(Тоҷикӣ) НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Дар шароити ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақил мекӯшад, ки қонуният ва эътибори сиёсиву иқтисодии худро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳким бахшида, ҳамчун иштирокчии фаъолу таъсиргузори муносибатҳои байналмилалӣ ҷойгоҳ ва нақши худро устувор гардонад. Дар ин замина, давлатҳо мекӯшанд, ки тавассути сиёсати оқилона, ташаббусҳои созанда ва иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ на танҳо манфиатҳои миллии худро ҳифз намоянд, балки дар ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ низ саҳми арзанда гузоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ин самт мавқеи хос дошта, дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созандаи худ, бахусус дар соҳаи обу иқлим, ҳамчун кишвари пешоҳанг шинохта шудааст.
Боиси хушнудӣ аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим бо иқдомҳои хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтаанд. Ин ташаббусҳо дар баробари ба ҳалли мушкилоти дохилӣ таъсиргузор буданашон хусусияти фарогири минтақавӣ ва ҷаҳониро дошта, ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо мусоидат менамоянд. Бояд гуфт, ки Сарвари давлат ҳануз аз солҳои 90-уми қарни гузашта аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста масъалаи обро ҳамчун омили муҳимми амнияти ҷаҳонӣ баррасӣ намуда, пайваста зарурати ҳамкории густурдаи давлатҳоро дар ин самт таъкид менамояд.
Дар идомаи ин раванд, баргузор гардидани Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018–2028” дар шаҳри Душанбе як қадами устувор дар самти таҳкими дипломатияи байналмилалии об ва татбиқи Ҳадафи 6-уми рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид дониста мешавад. Бахусус, ҳузури беш аз 2500 нафар иштирокчӣ дар ин ҳамоиши сатҳи баланд, аз ҷумла намояндагони 110 кишвари ҷаҳон, 75 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ ва 170 ташкилоти ғайриҳукумативу муассисаи академӣ, далели равшани таваҷҷуҳи афзояндаи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои об, зарурати тавсеаи ҳамкориҳои фаромиллӣ дар роҳҳалли онҳо ва эътимоди рӯзафзун ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо дарназардошти омилҳои мазкур нақш ва аҳаммияти Раванди оби Душанберо ҳамчун минбари муҳимми байналмилалӣ барои баррасӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тақвият мебахшад.
Бояд гуфт, ки конфронси мазкур дар шароите баргузор гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо буҳрони ҷиддии захираҳои об мувоҷеҳ буда, тибқи маълумотҳои нави Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ дар ҷаҳон 2,2 млрд. нафар аҳолӣ ҳанӯз ба оби тозаи ошомиданӣ ва идорашаванда дастрасӣ надошта, беш аз 4 млрд. нафар одамон дар як соли тақвимӣ ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳамзамон, беш аз 100 млн. нафар бино ба ноилоҷӣ аз обҳои рӯизаминӣ, аз ҷумла дарёҳо, кӯлҳо ва чашмаҳои муҳофизатнашуда истифода менамоянд, ки ин омил хатари ҷиддӣ ба саломатӣ ва рушди устувори ҷомеа ба бор меорад.
Дар ин замина, тибқи маълумоти бахши обу иқлими Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 10 дарсади аҳолии ҷаҳон дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки сатҳи хавфи норасоии об дар онҳо хеле баланд арзёбӣ мегардад. Коршиносони байналмилалӣ ҳамзамон таъкид менамоянд, ки тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ таъсири амиқ ва торафт афзоянда расонида истодааст. Тибқи арзёбиҳои ЮНЕСКО оид ба рушди захираҳои обии ҷаҳон барои соли 2025, аз 26 то 41 дарсади ҳаҷми умумии пиряхҳои ҷаҳон то охири асри XXI дар ҳолати аз байн рафтан қарор доранд. Зиёда аз 2 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон аз захираҳои обии кӯҳсор вобастагӣ дошта, наздик ба 60 дарсади ҷараёни солонаи оби ширин маҳз аз минтақаҳои кӯҳӣ сарчашма гирифта, 70 дарсади он ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд, ки ин вазъият аҳаммияти таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи манбаъҳои обиро боз ҳам бештар месозад.
Дар чунин шароити ҳассос, минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи минтақаҳои осебпазир ба шумор рафта, дар давоми 40 соли охир ҳаҷми таъминоти об дар кишварҳои минтақа аз 8,4 ҳазор метри мукааб ба 2,5 ҳазор метри мукааб барои ҳар нафар коҳиш ёфтааст. Пешбинӣ мегардад, ки то соли 2030 ин нишондиҳанда то ба 1,7 ҳазор метри мукааб мерасад, ки ин ҳолат ба сатҳи буҳронии норасоии об наздик мебошад. Дар ин низом Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва захираҳои бойи обӣ нақши калидӣ дошта, беш аз 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишварамон ташаккул меёбанд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳудуди кишварамон зиёда аз 13 ҳазор пирях мавҷуд буда, сарфи назар аз тағйирёбии босуръати сайёра ва гармии шадиди бесобиқа дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз 1000 пиряхи хурди Тоҷикистон пурра аз байн рафтаанд, ки ин раванд хавфи коҳишёбии захираҳои обиро дар оянда боз ҳам афзоиш медиҳад.
Дар сатҳи минтақавӣ дарёҳои Омӯ ва Сир сарчашмаҳои асосии об ба ҳисоб рафта, дарёи Омӯ, ки аз омезиши дарёҳои Панҷ ва Вахш ба вуҷуд меояд, 2620 километр дарозӣ дошта, ҳавзаи он 227 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Дарёи Сир бошад, аз Норин ва Қарадарё сарчашма гирифта, қаламрави кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистонро фаро мегирад.
Дар Осиёи Марказӣ зиёда аз 4000 кӯл ва обанбор мавҷуд буда, Баҳри Арал, ки дар гузашта яке аз калонтарин кӯлҳои ҷаҳон маҳсуб меёфт, имрӯз ба яке аз фоҷиаҳои бузурги экологӣ табдил ёфтааст. Масоҳати он дар муқоиса ба солҳои 1960 беш аз 90 дарсад коҳиш ёфта, ин раванд боиси афзоиши биёбоншавӣ, шӯршавии заминҳо, паҳншавии бемориҳо ва муҳоҷирати аҳолӣ гардидааст. Ҳамин воқеият зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, густариши дипломатияи об ва татбиқи ташаббусҳои глобалӣ, аз ҷумла иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт, боз ҳам возеҳтар месозад.
Дар баробари идома ёфтани равандҳои кунунии норасоии об, таназзули босуръати пиряхҳо ва афзоиши фишор ба захираҳои табиӣ, инсоният метавонад ба бӯҳрони ҷиддии об рӯ ба рӯ гардад. Дар чунин шароит дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ тадриҷан маҳдуд гардида, ин ҳолат бевосита ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида, сатҳи устувории онро коҳиш медиҳад. Ҳамзамон, хушксолӣ ва камобӣ боиси коҳиши ҳосилнокии кишоварзӣ, болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ ва афзоиши мушкилоти иҷтимоӣ мегардад.
Таъсири ин равандҳо на танҳо дар иқтисодиёти кишварҳо мушоҳида мегардад, балки ба саломатии инсон низ зарбаи ҷиддӣ мерасонад, зеро норасоии оби тоза хатари паҳншавии бемориҳои сироятиро афзоиш дода, ҳамзамон эҳтимоли муҳоҷирати аҳолӣ аз минтақаҳои камоб ва пайдоиши ихтилофҳо дар атрофи захираҳои обиро зиёд мекунад.
Бо дарназардошти вазъияти мазкур, ҳанӯз ҳам имкониятҳои воқеӣ барои беҳбудии вазъ мавҷуданд. Аз ҷумла, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи манбаъҳои табиӣ ва таҳкими ҳамкории кишварҳо метавонанд ин хатарро ба таври ҷиддӣ коҳиш диҳанд. Илова бар ин, ҳар як инсон низ метавонад бо сарфакорона истифода бурдани об дар ҳаёти ҳаррӯза ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи он саҳми худро гузорад. Яъне, ояндаи амнияти обӣ на танҳо масъалаи давлатҳо, балки масъулияти умумии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар идомаи баррасии таъсири рӯзафзуни омилҳои экологӣ ва иқлимӣ ба захираҳои обӣ ва рушди устувор, инчунин дар иртибот бо масъалаҳои амнияти об дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои осебпазир аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим низ дар канор намондааст. Тағйирёбии иқлим ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисоротҳои зиёди молиявӣ ворид намуда, ба рушди соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ ва инфрасохтор таъсири манфӣ мерасонад. Тибқи нишондодҳои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030, ҳамасола то 600 миллион доллари ИМА хисорот ба иқтисодиёти миллӣ ворид мегардад, ки ин нишондиҳанда ба 4,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар рост меояд. Ин вазъ зарурати андешидани чораҳои фаврӣ дар самти коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва тақвияти иқтидори мутобиқшавии иқтисоди миллиро боз ҳам бештар таъкид менамояд.
Дар идомаи вазъи мураккаби ҷаҳонӣ дар самти захираҳои обӣ ва дар ҳамбастагӣ бо ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши кишвар дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об торафт афзоянда ва назаррас арзёбӣ мегардад. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори фаъоли масъалаҳои об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид мавқеи устувор касб намуда, ба пешбурди рӯзномаи байналмилалии об саҳми муҳим гузоштааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Соли байналмилалии оби тоза” эълон гардид, ки он оғози марҳилаи нави таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ба ҳисоб меравад. Минбаъд, бо идомаи ҳамин сиёсати созанда, солҳои 2005–2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” қабул гардид, ки ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳои глобалӣ дар самти дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошт буд.
Дар ин раванд, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон гардида, зарурати густариши ҳамкории давлатҳо дар идоракунии захираҳои обӣ боз ҳам таъкид шуд. Давоми ин силсилаи ташаббусҳо, 23 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории 177 давлати аъзо Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018–2028”-ро қабул намуд, ки имрӯз ҳамчун яке аз муҳимтарин барномаҳои глобалӣ дар самти обу рушди устувор эътироф мегардад.
Бояд гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд, аз ҷумла Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018–2028”, пеш аз ҳама натиҷаҳои зеринро интизор мебошад:
Яке аз қарорҳои асосӣ таҳкими уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти дастрасӣ ба оби тоза ва санитарӣ мебошад, ки ба суръатбахшии иҷрои Ҳадафи 6-уми Рушди Устувор мусоидат намуда, роҳҳои амалӣ ва меъёрпазири татбиқи онро дар бар мегирад.
Инчунин, аз конфронс ҷалби бештари маблағгузорӣ ва сармоягузорӣ ба низоми таъминоти об интизор меравад, зеро бисёр кишварҳои рӯ ба рушд барои беҳтар намудани шабакаҳои обтаъминкунӣ ва идоракунии захираҳои об ба дастгирии молиявӣ ниёз доранд.
Дигар самти муҳимми интизорӣ доир ба ҳалли масъалаи об густариши ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар идоракунии обҳои фаромарзӣ арзёбӣ мегардад ва баргузории конфронси мазкур ба таҳкими эътимод, ҳамоҳангсозӣ ва истифодаи одилонаи захираҳои муштарак мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи технологияҳои муосир, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии захираҳои обӣ равона гардида, ҳалли масъалаҳои мазкур метавонад ба баланд бардоштани самаранокӣ, пешгӯии хатари хушксолӣ ва коҳиши талафоти об мусоидат намояд.
Дар ниҳоят, натиҷаи қарорҳои дар конфронс бадастомада метавонад ҳамгироии кишварҳоро дар масъалаи об бо тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва ҳифзи экосистемаҳо тақвият бахшад ва ба ташаккули равиши ягона ва фарогир барои ҳалли буҳрони об дар сатҳи глобалӣ мусоидат намояд.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии
иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон