(Тоҷикӣ) СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА УСТУВОРИИ ИҚТИСОДӢ

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 28 майи соли 2026, дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи семинарҳои омӯзишӣ, ки ба баланд бардоштани маҳорати таҳлилии мутахассисони ҷавон равона шудааст, семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Таҳлили масъалаҳои таъмини устувории иқтисодӣ дар шароити номуайянии стратегӣ” бо иштироки кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Семинарро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода баргузор намуда, дар бораи моҳият ва аҳамияти таъмини устувории иқтисодӣ дар шароити таҳаввулоти муосири ҷаҳонӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва тағйирёбии босуръати муҳити байналмилалӣ, аз ҷумла шиддат гирифтани рақобатҳои сиёсии глобалӣ, таҳримҳои иқтисодӣ, буҳронҳои молиявӣ, тағйирёбии иқлим, таҳдидҳои киберӣ, ноустувории бозорҳои ҷаҳонӣ ва халалдоршавии занҷираҳои таъминот масъалаи таъмини устувории иқтисодӣ ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар чунин шароит нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ на танҳо омили рушди миллӣ, балки шарти муҳимми таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мушкилоту таҳдидҳои ҷаҳонӣ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ тавонист заминаҳои муҳими рушди устувори иқтисодиро фароҳам оварад. Дар ин раванд нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ гардид. Маҳз сиёсати дурбинона ва стратегияи рушди миллӣ имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар баробари таҳдидҳои муосир суботи иқтисодию иҷтимоиро ҳифз намояд.
Дар идомаи семинар иброз гардид, ки татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди инфрасохтори стратегӣ, ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян шудаанд. Бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар марҳила ба марҳила амалӣ гардида, барои таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки дар шароити номуайянии стратегӣ роҳбарияти олии кишвар ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, рушди технологияҳои муосир, дастгирии соҳибкорӣ ва ташаккули иқтисоди инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, сохтмони роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ ва корхонаҳои саноатӣ барои тақвияти иқтидори иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар анҷоми семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба роҳҳои таҳкими устувории иқтисодӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон