(Тоҷикӣ) ДАР БИШКЕК ФОРУМИ МАРКАЗҲОИ ТАҲЛИЛИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ БАРГУЗОР ГАРДИД

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

21–22 майи соли 2026 дар шаҳри Бишкек Форуми марказҳои таҳлилии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд, ки онро Институти миллии ташаббусҳои стратегӣ назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил намуд.

Форум ба яке аз майдонҳои муҳими байналмилалии коршиносӣ табдил ёфт, ки ба баррасии нақши СҲШ дар шароити тағйироти босуръати низоми ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ ва ташаккули меъмории нави муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда буд.

Дар кори форум намояндагони марказҳои  таҳлилӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва стратегӣ аз ҳамаи даҳ давлати аъзои СҲШ — Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Покистон, Эрон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Федератсияи Россия, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои байналмилалӣ, дипломатҳои хориҷӣ ва коршиносон иштирок намуданд.

Дар кори форум ҳамчунин муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода ва сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Шералӣ Ризоён иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Бояд қайд намуд, ки дар доираи форум ҷаласаи пленарӣ ва чор нишасти мавзӯӣ баргузор гардиданд, ки дар ҷараёни онҳо иштирокчиён масъалаҳои муҳимтарини рушди фазои Созмони ҳамкории Шанхай-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон