(Тоҷикӣ) ДАР БИШКЕК ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД
21 майи соли 2026 дар шаҳри Бишкек дар доираи Форуми марказҳои таҳлилии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Ёддошти тафоҳум байни Институти миллии ташаббусҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Ин санад ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва коршиносӣ байни ду маркази таҳлилӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин густариши табодули таҷриба ва иттилоот оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн равона шудааст.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро бар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, манфиати мутақобила ва эҳтироми қонунгузории миллӣ рушд диҳанд. Ёддошт баргузории конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва мулоқотҳои коршиносон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ, инчунин мубодилаи маводи таҳлилӣ ва адабиёти илмиро пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин ба рушди робитаҳои устувори касбӣ байни ҷомеаҳои коршиносии ду кишвар ва ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон