(Тоҷикӣ) ҲАМКОРИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛИ ВИЛОЯТИ СУҒД БАҲРИ ПЕШБУРДИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Аз 11 то 16 июни соли ҷорӣ намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Марказ Усмонзода Хайриддин Усмон бо сафари корӣ ба шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар доираи сафар онҳо ҳамроҳ бо раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд, боздид намуда, бо ҷараёни иҷрои лоиҳаҳои муҳими иҷтимоиву инфрасохторӣ шинос шуданд.
Нахуст Усмонзода Хайридин Усмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар марҳалаи чоруми Корхонаи металлургии Минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин дидан карда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ барои ба истифода супоридани иншоот шинос шуданд. Зимни боздид таъкид гардид, ки бо назардошти аҳамияти рушди саноат дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат, бояд корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом дода шаванд.
Ҳамзамон директори Марказ аз дигар корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва биноҳои ҷашнӣ, аз ҷумла аз ҷараёни сохтмони ду корхонаи коркарди оҳаксанг, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани онҳо беш аз 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд, боздид намуд. Зимни боздид бо масъулони соҳа вобаста ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат анҷом дода шуд. Ба роҳбарон ва масъулони иншоот ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонидани марҳалаи ниҳоии корҳои сохтмонӣ, баланд бардоштани сифати корҳои ободонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон табодули афкор сурат гирифт.
Дар рафти мулоқоту боздидҳо пайваста иброз мегардид, ки таҷлили арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо бунёди иншоотҳои нав, балки саҳмгузории ҳар як сокинро дар корҳои ободонӣ, тозагӣ ва зебогардонии маҳалли зист тақозо менамояд. Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ободу зебо нигоҳ доштани кӯчаву маҳалла, деҳаву шаҳр ва муҳити зист саҳми арзандаи худро гузорад.
Махсусан ба масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани хонаҳо, ҳавлиҳо, кӯчаҳо ва маҳаллаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд карданд, ки фарҳанги шаҳрдорӣ ва муносибати эҳтиёткорона ба муҳити атроф яке аз нишонаҳои муҳимми ҷомеаи пешрафта ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, сокинон бояд на танҳо дар рӯзҳои идона, балки ҳамеша барои нигоҳдории тозагӣ ва тартибот дар маҳалли зисти худ талош варзанд.
Беҳтар кардани вазъи кӯчаву маҳаллаҳо тавассути баргузор намудани корҳои дастаҷамъонаи ободонӣ, шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан, гулкорӣ, сафед намудани пояҳои дарахтон ва таъмиру тармими иншооти мавҷуда метавонад дар зеботар гардидани симои шаҳр нақши муассир гузорад. Ҳамчунин, зарур шумурда шуд, ки сокинон барои нигоҳдории иншооти ҷамъиятӣ, роҳравҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҷойҳои истироҳатӣ ҳисси баланди масъулият нишон диҳанд.
Зимни суҳбат бо фаъолон ва сокинони шаҳр изҳор гашт, ки имрӯз Тоҷикистон дар арафаи яке аз санаҳои муҳими таърихии худ қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа бояд аз соҳибистиқлолӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои назарраси даврони истиқлол ифтихор намояд. Маҳз ба шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлат дар тамоми минтақаҳои кишвар садҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бунёд гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар шудааст.
Қайд карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои халқи тоҷик бузургтарин дастоварди таърихӣ буда, барои рушди ҳамаҷонибаи мамлакат заминаи устувор фароҳам овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибихтиёр, сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, дар самтҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил шудааст.
Дар ин замина таъкид гардид, ки шаҳри Истиқлол низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар шаҳр даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ин ҳама аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ба рушди минтақаҳо ва беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон шаҳодат медиҳад.