи хурду бузурги кишвар, дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт ва фарҳанг ба даст омаданд. Ин сиёсати бунёдкорона барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон асос гузоштааст.
Ҳамин тавр, тамоми дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи пойдор ба даст омадаанд. Минбаъд низ бо чунин иттиҳоду сарҷамъии миллати тоҷик ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, кишвари мо метавонад дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи хоси худро боз ҳам таҳким бахшида, ҳамчун давлати рақобатпазир ва пешрафта муаррифӣ гардад.
Мамадносирзода Фарзона Мамадносир,
муовини сардори Раёсати таҳлил
ва ояндабинии масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон