(Тоҷикӣ) ОНТОЛОГИЯИ СИЁСӢ-МИЛЛӢ: (мулоҳизае дар ҳошияи баргардонидани хоки қаҳрамонон ба Ватан)

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Ба Ватан овардани хоки турбати бузургон-саромадони ташаккули воҳиди сиёсии Тоҷикистон дар саёраи Замин гарчанде аз ин замин фаррохтар виҷдони таърихӣ ва худшиносии миллӣ тақозо менамояд, дар символизми сиёсӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар шароити махсуси таърихӣ-сиёсии даҳсолаи дуюми асри ХХ, вектори сиёсии тавтиаи даврони мазкур ба инкори ҳастии миллии тоҷикон равона шуда буд ва онтологияи идеологии даврон бо ғаразҳои конспирологӣ десакрализатсияи махсусро баҳри сохтани шароити нав зарур мешумурд, то воқеиятҳое сарфи назар шаванд ва вуҷудашон эътироф нагардад, тоҷикон ҳамчун як умумияти иҷтимоӣ зери чунин тавтиа афтид.
Миллате, ки аз умқи таърих дар ин сарзамини Вароруду Хуросон зиста, бо хоки ин сарзамин пайванди хокию хунию решагӣ дорад, саромади ташаккули тамаддун дар Осиёи Миёна (Марказӣ) маҳсуб мешавад, илму фарҳанги ин сарзамин бо номи бузургони ин миллат пайванди ногусатанӣ дорад, дучори инкор аз дидгоҳи “онтологияи сиёсӣ” гардида буд.
Вале зарурат ва тақозои таърихӣ фарзандони ин умумияти иҷтимоӣ, ки тамоми хусусиятҳои миллатро доштанд, водор намуд, ки баҳри вуҷуди миллӣ ва исботи ҳастии миллӣ муборизаи онтологиро роҳандозӣ намоянд. Чунин як навъ мункиршавӣ ва инкорнамоӣ, ки аз ҷониби доираҳое махсуси зиддимиллӣ роҳандозӣ мегардид, аслан баҳри эътироф накардани ҳастии миллате бо исми «тоқик» буд. Мубориза ва талошҳои нухбагон-сарсупурдагони миллати тоҷик баҳри ҳифзи ному ҳастии ин умумияти иҷтимоӣ боиси бақои сиёсӣ гардид, ки аҳаммияти бузург аз дидгоҳи онтологияи миллӣ дорад.
Агар ин мубориза ва талошҳову ҷоннисориҳо сурат намегирифтанд, тоҷикон дар ҳайати кишварҳои минтақа қарор мегирифтанд ва бо тадриҷ, ҳамон тавре ки таҷрибаи таърихӣ исбот кард, аз ҳувияти миллӣ ва хотираи таърихӣ маҳрум мемонданд ва ин боиси нобуд гардидани ҳастии миллӣ-сиёсии онҳо мегардид. Дар зери ҳувиятҳои дигар ҳувияти миллӣ-тоҷикӣ нобуд мешуд.
Аммо мусоидати вақту фазои замон, ба ҷуш омадани набзи миллӣ-сиёсӣ дар элитаи миллии даврони мазкур, ки ҳолати сиёсии вақтро дарк карданд, талош намуданд, ки аз соҳати Эронвиҷ ҳамин охирин ҳудуди таърихӣ-миллиро аз даст надиҳанд, гарчанде ки тамоюлии геосиёсии даврон зидимиллӣ-тоҷикӣ буд, пешбинии рушди раванд ҷоннисориҳои хосро тақозо мекард.
Мушаххас набудани сиёсати давлатии шуравӣ дар масъалаи миллӣ дар раванди татбиқнамоӣ муаммоҳои зиёдеро ба миён овард. Аз як ҷониби масъалаи «худмуайянкунии миллӣ», ки ба халқҳои минтақа дар роҳи расидан ба давлати миллӣ кӯмак менамуд, аз ҷониби дигар чунин талошҳои халқҳои минтақа бо меъёрҳо ва дараҷаҳои махсус ҳамчун шовинизм, амалкардҳои зидиинқилобӣ-зидишуравӣ, майдабуржуазӣ баҳогузорӣ мегардиданд. Маҳз дар баҳогузорӣ ба равандҳо ва фаъолиятҳои махсус, ки чунин рӯйкард амалӣ мегардид, талафоти инсониро дар пай дошт.
Дар таҳти асли «худмуайянкунии халқҳо» роҳбарияти шуравӣ дар аввали солҳои 20-уми асри ХХ бо таҳияи харитаи этнографии минтақа ба таъсиси кишварҳои ба мисли узбекия, туркмения ва қирғизия мусоидат карданд. Аммо аз ҳузуру ҳастии миллате бо номи «тоҷик» сухане ба майдон наомад ва вуҷуди чунин умумияти иҷтимоие инкор шуд. Ин дар ҳолате буд, ки роҳбарияти шуравӣ тавассути экспедитсияҳои махсус дар минтақа ва таҳқиқотҳои таърихии муаррихони русзабон доир ба ин сарзамин ва ақвоми он маълумоти зарурӣ доштанд. Хосатан, китоби «Тоҷикон»-и А. Шишов натавонист рўҳияи зидимиллӣ-зиддитоҷикиро дар роҳбарияти давр коҳиш диҳад.
Маҳз дар чунин шароити ҳасоси таърихӣ амалкарди Н. Махсум ва Ш. Шоҳтемур дар ташкили воҳиди сиёсие бо номи Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри ХХ рӯйдоди махсуси геосиёсӣ дар таърихи сиёсии тоҷикон маҳсуб мегардад. Аҳаммияти ин рӯйдоди таърихӣ, ки бо талошҳои фарзандони бо нанги миллат ба вуҷуд омад, боиси ситоиши хос ва ибрати бузург дар масири худшиносии миллӣ дар қарни муосир ба шумор меравад. Ҳодисаи мазкур заминаи воқеии истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошт. Ин зарурат ба шинохти махсуси илмӣ-сиёсӣ дорад.
Дар геополитика падидаҳое ба мисли морфополитика ва ё картополитика аҳаммияти махсус доранд. Морфополитика ин фарогири сарзамин, ҳудуд, қаламрави давлат мебошад, ки бо чи гуна будани шакл (морф)-и қаламрави давлат ташхис мешавад. Доштани ҳудуд яке аз аломатҳои асосии давлат ба шумор рафта, аҳолӣ ва қудрати сиёсӣ дар заминаи он қобили амалкард мебошанд. Он аз ҷиҳати геологӣ литосфераи давлат аст. Аз ин дидгоҳ дар заминаи чи гуна будани шакли қаламравии давлат картополитикаи давлат дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо мешавад. Ҳадаф аз ин гуфтаҳо баҳри он аст, ки он муборизаҳои солҳои 20-уми асри ХХ ба ташаккули морфополитикаи Тоҷикистон мусоидат намуд. Гарчанде ки он фарогири ҳудуди Сомониён набуд, вале ба ҳар ҳол барои ҳифзи ҳастии миллӣ-сиёсии тоҷикон арзишманд аст. Он фурсати охирин ва шанси сиёсии тоҷикон буд. Он тавонист, ки бо фаъолияти усутуворона, исроркорона ва ҳадафмандонаи миллӣ ба ҳифзи ҳудудҳои тоҷикзамин мусоидат намояд. Дар натиҷа фаъолиятҳои якчандсола Тоҷикистон аз мақоми мухтор ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфта, дар заминаи ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳо морфополитика ва ё картополитикаи Тоҷикистон ташаккул ёфт, ки он аз нигоҳи геосиёсӣ ва касби давлатлории миллӣ барои тоҷикон мубрамияти махсус дорад. Бо гузашти вақт қурб ва қудсияти он бештар эҳсос карда мешавад. Маҳз дар роҳи шаклгирии ҳудудии Тоҷикистон ё морфополитикаи он саҳми Н. Махсум ва Ш.Шоҳтемур асосӣ аст. Чун бе ҳудуд таъсиси ҳеҷ кишваре имкон надорад. Бузургони миллати тоҷик бо талоши худ ин корро барои насли баъдӣ анҷом доданд, ки кори эшон зарурат ба эҳтирому шинохти вижа дорад.
Ба давлат расидани тоҷикон агар ба манфиати миллӣ ва сиёсати роҳбарияти шуравӣ бар асли худмуайянкунии миллӣ мувофиқ бошад, вале симои дигари тавтиа чунин иқдомҳои миллиро падидаи аксулинқилобӣ мехонданд. Дар воқеъ ҳадафи сиёсати ҳукмрон ба ҷониби дигари ғаразҳо нигаронида шуда буд. Ҳамин тавр баъди гузашти як даҳсола, ҳодисаҳои «табартақсим» нухбагони миллии тоҷик, шахсоне ки дар саромади таъсиси Тоҷикистон қарор доштанд бо як ҳолати махсус нобуд карда шуданд. Дурустараш, аввал онҳо (Н. Махсум ва Ш. Шоҳтемур) парронда, баъдан сузонида ва хокистари онҳо дар қабри дастаҷамъӣ партофта шудааст. Ҳолати мазкур хеле ҳузнангез аст, агар дар рагҳои хун як номуси миллӣ-тоҷикӣ ва дар қалбу сар дарк ва фаҳми миллӣ бошад, манзараи нави шинохт шакл мегирад.
Ба хокистар табдил додани ҷасадҳои ин фарзандони ҷоннисори миллат танҳо ба хотири он буд, ки онҳо ҳастии миллати тоҷикро тавассути воҳиди сиёсӣ – Тоҷикистон барои ҳамеша ҳифз намуданд. Онҳо ҷурми дигаре ба ҷуз аз ин надоштанд. Онҳо ба истиқболи марг рафтанд, то тоҷик поянда дар ҷаҳон боқӣ монад. Аз ин дидгоҳ чун имрӯз мо соҳиби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва корнамоии онҳоро қадр мекунем, онҳо низ ҳастӣ доранд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2006 ба фарзандони баруманди халқи тоҷик Нусратулло Махсус ва Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд, ки иқдоми мазкур рӯҳи ин бузургонро шод ва рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллии мардуми тоҷикро мустаҳкам мегардонад.
Баъди сипарӣ гардидани 20 сол дар соли 2026 бо иқдоми махсуси ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушки хок аз қабри ин бузургон, ки дар Русия воқеъ аст, ҳамчун рамзи эҳтиром ва пайванд кардани хоки турбати эшон ба хоки аҷдодӣ ба кишвар оварда шуд. Бо эҳтиром ба арзишҳои эътиқодии мардум ва ба хотири ба шаҳодат расидани онҳо дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллию этиҳодии мардум, эҳтиром ба диёнати онҳо маросими ҷанозаи рамзӣ ба хоки турбати онҳо ва дафни онҳо анҷом дода шуд. Ин падида миллият ва диёнати тоҷиконро инъикос намуда, аз тоҷики мусулмон будани онҳо ёддовар мешавад.
Маврид ба зикри хос аст, ки ин ҷасадпарастӣ нест, зеро иқдоми мазкур имкони охирини эҳтиром ба онҳост. Насли ҷавони кишвар ва мардум инро бояд дарк кунанд, ки Ватан фарзандони бонангу номуси худро ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунад ва дар ҳамон як мушки хок агар як унсури миллӣ бошад, зарурат ба ҳурмат дорад. Зеро он хоки турбати касоне ҳаст, ки вуҷуди онҳо боиси ҳифзи ҳастии миллии тоҷикон ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Корнамоии онҳо дар равандҳои истиқлолиятхоҳии солҳои 90-уми асри ХХ мусоидати фаъол намуд. Бинобар ин онҳо намемиранд, бо умри Тоҷикистони азиз бақои онҳо такмил гардида, ҷовидном боқӣ мемонанд.
Карим К.Н сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон